Муғриз аз офтоб ҳам айб меҷӯяд…

Чанде қабл филми мустанади “Решаҳои ноаён” аз Шабакаи телевизионии “Тоҷикистон” намоиш дода шуд ва садҳо шаҳрвандон, аз ҷумла ходимони дин фикри худро тариқи  васоити  ахбори умум баён намуда, бори дигар ба хоинони  миллат, ҳизби хиёнаткори наҳзат нафрин хонданд. Дар ин навор ҳақиқат инъикос ёфта, барои имрӯзиён дарси ҳушёрӣ ва шинохти ҳақиқат мебошад.

Нафаре, ки сарбаландии миллатро чашми дидан надорад, ободии Тоҷикистонро намехоҳаду дар дил буғзу адоват дорад, озодии дину диёнат ва муносибати одилонаи давлатро ба ходимони дин ва иттиҳодияҳои динӣ аз рӯи ғараз ва кина таҳти сарлавҳаи “Рӯҳонӣ дар Тоҷикистон - мулло ё тоҷир” таҳлили муғризона карда, дар шабакаи “Паём нет” интишор намуд ва гӯё  нороҳатии худро аз ин филми шармсоркунанда тариқи дурӯғу туҳмат изҳор дошт.

Аз таҳлили ин мавод аёи мешавад, ки аз  ин мухолифи адолат бӯи адоват меояд. Аз ҷумла, хутбаи рӯзи ҷумъаро дар масҷидҳои кишвар “шӯрои сиёсӣ” гуфтааст, ки ин аз ҳақиқат дур аст. Зеро ишора ба падидаҳои сиёсӣ маънии онро дорад, ки намозгузорон аз ҷараёни ҳаёт бехабар нестанд, ба ибораи дигар, инсон дар ҷамъият зиста, аз он берун буда наметавонад. Аз ҷониби дигар ҳар як намозгузор шаҳрванди Тоҷикистон аст  ва боке надорад агар онҳо аз дастовардҳои мардум огоҳ шаванд.

Нигорандаи мақола  афсус мехурад, ки имом-хатибон ҷавононро насиҳат  мекунанд, ки Пешвои миллатро дӯст  доред  ва дар охир дар ҳаққаш дуо кунед. Аҷиб дар кадом давлати мусулмоннишин дар хаққи роҳбари ҳамон давлат дуои хайр намекунанд? Гузашта аз ин, дуои Роҳбари давлат чӣ бадӣ дорад?

Шахсе, ки дар дил ҳасад дорад, аз офтоб ҳам айб меҷӯяд. Ин айбҷӯ  як бор нагуфтааст, ки дар Тоҷикистон қариб чаҳор ҳазор масҷид аз қайд гузашта, амал  мекунаду танҳо ҳамоне, ки ғайриқонунӣ фаъолият дошт, ба ҷойҳои ҷамъиятӣ табдил дода шуд.

Ин соҳибдаъво бо афсӯс мегӯяд: “Дертар вазъи имом-хатибон бадтар шуд онҳоро муваззаф ба пӯшидани либоси ягона карданд ва барояшон моҳона муқаррар намуданд”. Бемантиқӣ аз ин зиёд намешавад. Магар бад аст муллоҳо низ дорои либоси ягонаи худ бошанд?

Ягона ниҳод дар мамлакат, ки Шӯрои уламои ҷумҳурӣ аст, ба фатво таҷдиди назар мекунад, тариқи иқтибос ва далоили шаръӣ фатфо содир мекунад.

Имрӯз Тоҷикистон, шукри Худо ором буда, барои адои ибодат тамоми шароит муҳайёст. Касоне, ки аз таги нохун чирк мекобанд,  айб меҷӯянд, хато мекунанд. Онҳо бояд донанд, ки офтоб аз ҳасади шамс наяфтад ба замин.

 Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода,
раиси Шӯрои уламои дини вилоят

Add comment


Security code
Refresh