Муборизаи муштарак – алайҳи терроризм

Ҳизби имрӯз мамнӯъгаштаи наҳзати исломӣ баъди ташкилёбиаш танҳо як мақсад дошт - ғасби ҳокимият, сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва давлатдорӣ, барпо кардани давлати исломӣ. Барои ноил гаштан ба ин мақсади ғаразноки худ аз номи дини Ислом баромад намуда, давлати тинҷу оромро ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд.

Терроризм ҳамчун зуҳуроти хатарзо солҳост ба амнияти ҷомеа ва ҷони инсонҳо таҳдид намуда, қурбониҳои зиёдеро ба миён овардааст. Ҳарчанд ин вабои аср аст, дар гузашта низ домангири ҷомеаи инсонӣ буд, вале охири асри ХХ дар ҳошияи равандҳои ҷаҳонишавӣ босуръат ташаккул ёфта, ба яке аз хатарҳои мудҳиштарин табдил ёфт.

Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори ҳалли масоили глобалӣ аз минбарҳои бузурги байналмилалӣ ҷомеаи ҷаҳониро аз паёмадҳои даҳшатбори терроризму ифротгароӣ ҳушдор дода, ҳамагонро ба муборизаи муштарак алайҳи ин зуҳуроти номатлуб даъват намудааст.

Таассуфовар аст, ки гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ дини мубини Исломро барои худ сипар карда, амалҳои ғайриинсониро анҷом медиҳанд. Ҳол он ки Ислом дини тақво, инсофу адолат, сулҳу амният, ахлоқи ҳамида ва талқингари маънавиёти воло аст.

Аз ин рӯ, доираҳои гуногуни ҷомеаро зарур аст, ки дар баробари ниҳодҳои марбутаи давлатӣ ба кори таълиму тарбия ва камолоти маънавии насли наврас саҳмгузор бошанд. Ҳамагон бояд тавассути ба роҳ мондани тарғиби арзишҳои сулҳу ваҳдати миллӣ ва худшиносии миллӣ ба эҷоди мафкураи зиддитеррористӣ талош варзем, дар ҳифзи фазои амнияту осоиштаги кишвар ва саодати насибгаштаи рӯзгорамон даст ба кор бошем.

Ба қадри дастовардҳои Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ бирасем ва онҳоро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Муқаддас Мирзохӯҷаева,
донишҷӯи Донишгоҳи
 давлатии Хуҷанд ба
 номи академик
Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh