Аз бунёду ободкорӣ андешем

Инсоният ба гирдоби манфиатҷӯйӣ мубтало гардида, худро тадриҷан аз олами табиат ҷудо менамояд ва бо муносибати ғайриоқилонаву нодуруст ба сарватҳои табиӣ, аз ҷумла обу хок ва олами наботот ба гаҳвораи ҳастии худ - Замин он қадар зарар ворид менамояд, ки оқибатҳои он пешгӯинашаванда ва фалокатборанд. Инсон дар 70 - 80 соли охир оламро ба дараҷае тағйир додааст, ки табиат тайи таҳаввули чандин миллионсолааш ва тамаддуни инсонӣ дар зарфи мавҷудияти беш аз даҳҳазорсолааш чунин дигаргуниро надидааст.

Ин аст, ки одамон бояд сари муаммои зистан, сохтан ва обод намудани диёр андеша дошта бошанд. Яке аз омилҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти терроризму ифротгароӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ ба шумор меравад.  Имрӯзҳо, шабакаи интернет, мутаассифона, аз ҷониби гурӯҳҳои террористиву ифротгаро бо мақсади таблиғи ғояҳои экстремистӣ, ба сафи худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ кардани онҳо ба аъмоли харобкорона ба таври густурда истифода мешавад. Онҳое, ки исломро ба василаи мубориза барои қудрат табдил медиҳанд ва даъвои ҳукумати ба ном исломӣ доранд, бехабаранд, ки дар ин роҳ имон, эътиқод ва виҷдонашонро бо ғаразҳои нопок омехта мегардонанд ва манбаи тарбияи инсони комилро аз даст медиҳанд».

Ба дигар маънӣ, гурӯҳе аз хоинони ватан, ки шикамашон бо «нон»-и хоҷаҳои хориҷӣ сер аст, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, шабакаҳои интернетиро ба манфиати худ ва махсусан вайрон кардани тафаккури ҷавонону наврасон истифода намоянд. Вале ақли солими падару модарон бояд ғолиб ояду фарзандони худро зери назорат дошта бошанд. Махсусан, дар ин шабу рӯз, ки наврасони мактабхони мо ба таътил баромаданд, волидайнро зарур аст, ки фарзандони худро ба корҳои манфиатдор ва таҳкимбахши шуури фарзандони худ равона намоянд.

Кафедраи забони тоҷикӣ

Add comment


Security code
Refresh