Наҳзатиён бо худнамоӣ рӯяшонро сиёҳ мекунанд

Мардуми тоҷик сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои расидан ба сулҳу суботи комил ва амнияту шукуфоии Ватани азизамон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Ояндаи миллати кӯҳанбунёди тоҷик дар дасти ҷавонон аст. Вале дар ҷомеа нафароне низ ҳастанд, ки пешравию шукуфоии кишвари азизамонро дидан нахоста, амнияту субот ва осудагии кишварро халалдор мекунанд.

Боиси таассуф аст, ки бархе аз ҳамватанон бо кӯмаки аҷнабиён барои ноором кардани вазъияти дохилии кишвари худ кӯшиш намуда, ба номи миллати тоҷик ва наздикону пайвандонашон доғ меоранд, волидайн ва аҳли байти хешро дар назди халқу миллат сархаму шарманда месозанд.

Яке аз сабабҳои ба гурӯҳҳои тундрав шомил гаштани бархе аз ҷавонон нокифоя будани дониши илмиву дунявӣ, сиёсӣ ва номукаммал фаҳмидани дин аст. Агар шахс дар ҳадди зарурӣ дониши илмиву дунявӣ ва ё фаҳмиши мукаммали динӣ дошта бошад, ҳеҷ гоҳ мутеи фикру ақидаҳои дигарон нахоҳад шуд.

Дар муқобили терроризму экстремизм аз ватандӯстӣ ва инсондӯстӣ дида қувваи бузурге нест. Пеши эҳсоси бегонапарастиву инсонбадбинӣ ва даҳшатафканиро маҳз ҳамкории аҳли илму маърифат, волидайн ва уламои дин гирифта метавонанд. Барои ин мо бояд ҷавононро дар рӯҳияи инсондӯстиву ватандӯстӣ тарбия намоем. Онҳоро тавре тарбия намоем, ки аз терроризму ифротгароӣ ҷилавгирӣ намоянд.

Терроризм дар асри ҷаҳонишавӣ аз насли бесаводу бефаросат ҳамчун бозичаи дастӣ истифода мебарад. Агар назар афканед, як одами бесаводу ҷоҳил на танҳо гузаштаро намедонад, балки ояндаро ҳам тасаввур карда наметавонад, танҳо бесаводона дастур иҷро мекунад. Аз ин нуқтаи назар одами босавод ҳатман ватандӯст ва инсондӯст ҳам ҳаст. Тарбияи насли босавод, ки эҳсоси ватандӯстӣ ва инсондӯстӣ дошта бошад, омили пешгирии шомилшавии ҷавонон ба равияҳои номатлуб аст.

Воқеан, имрӯз дар муқобили ҳодисаҳои мудҳише, ки аз ҷониби гурӯҳҳои террористию экстремистӣ анҷом дода мешаванду боиси ҳалокати ҳазорон одамон мегардад, барои саводнок шудани ҷавонон, алалхусус, аз ҷиҳати сиёсӣ, ҷаҳду талош бояд кард. Зеро то ҷамъият аз ҷаҳлу бесаводӣ берун наояд, то фарҳангу фаросату инсондӯстӣ боло нагирад, мубориза бо терроризму ифротгароиву вайронкорӣ натиҷаи дилхоҳ нахоҳад дод.

Баъзе ҷавонон бо сабаби ноогоҳии сиёсӣ ва надонистани ҳувияти миллӣ, эҳсоси ватандӯстию инсондӯстӣ оқибати рафтори худро дарк накарда, ба ин роҳ мераванд ва ба Ватану миллат хиёнат мекунанд.

Бояд донист, ки нафарони ба гурӯҳи террористӣ ва экстремистӣ шомилгашта роҳи наҷот надоранд ва қурбони дасисаҳои хоҷагонашон ҳастанд ва номи ин ашхос ҳамчун хоини Ватан дар саҳифаҳои таърих бо ҳуруфи сиёҳ сабт хоҳад шуд.

Замоне фаро расидааст, ки қатъи назар аз гуногунии ақидаҳои сиёсӣ ва динию мазҳабӣ дар амри пешгирӣ аз хатарҳои экстремистӣ ва терроризм баҳри саодати мардум, ободии хонаву дар ва ҳифзи Ватани азизамон ҳаммаром бошем.

Наҳзат ва наҳзатиён аз он меҳаросанд, ки симои зишташон пешорӯи мардум намоён гардаду имкони ба арсаи сиёсӣ по гузоштан ва қудратманд шуданро аз даст диҳанд. Ин аст, ки бо таърифу тавсифҳои бебунёд, худнамоиву риёкорӣ, авомфиребӣ ҷавононро ба доми фиребу найранг ва роҳҳои бад мекашанд.

Бояд мо бар зидди ин ифротгароён мубориза барем. Бо ҷавонон бештар оид ба зиён ва амалҳои зишти гурӯҳҳои манфиатҷӯй суҳбатҳо доир намуда, ҳангоми машғулиятҳо дар бораи мафкураи вайрони ин гурӯҳҳои ифротгаро маълумот диҳем.

Давлатмаҳмад Давлатов,
Қурбон Азизов,
 устодони Донишкадаи
кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯcтон

Add comment


Security code
Refresh