Сабукандешӣ пушаймонӣ меорад!

Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани Ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстремизм, терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муаррифӣ набояд кард. Зарур аст, ки ба истифодаи Ислом бо чунин мақсадҳои зишт роҳ дода нашавад ва ҷинояткорону ифротгароён барои амалҳои ҷинояткоронаашон дар назди қонун ҷавоб гӯянд. Ин таъкид аз он хотир аст, аксарият нуктаи асосии пайдо шудани ифротгароиро ба дин рабт медиҳанд.

Бо вуҷуди он ки дар замони муосир қувваҳои манфиатдор бо истифода аз усулҳои технологӣ шакли таъсиррасонии худро васеъ намуда, даҳҳо шабакаҳои иҷтимоиро ҳамчун василаи сода ва арзони муошират истифода менамоянд, дар баробари ин бо чанг задан ба эҳсоси мардум ҳамагуна ҳадафу ҳаракати худро бо дин омехта мекунанд.

Имрӯз коршиносон ба ин назаранд, ки ба доми террористӣ бештар ҷавонони муҳоҷир ҷалб мешаванд. Барои ҷалб кардани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ ба таври васеъ истифода мебаранд. Аз ҷумла барои ҷалби ҷавонони минтақаи Осиёи Марказӣ сомонаҳои мухталифи интернетӣ воситаи асосӣ мебошанд.

Имрӯз мутаассифона, ин зуҳурот ба як масъалаи асосии башарият табдил ёфта ҳамчун вабои аср муаррифӣ мешавад. Аз ин рӯ дар тамоми кишварҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон тамому неруву ҳастӣ барои пешгирии он ва таъмини амнияту осоиштагии мардуми мамлакат равона шудааст.

Сабабҳои асосии ба ин гурӯҳҳо пайвастани шаҳрвандон, хусусан ноболиғон ва ҷавонон паст будани маърифати ҳуқуқӣ, динӣ, ҷой доштани камбудиҳои ҷиддӣ дар кори таълиму тарбия дар оила ва ҷомеа мебошад. Хусусан, беназорат мондани ҷавонон, истифодаи ғайримақсадноки расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ сабабҳои дигаре мебошанд, ки ташкилотҳои террористиву экстремистӣ бо истифода аз онҳо ба паҳн кардани ҳар гуна наворҳои махсус ва сабтҳои таблиғотии шахсони алоҳида ва зархаридони хориҷиро паҳн менамоянд.

Боиси хурсандист, ки ҷавонони имрӯзаи Тоҷикистон ба хубӣ  дарк кардаанд, ки имрӯз аз дирӯз ва фардо аз имрӯз бояд беҳтар бошад. Онҳо рисолати таърихии худро дар пайи сиёсатҳои  хирадмандонаву созанда ва ободкоронаи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амиқ дарк карда, дар фикри ободию сарсабзии кишвар, ҳимояи марзу буми он ҳастанд ва барои расидан ба ҳадафҳои стратегии рушди иқтисоди кишвар ва ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ камари ҳиммат бастаанд.

 Д.РАҲИМОВА,
Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон,
шаҳри Бӯстон

Add comment


Security code
Refresh