Пушаймонӣ суд надорад

Тамошои филми мустанади “Решаҳои ноаён” ҳар бинандаро аз кирдорҳои разилонаи ташкилдиҳандагони ҲНИ воқиф месозад. Насли наврас бо шунидани ҷанги шаҳрвандӣ, баъзан суол мекунанд, ин ҷангро кӣ оғоз кард? Барои чӣ дар Тоҷикистони азизи мо ин ҷанг сар зад?

Ба ин суол насли наврас метавон аз ҳамин филм посух ёфт. Қаҳрамони филм Эшони Сайид Қиёмиддини Ғозӣ имрӯз аз кардаҳои худ пушаймон шуда, ба ваҳшигариҳову ватанфурӯшиҳои худ иқрор гаштааст.

Аз рӯзҳои аввали гирдиҳамоиҳои солҳои 90 – ум Эшони Қиёмиддини Ғозӣ барин ашхоси ноуҳдабро мардумро ба бесару сомонӣ даъват мекарданд, супоришҳои хоҷагони хориҷии худро ба иҷро мерасониданду ватани азизамонро но тинҷ мекарданд. ҳамаи ин гуна эшонҳо худро генерали мардумӣ номида буданду фармонбардори хоҷагони паси пардагии эронӣ будаанд.

Дар филм Эшони Ғозӣ Қиёмиддини ба кардаҳои худ иқрор шуда, бо далелҳои амиқ онро як ба як нишон додааст. ҳатто иқрор шудааст, ки наҳзатчиён барои нест кардани Тоҷикистон нақшаҳоро берун аз кишвар тарҳрезӣ мекарданду бо амру супориши хоҷагонашон онро ба амал татбиқ мекарданд.

Ташкилкунандагони ҲНИ тинҷиву оромию осоиштагии тоҷикистониёнро дида натвониста, бо рафтори кӯрдилонаашон оромиро аз байни бурданӣ буданд. Ба ин гуфта Эшони Қиёмиддини Ғозӣ далел оварда, ки соли 2015 бо сардори наҳзатии дигар, генирали хоин Абдуҳалим Назаров (ҳоҷи ҳалим Назарзода) табадуллоте ба вуҷуд омад. Ақлу заковати мардуми тоҷик дигар фирефтаи ҳеҷ кас нашуд ва ин хоинҳои Ватан ба мақсадҳои нопоки худ нарасиданд. Зеро ғайр аз худ ва худбарин зархаридон касе ҳоҷи ҳалим Назарзода ва аъзои ҲНИ – ро дастгирӣ накард.

Шукри ин давлату ин миллат, ки он гумроҳон аз карда пушаймон шудаву имрӯз мардумро даъват менамоянд, ки ба ҲНИ боварӣ накунанд! 

Дар ҳақиқат халқи тоҷик дигар он ватанфурушону он хоҷадоронро гӯш нахоҳад кард.

Ш.КУЧИБОЕВ,
сармуаллими кафедраи педагогикаи
иҷтимоӣ ва касбии факултети педагогӣ

Add comment


Security code
Refresh