Ташаккули таҳаммулпазирӣ – омили солимии афкор

Қонунияти рушди ҷомеа бо наздикшавии ногузири кишварҳо, таҳкими ҳамкорӣ, таъсири мутақобилаи онҳо ба самти ҷаҳонишавӣ, ҳамгунсозии ҳамаи соҳаҳо, хусусан, маориф тавсиф мешавад. Рушди таҳаммулпазирӣ имрӯз ба талаботи айнии замони муосир табдил меёбад, зеро ба ҳалли вазифаи мураккаби тайёр кардани ҷавонон ба ҳаёт дар муҳити бисёрфарҳангӣ, амалӣ гардонидани муколамаи фарҳангҳо ва таъсири байнифарҳангҳо маҳз ба дӯши соҳаи маориф вогузор мегардад.

Маълум аст, ки ташаннуҷи иҷтимоии даҳаи охири қарни ХХ ва оғози садаи ХХI боиси инкишофи вазъияти номусоид дар ҳамаи соҳаҳои муносибатҳои иҷтимоӣ гардид. Тасодуфӣ нест, ки ҳанӯз соли 1995 ЮНЕСКО эъломияи принсипҳои таҳаммулпазириро қабул карда буд, ки эҳтироми байниҳамдигарӣ, эътидол дар муносибатҳои байналмилалӣ, тадбирҳо оид ба даст овардани сулҳу ризоият дар байни халқҳоро дар бар мегирад.

Масоили таҳаммулпазирӣ дар зиндагии мардуми тоҷик, пеш аз ҳама, бо зарурати рафъи ҳар  гуна парокандагӣ, аз ҷумла, парокандагии сиёсӣ, иҷтимоӣ, маҳаллӣ ва мазҳабӣ марбут аст. Бинобар ин, ташаккули таҳаммулпазирӣ чун яке аз роҳҳои рафъи ҳаракатҳои иҷтимоӣ дар мадди аввал қарор дорад. Таълими таҳаммулпазирӣ мумкин аст дар асоси маърифати фарҳангии халқҳои гуногун амалӣ гардад ва барои тафоҳуми мутақобила замина фароҳам оварда, мавқеи ҳамкории судбахши мутамаддинро таҳким бахшад ва бо ин роҳ ба суботи иҷтимоии байни миллатҳо мусоидат намояд.

Таҳаммулпазирӣ ва рафтори таҳаммулпазирона қобилияти бо тамоми одамон новобаста аз миллату мазҳаби онҳо ё фарқи онҳо аз мо аз ягон ҷиҳат барқарор кардану инкишоф додани муносибатҳои неку хайрхоҳонаро ифода мекунад. Он барои амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои инсон ва ноил шудан ба сулҳу осоиш зарур аст.

Дар «Консепсияи миллии тарбияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр шудааст, ки: «Таҳаммул ва тоқатпазирӣ аз эҳтироми ақидаи дигарон ба миён меояд. Шахс бояд ба ҳамсӯҳбат ва мунаққиди худ тоқатпазир бошад. Ба сухани дигарон, ки аз ақидаи ӯ фарқ мекунад, ботаҳаммул гӯш дода тавонад. Тоқатпазир будан яке аз сифатҳои мусбати муносибати башардӯстона доштан ба шаҳрванд ва омили асосии пешгирӣ кардани низоъҳои эҳтимолии дар байни шаҳрвандон ба амалоянда мебошад».

Ғояҳои таҳаммулпазирӣ дар фарҳанги халқи тоҷик аз қадимулайём ҷойгоҳи махсус  дорад. Аз нуқтаи назари ислом таҳаммулпазирӣ шарти асосии нигаҳдории сулҳ аст. Сулҳу осоиш бошад, дар навбати худ шароит ба вуҷуд меорад, ки одамон принсипи таҳаммулгароиро чун дастурамали муносибати байни инсонҳо истифода баранд.

Муносибатҳои байни мусулмонон ва ғайримусулмонон низ ба риояи принсипи таҳаммулпазирӣ такя менамояд. Дин ҳеҷ гоҳ ба ҳамзистии осоиштаи одамон ва муносибатҳои мӯътадили байни онҳо мамониат намекунад.

Имрӯз, ки шароити иқтисодӣ-сиёсӣ дар кишвар тағйир ёфтааст, моро зарур аст, ки дар кори ташкили ҷамъияти шаҳрвандӣ фаъолтар ҷавононро ҷалб намоем, дар онҳо эҳсоси ватанпарварӣ, меҳанпарастӣ, иззати нафсро тарбия намуда, ташаккули чунин сифатҳои шахсият ба монанди: ташаббускорӣ, боғайратӣ, бомасъулиятӣ, мустақилӣ, равона кардани комёбӣ на танҳо дар алоҳидагӣ, балки бо мақсади аҳамияти иҷтимоӣ ташаккул диҳем.

Зарурати тарбияи одам дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ ҳама вақт дар ин ё он шакл дар ақидаҳои маорифпарварони бузурги ҳамаи халқҳо ва дину мазҳабҳо вуҷуд дошт. Моро зарур аст, ки бо таҳаммулу тааммуқ онҳоро аз худ намуда, дар тарбияи насли ҷавон низ корбаст намоем.

М.Тиллохоҷаева, дотсент, декани
факултети филологияи тоҷик
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh