Нақшаҳои ғаразноки Кабирӣ дар хориҷа

Аз рӯзе, ки ҲНИ-ро медонем, дар радифаш ҷангу балво, иғвою ифрот, низову фитна ва фисқу фасодро мебинем. Ҳамчун як фарди ҷомеа бо мақсади эмин нигоҳ доштани фазои ороми Тоҷикистон, тинҷиву якпорчагии он масъалаи расман қатъ гардидани фаъолияти минбаъдаи ҲНИ-ро бамаврид мешуморам.

Мардуми тоҷик мусулмони асиланд аст ва ба дини мубини Ислом на бо ҳизб ё гурӯҳбозӣ, балки аз сидқи дил имон доранд. Зарурати минбаъд фаъолият бурдани ТЭТ ҲНИ заррае ҳам зарурат надорад. Имрӯз, ки роҳбарияти ин ҳизби бенангу номус аз хориҷи кишвар истода  бо фитнаҳои сиёсии худ боз дубора мехоҳад ба сари мардуми кишвар нокомӣ орад, ҳеҷ гоҳ ба мақсади худ нахоҳад расид.

Аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ин ҳизб бо роҳҳои гуногун мардумро кишварро гумроҳ намуда, бо омода сохтани душманон ва силоҳбадастони хунхор машғул буд. Ҷангиёни худро баҳри гирифтани таҷриба ба ҷангҳои дохилии мамлакатҳои Сурия ва Ироқ раҳсипор намуд. Фаъолияти роҳбарияти ҳизб ғайр аз омода намудани шогирдони нохалафи худ дар онҳо ҷой додани ақидаҳои ифротӣ мебошад.

 Илова менамоем, ки минбаъд барҳам додани фаъолияти ин ҳизб аз ҷониби мардум хеле хуб пазируфта шуд. Агар эшон дар худ ҷасорати бештар медоштанд, метавонистанд бо номи дигар рақобати сиёсӣ намоянд. Аммо таърих исбот намуд, ки мақсади онҳо на пешбурди ҷомеа, балки фитнаангезӣ ва ба даст даровардани мансаб ва ҳокимият буду халос.

Имрӯзҳо, ки роҳбари ҲНИ дар хориҷи кишвар қарор дорад, кӣ медонад, ки боз чӣ нақшаҳоро роҳандозӣ карда истодааст? Мақоле ҳаст, ки «Кӯр як бор ба чоҳ меафтад». Тоҷикистониён дигар бо Кабирӣ ва ҳизби худхоҳу хунхори ӯ бовар намекунанд. Дар ягон ҷумҳурии собиқ шуравӣ ҳизбе бо унвони исломӣ фаъолият ва ё арзи вуҷуд надорад.

Имруз Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷи кишвар нақшаҳои ғаразноки хешро бо дастгирии хоҷагони худ тарҳрезӣ намуда, ба сулҳу суботи кишвари азизамон мехоҳад халал эҷод намоянд. Бояд зикр намоям, ки мардуми тоҷик чунин сӯистифода аз боварҳои диниро пушти сар кардаанд ва намехоханд ба хотири кадом як охунди мансабталабу чоҳхоҳ такдири дину миллати худро ба гарав гузоранд.

 Мо - мардуми тоҷик на бо гурӯҳбозии бемаънӣ, балки бо ҳифз намудани истиқлолияти кишвар машғулем.

F.САНАВВАРОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес  ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh