Экстремизм ва терроризми динӣ - мазҳабӣ

Ифротгароии динӣ натанҳо хатари миллию минтақавӣ, балки фаромиллӣ ва глобалист. Муборизаи муташаккилона бо ин «вабои аср» қарзи шаҳрвандӣ ва инсонии мардуми солимақли сайёра маҳсуб меёбад. Мардуми тоҷик таъми заҳрогини ҳаводиси солҳои навадуми садаи бистро чашида, анвои гуногуни ифротгароӣ ва тундравии динию мазҳабиро бо чашми сар дидааст. Ин амали ғайриинсонӣ моро бори дигар ҳушдор медиҳад, ки дар замони ҷаҳонишавӣ башарият бо душмани умумие рӯ ба рӯст, ки номаш ифротист.

Муборизаи дастаҷамъонаи беамон бар зидди ин «вабои аср» бояд моро муттаҳид созад. Ҳар қадар дар ҷомеа ҷаҳлу зулм ҳукмрон бошад, ҳамон қадар бенизомию беадолатӣ реша давонида, гурӯҳҳои махсусе таҳти пӯшиши хадамоти ҷосуси ҷавононро дар доираи дину мазҳаб мағзшӯӣ ва барои анҷоми амалиёти даҳшатафканӣ ва таҳрибкорӣ сафарбар менамоянд. Дар макотиби олӣ фанни диншиносӣ ҷорӣ карда шудааст, ки  мақсади асосӣ ва ниҳоии он бедор ва огоҳ сохтани ҷавонон аз ҳодисаи номатлуб маҳсуб мешавад. Ба умеди дигарон набояд шуд.      Онҳо ҳеҷ гоҳ дар фикри муҳитсозӣ нестанд, баръакс, бар он манфиатдоранд, ки муҳити фарҳангӣ ва тафоҳуми миллию мардумӣ вуҷуд надошта бошад.

Одатан, ҷавонон аз лиҳози зеҳнӣ ва ақлонӣ осебпазиртар буда, зуд ба ин ҷараёнҳо ҷалб мешаванд. Дар зеҳни онҳо, ки тозаю покиза аст, хурофот пур карда мешавад ва азбаски сахт ҳассосанд, шефтаи ақоиди бебунёд мешаванд. Аксари мусулмонони дунё аз назари огоҳӣ ва иттилоъ, маърифат ва биниш ақибмонда буда, донишу биниши онҳо бештар рӯйи эҳсосу тасаввурот қарор дорад.

Қобили тазаккур аст, ки тамоми динҳо покизагӣ, ростгӯӣ, амали некро тарғиб дошта, дар асоси се зинаи тафаккури ахлоқӣ - пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек устувор гаштааст. Бозӣ кардан бо зеҳни насли ҷавон,  мутаассибон ва эҳсосоти мардуми хурофотӣ аз мушаххасоти кори хадамоти махсус маҳсуб меёбад. Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолият ва ҷомеаи худро аз паёмади манфӣ эмин нигоҳ дорем.

М.МИРЗОАҲМЕДОВ,
устоди кафедраи математикаи олӣ ва информатика

Add comment


Security code
Refresh