Эҳсоси масъулият

Дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат

Тарбияи дурусти фарзанд яке аз ҷузъҳои муҳими фардосоз ва масъулияти волидайн аст, ки оянда аз ҳар гуна бадбахтиҳо ҳифз менамоянд. Духтарон дар оянда дар мақоми модарӣ, ҳамсарӣ ва мудирияти хона қарор мегиранд. Бояд аз донишҳои зарурӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ бархурдор, яъне рӯҳу равонаш ба гунае тарбият ёфта бошад, ки дар оянда беҳтарин модар ва хубтарин ҳамсар гардад. Модарони соҳибақл хуб дарк мекунанд, ки ҳама гуна тарбия аз адои ҳаққи Худованд шурӯъ мешавад.

Пӯшида нест, ки баъзе ҷавондухтарони гумроҳу аз тарбия фарсахҳо дурмонда ба ташкилотҳои террористӣ пайваста, дар муҳорибаҳои кишварҳои ҷангзада ширкат меварзанд. Қисми дигари ба доми фиреби ифротгароён ва бадхоҳони миллат афтода, ҷонибдори ташкилоти террористии ҳизби наҳзат гаштаанд.

Дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат Президенти кишвар эълон доштанд:

«Занонро ҳамчун чароғи оила, нерӯи созандаи ҷомеа ва ҳимоятгару идомабахши анъанаҳои миллӣ дастгирӣ менамоем ва дар сохтору мақомоти давлатӣ сафи онҳоро бештар мегардонем». Модаронро лозим аст, ки аз ин иқдоми падаронаи Сарвари давлат қувваи тозаву илҳом гирифта, ба тарбияи равониву фарҳангӣ, динию иҷтимоии фарзандон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.

Беҳтарин модарон онҳое ҳастанд, ки духтаронашонро аз нофармонӣ дар муқобили шавҳар боз доранд, ба зиндагии ширин умедвор созанд.

Рози зиндагии занушӯии хешро ба дигарон гуфтан эътимоди байни зану шавҳарро аз байн хоҳад бурд. Ихтилофу нофаҳмиҳои хонаводагии худро ба дугонаҳо ошкор кардан бузургтарин айб аст.

Модар шахси муқаддас аст. Вақте симои модар пеши назар меояд, аз чашмони ӯ, аз тамоми ҳастиаш нур меборад, роҳи ояндаи ҳаётро равшан месозад. Дар яке аз суханрониҳои худ Пешвои миллат барҳақ қайд намуда буданд:

«Бо сиришти поки инсонӣ, фазилати накӯгавҳарӣ занон фарҳанги ҷомеаи моро пеш бурда, дар он тухми ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро кошта, онро пояндаву устувор ва ҷовидонаву давомнок нигаҳ медоранд».

Набихон ЯРҚУЛЗОДА,
имомхатиби масҷиди ҷомеи Ҷамоати деҳоти
Шаҳраки шаҳри Исфара

Add comment


Security code
Refresh