Оғози бунёди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

Нимаи дуюми рӯзи 18 июл бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид дар шаҳри Бӯстон ба бунёди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузошта шуд.

Раиси вилоят зимни суҳбат бо сокинони шаҳри Бӯстон оид ба рафти корҳои ободониву созандагӣ, ки ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят идома дорад, маълумот дод.

Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд ва бо дастовардҳои шоиста ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби аъзои Ҳукумати мамлакат ва кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин роҳбарони идораҳо ва мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, роҳбари гуруҳи кории ҳукуматӣ дар вилояти Суғд муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид мебошад. Таъкид гардид, ки бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд рӯз аз рӯз ободу зебо гардида истодааст. Ҳоло дар вилоят ба истиқболи 30-солаги Истиқлолияти давлатӣ “1300 рӯзи меҳнати зарбдор” эълон гардида, дар доираи ин иқдом корҳои ободонӣ вусъати тоза пайдо намудааст. Дар назар аст, ки дар зарфи се сол, яъне то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ҳазорҳо иншооти гуногун сохта шавад.

Давлаталӣ Саид, муовини якуми Сарвазири мамлакат вобаста ба нақшаи корҳои бунёдкорӣ ҳарф зада, таъкид дошт, ки дар асоси ҳидоятҳои Сарвари давлат барои беҳбудии шароити зисту зиндагии мардум давоми се сол дар ҳамаи ҷамоат, шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳо мактабу кӯдакистонҳои садамавӣ бартараф гардида, коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасрҳои фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, кошонаи ҳусн, ҳаммом, сартарошхона, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ бо тарзу услуби замонавӣ бунёд карда мешавад. Ӯ ҳамзамон илова намуд, ки пешниҳоду дархости сокинон зимни мулоқот бо аъзоёни гуруҳҳои корӣ вобаста ба бунёди ин ва ё он иншооти муҳим ба инобат гирифта мешавад.

Сокинони шаҳри Бӯстон аз чунин ғамхориҳои давлату Ҳукумат изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар ободонии Ватан баён доштанд.

Маврид ба зикр аст, ки майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон дар масоҳати беш аз 2 гектар бунёд гардида, фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh