Тоҷикистон барои ҷаҳон намунаи хубест

Ҷумҳурии Тоҷикистон аввали солҳои 90-уми асри XX ба амалҳои сиёсии ислоҳотгарони исломӣ дучор шуда буд. Дар он вақт қувваҳои терроризми байналмилалӣ ва ифротгароён мамлакати моро ба саҳнаи озмоиши вокеаҳои зиддиинсонӣ табдил доданд. Ҳадафу нақшаҳои ғаразноки онҳо бо роҳи зӯрӣ ва қатлу куштор ба сари мардум таҳмил кардани фарҳанги бегонаву тафаккури асримиёнагӣ ва дар Тоҷикистон таъсис додани давлати исломӣ буд.

Иҷрокунандагони ин амалиёт аъзоёни ТЭТ ҲНИ буданд. Дар натиҷаи бесарусомониҳо ва ҷанги шаҳрвандӣ садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон кушта ва беш аз як миллион нафар мардуми осоишта фирорӣ гардиданд. Вале халқи тоҷик дар асоси тамаддуни баланд ва фарҳанги қадимаи хеш муколамаи васеъро ба роҳ монда, сулҳу субот ва Ваҳдати миллиро таъмин кард. Иродаи қавии мардуми мо ба сулҳу субот ва созандагиву бунёдкорӣ боис гардид, ки пеши роҳи амалҳои террористону ифротгароёни дохилӣ дар кишвари тозаистиқлоли мо гирифта шавад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, (шаҳри Душанбе, 4 майи соли 2018) дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон пурзӯр кардани ҳамкориву шарикиро барои таъмини суботу амнияти фарогир тавассути андешидани иқдомҳои муштарак дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии онҳо ҳамчун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хатарнок муҳим арзёбӣ карданд.

Дар ин конфронс меҳмонон аз хориҷи кишвар қайд карданд, ки фидокориву мардонагии халқи тоҷик дар ҳимояи марзу бум ва арзишҳои фарҳангу тамаддуни қадимаи хеш, иродаи қавии мардум ба сулҳу субот ва созандагиву бунёдкорӣ боис гардид, ки пеши роҳи амалҳои террористону ифротгароёни дохиливу хориҷӣ дар кишвари тозаистиқлол  гирифта шавад.Дар суханронии вазири корҳои хориҷии  Ҳиндустон Шри М. Ҷ. Акбар ин масъала пурра инъикоси худро ёфт: «Мо бояд Президент Эмомалӣ Раҳмон, қудрати қувваҳои амниятии ӯ ва рӯҳияи мардуми тоҷикро барои роҳ надодан ба табдилёбии чолиши хатарнок ба фоҷиаи идоранашаванда, ки талафоти зиёд диданд, табрик намоем».

Ба ақидаи вазир ҷанги дарозмуддатро бар зидди терроризм мебояд дар се ҷанба бурд. Дар байни онҳо аз ҳама муҳимтараш ҷанбаи дуюм мебошад. Ин майдони ҷанг дар шуур аст, ки дар он тухми ифротгаро шудан бо инкори зиёд аз ҷониби шахсони ба гумроҳӣ оваранда, ки худро ҳамчун роҳбар мешуморанд, кошта мешавад. Канорагирӣ, гузашт ва ҳатто овози паст танҳо терроризмро бардурӯғ сафед мекунанд. Дар ин масъала ҷаноби вазир пешниҳод менамояд, ки аз таҷрибаи мизбонон босамар истифода шавад.

Хулоса, гирифтани хусусияти сиёсӣ ва глобалии хатари терроризм ва ифротгароӣ ҷиддан тақозо менамояд, ки муборизаро бар зидди ин вабои аср пурзӯр намоем. Мамлакатҳои олам дар арсаи мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва киберҷиноятҳо шарики табиии якдигар бояд бошанд ва ба гуфти Президенти Федератсияи Русия «он чизе, ки дар Тоҷикистон мегузарад, барои тамоми кишварҳо намунаи хубест».

Равшан УСАНОВ,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Б.Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh