Зуҳуроте, ки алайҳи он амали дастаҷамъона мебояд!

Дар давраи ҳозираи инкишофи равандҳои гуногуни иҷтимоии ҳаёти инсоният баробари тараққиёти илму техникаю афзудани шумораи бекорон ва вусъати ҷаҳонишавӣ ба давлатҳои олами муосир яке аз хатарҳои ҷиддии таҳдидкунанда зуҳуроти экстремизм ва терроризми байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Ин вабои аср ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бетаъсир нест ва кишваре аз он дар канор намондааст. Қувваҳои ба Тоҷикистон душман ин омилро хуб дарк карда, барои ноил шудан ба ҳадафҳои ғаразноки худ истифода бурда истодаанд. Давлатҳои бузурги ҷаҳон дорои манфиат ва ҳадафҳои геополитикии худ ҳастанд. Сарватҳои зеризаминӣ, қувваи кории арзон ва маҳсулоти хоми Осиёи Миёна диққати онҳоро ба худ ҷалб намудааст. Барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва геополитикии худ онҳо аз тамоми роҳу усул истифода мебаранд. Дар ин заминаи бархурди қувваҳо ва ҳадафҳои бузург онҳо дин ва нерӯҳои исломиро барои расидан ба мақсаду мароми хеш истифода мебаранд. Ҷараёнҳои ифротгаро маҳз парвардаи ҳамин давлатҳои манфиатхоҳ мебошанд.

Айни замон яке аз масъалаҳои муҳиму мубрам ва мушкилоти асосие, ки боиси нигаронии ҷомеа гардидааст, ин пешгирӣ аз фаъолияти тахрибкоронаи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ ва созмону ташкилоти террористӣ мебошад. Мувофиқи таҳлилҳои мавҷуда як қатор сабаб ва омилҳо, ба монанди, таъсири манфии сабтҳои электрониву видеоӣ, китобу маҷаллаҳо ва дигар маводи чопии дорои хусусияти ифротгароӣ, ки аз тарафи ҳизбҳои ифротгаро паҳн карда мешаванд ҷавонони ҳанӯз тафаккуру андешаашон ташаккул наёфтаро роҳгум мекунанд. Айни ҳол роҳбари фирории ТЭТ ҲНИ ва бархе аъзои ин ҳизб, дар кишварҳои ба ном ба мо «дӯст» овораву сарсон қарор доранд ва тавассути сомонаҳои интернетӣ Тоҷикистонро бадном мекунанд, зеро ба ҷуз бадгӯӣ дигар чорае надоранд.

Дар марҳалаи ҳозира ҳадафи ТЭТ ҲНИ дар байни мардум ақидаи нопоки худро паҳн намудан, ҷавононро ба амалҳои ифротгароӣ ва террористӣ равона сохтан ва бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шудан аст. Бинобар ин кӯшиш ба харҷ диҳем, фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем. Ба аҳли ҷомеа, алалхусус, ҷавонон фаҳмонида тавонем, ки бо тақлидҳои кӯр-кӯрона дунболи гурӯҳҳои ифротӣ нараванд. Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳама мусулмон буда, ба муқаддасоти динӣ ва дастуроти шариати Ислом эҳтиром мегузоранд.

Бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон китобҳои фаровони динӣ ба забони тоҷикӣ ва хати кириллӣ тарҷума шуда, дастраси мардуми кишвар аст. Аз ҷумла, тарҷумаи Қуръони Карим бо теъдоди хеле зиёд таҳия ва ба таври ройгон пешкаши мардум шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минбари СММ оид ба покии дини муқаддаси Ислом суханронӣ намуда, нисбат додани терроризм ва экстремизмро ба ин дини муқаддас бо қотеъият рад намудаанд.

Имрӯз дар раванди ҷаҳонишавӣ муқобила ба густариши ақидаву афкори гуногуни бегона бидуни мавҷудияти ақидаи устувор ва мантиқан пурзӯр дар кадом соҳае, ки бошад, ғайриимкон аст. Бинобар ин, ягона усуле, ки пеши роҳи зуҳури ҳар гуна гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро ва ифротӣ, махсусан дар заминаи ақидаҳои динӣ, ин пеш аз ҳама, мусоидат намудан ба боло бурдани сатҳи донишҳои дунявию илмӣ ва ҳамчунин, донишҳои динӣ дар чаҳорчӯбаи мазҳаби суннатии мо-ҳанафия мебошад.

Даст кашидан аз ифрот яке аз омилҳои муҳими ҳифзи ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва рушди давлати миллӣ мебошад. Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад.

 А.БЕРДИШУКУРОВ,
дотсенти Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Fафуров

Add comment


Security code
Refresh