Кабирӣ барои пулу сарват Ватанро фурӯхт!

Мардуми шарифи Тоҷикистон дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта ҳангоми ба майдонҳо рехтани наҳзатиён аз ҳадафҳои нопоки онҳо низ огаҳӣ пайдо карда буданд. Онҳо бо шиору овезаҳо ба майдон баромада, ба инқилобу дигаргунсозии ҳукумат даъват менамуданд. Дар охир ба орзуи бади хеш расида, боиси ғаму ғурбати сокинони осоишта гаштанд.

Имрӯз низ боқимондаи онҳо бо кӯмаку дастгирии хоҷагонашон мардуми оддӣ ва ҷавононро даъват намуда, баъзеи онҳоро гумроҳ сохта истодаанд. Аммо ҷавононро бояд ҳушдор дод, ки ақли солимро пешаи худ кунанд ва фирефтаи ҳар гуна ваъдаҳои хоинону лекторҳои ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро нашаванд.

Зеро терроризм ва ифротгароӣ ба як муаммои мубрами рӯз табдил ёфта, ҳамаи мардуми сайёра зидди он мубориза бурда истодааст. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки маърифати ҳуқуқӣ, ҳуввияти миллӣ, масъулияти волидону омӯзгорон дар тарбияи насли наврас рӯз аз рӯз баланд гардида, мардуми шарафманди мо барои пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, ҷинояткорӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва тақлиди фарҳанги бегона дастаҷамъона мубориза бурда, намегузоранд, ки ягон ашхоси бегонапараст сулҳу оромии Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро халалдор созад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки солҳои тӯлонӣ роҳбарияти ҲНИ ҷавононро ба ҳар роҳу восита ба худ ҷалб намуд ва имрӯз низ кӯшиши аҳриманона дорад. Ҷавонони гумроҳро ба хотири амалӣ намудани нақшаҳои хеш истифода мекунад. Аммо баъзе аз ҷавонони мо ба гуфтаҳои онҳо бовар карда, барои нооромии кишвари хеш монеаҳо эҷод кардан хостанд.

Ҳамаи мақомотҳои қудратии Тоҷикистон баҳри пешгирии ин омил тадбирҳои зарурӣ андешида, барои аз байн бурдани он кӯшиши ҳамешагӣ доранд. Маҳз, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» волидонро дар таълиму тарбияи фарзанд вазифадор мекунад. Барои посдории фарҳанги миллии аҷдодиамон ҳар яки мо, сокинони ватандӯсту худогоҳ бояд кӯшиш ба харҷ диҳем.

Сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати кишварро, ки барои ободониву шукуфоии кишвари соҳибистиқлоламон равона шудааст, содиқона ҷонибдорӣ намуда, бо ҷону дил барои гулгулшукуфии ватанамон хизмат намоем. На ин, ки мисли Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш дар хаёли пулу сарват ва дигар манфиатҳо зидди миллати хеш муаммоҳо эҷод кунем. Зеро барои онҳо на Модар, на Ватан қадр дораду на ягон муқаддасоти дигар. Амалҳои онҳо бозгӯи он аст, ки намояндагону аъзоёни ин ташкилоти экстремистӣ - террористӣ аз ҷумлаи афроди тафриқаандозанд.

Лоиқ Тӯйчиев,
ноҳияи Деваштич

Add comment


Security code
Refresh