Ба гетӣ намонад ба ҷуз номи нек

Ҳар як инсони комил бояд барои Ватан ва хоку марзи он хизмати  холисона намояд, то номи некаш ёдгор бимонад.

Дар мисоли ин гуна одамон ман шахсияти генерал Абдуманнон Ғозиев - собиқ ҷонишини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, Фармондеҳи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мебинам. Малакаи касбӣ,  маҳорат ва дили поки ин марди шариф буд, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ вазифаҳои ба зимааш гузошташударо  софдилона  иҷро  карда, шахсан дар амалиётҳо ширкат меварзид. Ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ ва Ғарм бо ҳам ҳамсарҳад буда, он солҳо силоҳбадастон мехостанд, ки ба воситаи ағбаҳои Ғизн, Пакшиф, Дубурса ва Андари Маъруфхӯҷа ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ гузаранд ва тарафдорони худро пайдо карда, ба мақсади нопоки худ расанд.

Дар шуъбачаи милитсияи Лангари ШКД–и Кӯҳистони Мастчоҳ, ки навтаъсис буд, ҳамагӣ 18 - 20 нафар милитсионер бо сардории майор Хӯҷабек Файзуллоев фаъолият мебурданд. Ман он солҳо ба ҳайси нозири минтақавӣ бо кормандон Ҳасан Шарифов, Олимҷон Саидолимов, Исохоҷа Олимов, лейтенанти калон (ҳоло сардори ШКД-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ)  робитаи қавӣ доштам. Вазъият дар ҷумҳурӣ хеле вазнин буд. Қувваҳои зиддиҳукуматии Раҳмон - гитлер мехостанд ба вилояти Суғд гузашта, ҷанги шаҳрвандиро оғоз намоянд.

Дар ин лаҳзаҳои вазнин бо сардории генерал Абдуманнон Ғозиев 350 нафар афсарону милитсионерони Раёсати Вазорати корҳои дохилаи вилоят ба Кӯҳистони Мастчоҳ омаданд. Ағбаҳои марзи байни ноҳияҳои Ғарм ва Кӯҳистони Мастчоҳ баста шуданд. Хизматҳои ватандӯстонаи генерал Абдуманнон Ғозиев буд, ки дастаҳои зиддиҳукуматӣ, ки аз ағбаҳо  гузаштан мехостанд, дастгир карда шуданд.

Мардуми Кӯҳистони Мастчоҳ афсарон ва кормандони милисаро бо хӯрокворӣ таъмин менамуданд ва ёрии амалӣ  мерасониданд.

Оре, генерал А. Ғозиев тавонист,  ки дар ҳамкорӣ бо кормандони Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дарвозаи вилоят, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро ҳимоя намояд, сулҳу оромӣ,  тартиботи ҷамъиятӣ ва сохтори конститутсиониро дар кишвар  таъмин созад.

Мардуми Кӯҳистони Мастчоҳ дар симои Абдуманнон Ғозиев  шахси ҷавонмард, ватандӯст мубориз, қавиирода, росткор, ростқавлро мебинанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: «Бояд ҳар як фарди дилсӯзи миллат баҳри ҳимояи Ватани азизамон  ҳушёрию  зиракиро аз даст надода, баҳри тарбияи насли навраси оянда саҳмгузор бошад».

Имрӯз Абдумаинон Ғозиев ифтихор дорад, ки дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ шогирдони зиёдеро тарбия кардааст. Ин абармард зодаи деҳаи Хистеварзи бостони бошад ҳам мардуми  минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз он ҷумла Кӯҳистони Мастчоҳ ӯро фарзанди хеш мехонанд. Хизматҳои ин абармард  ва дигар шахсони барӯманди ҷумҳурӣ буд, ки мо имрӯз ба Ваҳдати миллӣ ва фазои орому сулҳу субот  расидем.

Соре Сороев,
Абдурауф Ашӯров,
собиқадорони Вазорати корҳои
дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh