Иқдоми таърихӣ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" яке аз қонунҳои миллие мебошад, ки бо мақсади ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром гузоштану пос доштани суннатҳои халқи тоҷик ва ҳамзамон баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, бо иштироки бевоситаи мардум аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд.

Боиси тазаккур аст, ки дар марҳалаи навини даврони соҳибистиқлолии кишвар Қарору қонунҳо ва санаду ҳуҷҷатҳое, ки таҳия ва ба тасвиб расидаанд, ҳама ба манфиати мардум равона гардида, пояҳои ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва дунявиро устувор менамоянд.

Аз қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ёздаҳ сол сипарӣ гардид. Месазад бигӯем, ки қонуни мазкур дар ин марҳалаи таърихӣ дар пешрафти зиндагии мардум тағйироти маърифатии амиқеро ба вуҷуд овард.

Қонуни мазкур барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошта, суннатҳои диниву мардумиро ба танзим даровард, анъана ва маросиму ҷашнҳои миллиро мушаххасу дақиқ намуд, пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравиро гирифт ва ба ҷорӣ гардидани низому тартиботи ягонаи баргузории чорабиниҳои мардумӣ роҳ кушод.

Ба шарофати татбиқи Қонуни танзим хароҷоти баргузории тӯйҳои домодию арӯсӣ кам гардид. Маъракаи хатнасур танҳо дар доираи оила бе иштироки санъаткорон доир мешавад.

Воқеан ҳам роҷеъ ба гароншавии нарх баланд шудани арзиши хизматрасонии санъаткорон ва иҷораи тӯйхонаҳо хароҷоти баргузории тӯю маъракаҳо майл ба афзоиш мекунад. Шаҳрвандон дидаву дониста барои хароҷоти баризофаи таассубовар маблағи зиёдро алалхусус, дар баргузории тӯйи арӯсиву домодӣ масраф менамоянд. Вале ин омил нақш ва мақоми Қонуни танзимро дар ҳаёти имрӯзаи мо коҳиш дода наметавонад, зеро ба ҳамагон маълум аст, ки дар вазъи имрӯзаи болоравии нархҳо маърака ва маросим танзим намегардиданд, шаҳрвандон ба кадом мушкилиҳо дучор мегардиданд.

Бояд тазаккур дод, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз ҷумлаи қонунҳое мебошад, ки дар таҷрибаи қонунгузории дигар ягон давлати дунё ба назар намерасад. Яъне он ба маънои томаш қонуни сирф миллӣ ба шумор меравад. Боиси ифтихори мо тоҷику тоҷикистониҳо мебошад, ки алҳол дар чандин мамлакатҳои ҳамсоя ва кишварҳои хориҷи дуру наздик, ки оид ба баргузории расму оин ва тӯю маъракаҳо бо мо қаробат доранд, ин таҷрибаи пурғановатро омӯхта, ба ҳамин васила кӯшиш доранд, хароҷоти барзиёдӣ ва исрофкориҳои беҳударо аз байн бардоранд.

Яке аз дастовардҳои Қонун ин аст, ки солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонон ба анҷом додани рафъи мушкилоти оилавии худ ва инчунин боз ҳам ободу зебо гардидани гӯшаҳои Ватани азизамон равона карда шуда, барои наслҳои ояндасози халқи тоҷик шароити беҳтарини таълиму тарбия ва ба мардуми кишвар имкониятҳои замонавии мусоид фароҳам оварда шуд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташон бо аҳли намояндагони ҷомеаи кишвар (12 майи соли 2018) баён намуданд, ки: «Риояи муқаррароти қонуни мазкур танҳо ба манфиати ҳар як оила, зиндагии боз ҳам осудаи ҳар хонавода, яъне беҳбуди сатҳу сифати зиндагӣ ва шароити беҳтар барои таълиму тарбияи фарзандон мебошад. ҳадафи қабули тағйиру иловаҳо ба қонуни зикршуда низ, ки қариб як сол пеш сурат гирифт, маҳз аз ҳамин иборат мебошад».

Ба Қонун бо назардошти баинобатгирии таклифу пешниҳодоти аҳолӣ солҳои 2008, 2010 ва 2017 тағйирот ворид гардидааст.

Дар кори назорат ва таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" фақат дар вилояти мо масъулини як шуъба, 18 бахши шаҳриву ноҳиявӣ, 134 комиссияи доимӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросими назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, сармутахассисони ҷамоатҳо ва фаъолони зиёде аз ҷумлаи қишрҳои гуногуни ҷомеа, дар ҷои кор ва истиқомати мардум бошад, аъзоёни комиссияҳои ҷамъиятӣ саҳмгузор мебошанд.

Пӯшида нест, ки бобати пурра амалишавии қонун баъзе монеаҳо то ҳол ҷой доранд. Зеро аксари комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим на фақат вазифаи худро оид ба пешгирии қонунвайронкунӣ иҷро намекунанд, балки нисбат ба қонуншиканиҳо мавқеи бетарафиро ишғол намудаанд. Чунин суханонро нисбат ба аъзои комиссияҳои доимӣ низ баён намудан мумкин аст. Ё худ байни ҷомеа бархе бо худнамоишдиҳӣ машғул буда, ба татбиқи қонун монеа эҷод менамоянд. Алҳол масъулон нисбат ба ашхоси қонунро саҳл мепиндошта мубориза мебаранд.

Барои бартараф намудани онҳо аз ҷониби шуъбаи вилоятӣ, бахшҳо дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.

Аз ҳама муҳимаш, ба муносибати беҷуръатонаи бархе аз сармутахассисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот нисбат ба ошкор намудани қонуншиканиҳо ҳангоми баргузории тӯю маъракаҳо хотима гузошта шуда истодааст. Ҳамкории онҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти ташкили рейду санҷишҳои муштарак самаранок ба роҳ монда мешавад.

 Тибқи маълумоти оморӣ дар давоми шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят забҳи чорвои хурд нисбат ба ҳамин даври соли 2017 кам шудааст. ҳангоми гузаронидани 1781 рейди муштараки аъзои комиссия, масъулини шуъбаи вилоятӣ ва бахшҳо оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо 70 ҳолати риоя накардани талаботи қонуни миллӣ ба қайд гирифта шуд.

Бояд тазаккур дод, ки бобати бунёди корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ, рӯёнидани ҳосили фаровони меваю сабзавот, дигар зироатҳо нақши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" бағоят калон аст. Зеро дар натиҷаи ба танзим даромадани баргузории тӯю маърака ва маросим мардум аз ҳисоби пасандозҳои сарфакардаашон объектҳои истеҳсолӣ, сехҳо сохта истодаанд, дар қитъаҳои замини наздиҳавлигии нав гирифтаашон биноҳои хуштарҳи замонавӣ месозанд.

Дар як давраи начандон тӯлонӣ худи ҳаёт собит намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҳимоятгари манфиатҳои мардум мебошад. Пас биёед, якҷоя шароити мусоид фароҳам орем, роҳбарӣ ва назорат кунем, то соҳибони маъракаҳо тӯю маросими худро мувофиқи талаботи Қонуни танзим доир намоянд.

Суҳроб РУСТАМЗОДА,
мудири шуъба оид ба корҳои дин,
танзими анъана ва ҷашну маросими миллии
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят

Add comment


Security code
Refresh