САРКАРДАГОНИ ТЭТ ҲНИ АЗНИЯТҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ДАСТ НАКАШИДААНД

Роҳбарон ва аъзои ТЭТ ҲНИ дар кофтукови байналмилалӣ қарор дошта ҳам кӯшишу ҳаракатҳои худро баҳри ҷалб кардани диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳизби исломӣ ва таъсиси давлати «хилофат» давом дода истодаанд.

Онҳо аз ҷурми амалҳои куштору террористиианҷомдодаи худ ва ҷазо дар дигар мамолик паноҳ бурда, бо ҷомеа тариқи пинҳонӣ, тавассути интернет ва дигар васоити электронӣ иртибот менамоянд.

Далели нави ба фаъолияти террористӣ ҳамроҳ будани ТЭТ ҲНИ ин суханронии ифротгаро-«Абу Усоми Норакӣ», узви фаъоли ТЭТ ҲНИ мебошад. Ин фард, муддатҳои дурудароз, аз камсаводии динии ҷавонон истифода бурда, онҳоро ба сафҳои ТЭТ ҲНИ ҷалб менамуд. Ин шахс яке аз созмондиҳандагон ва роҳбарони амали террористии санаи 29 июли соли равон нисбати сайёҳони  хориҷӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғараи Тоҷикистон анҷомдодашуда мебошад, ки иҷрокунандаи он Ҳусейн Абдусамадов, узви фаъоли ин ҳизб аст. Дар бобати он, ки  Абу Усомаи норакии таҳти номи ДИИШ паноҳбаранда узви ТЭТ ҲНИ мебошад, он далел низ шаҳодат медиҳад, ки  ин шахс дар  шаҳри Хоши  Ҷумҳурии Исломии Эрон умр ба сар мебарад. Ва чунонки маълум аст, ягон аъзои ДИИШ аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар узви ТЭТ ҲНИ набошад, он ҷо зиндагӣ карда наметавонад. Ин далели раднашаванда аст.

Худи Абӯ Усомаи норакӣ кист? Таҳти ин номи мустаор  Тоҷиддин Мирзораҳимович Назаров умр ба сар мебарад, ки соли таваллудаш 1989 буда, зода ва сокини деҳаи Ӯзбеклангари шаҳри Норак мебошад ва маълумоти миёнаи нопурра дорад. Ӯ дар мактаб хуб намехонд ва аз ин рӯ аз таълимгоҳ ронда шуда буд. Сипас пешаи асосии вай дуздӣ дар бозорҳо, фурӯшгоҳҳо ва боғоти мева гашт. Ва табиист, ки ин бача аз назари муллоҳои маҳал дур намонд. Ба ӯ дар таҳсили мактаб, дуздӣ омад накарда бошад ҳам, дар таълимгирии динӣ омад кард. Дар овони наврасӣ, ба ҷои он ки дар мактаб таҳсил кунад, дар масҷидҳо таълимот гирифт. Дар ин ҷо ӯро роҳбари ташкилоти ТЭТ ҲНИ дар шаҳри Норак Қурбон Маннонов ба зери ҳимояи худ гирифт.

Маълумот:Маннонов Қурбон Шералиевич, соли таваллуд 1942, зодаи ноҳияи Панҷ, аъзои фаъоли ТЭТ ҲНИ, иштирокчии амалҳои ҳарбии айёми ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар сафи мухолифини тоҷик буд. Давоми муддатҳои дурудароз Маннонов Қ. ба Назаров Тоҷиддин ба қавоиди  динӣ меомӯзонд, аз зиракии ӯ хурсанд мегашт ва ба ҷавонии ӯ нигоҳ накарда, ӯро мудири фарҳанги ташкилоти ҳизбии шаҳри Норак таъин кард, ҳамчунин ба командаи футболбозони «Салмони Форсӣ», ки дигар аъзои ТЭТ ҲНИ машқ мекарданд, шомил гардонид.

Соли 2014-ум, тибқи супориши роҳбарияти ТЭТ ҲНИ Назаров бо мақсади ба сафҳои ҳизб ҷалб кардани ҷавонон ба ҳудуди Федератсияи Русия фиристода шуд, баъдтар ба ӯ супориш шуд, ки ба сафҳои ДИИШ шомил гардад. Албатта, ин амалҳо бо ихтиёри худи Назаров набуданд, балки бо супориши Маннонов Қурбон буданд, ки дар навбати худ бо фармоиши роҳбарияти болоии ТЭТ ҲНИ амал мекард. Бародари ӯ Маннонов Абдушукур Шералиевич соли 2015-ум, баъди бенатиҷа анҷом ёфтани кӯшиши табаддулоти ҳарбии давлатӣ дар Тоҷикистон ба кишвари Латвия фирор кард. А. Маннонов, ҳамчун узви ТЭТ ҲНИ то ҳол фаъолияти зиддиконститутсионии худро давом дода, дар конфронси нобарори ТЭТ ҲНИ, ки моҳи соли 2018 дар шаҳри Дортмунд доир гардид, фаъолона иштирок кард. Бародари ӯ Маннонов ҳабибулло Шералиевич, соли таваллудаш 1978, узви ТЭТ ҲНИ дар ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 фаъолона иштирок кардааст, ки баъди он ба Эрон фирор карда, то ҳол дар он кишвар мебошад. Бародари дигари Қ. Маннонов- Маннонов Искандар Шералиевич, соли таваллудаш 1987, зодаи ноҳияи Данғара, дар хурдӣ таълими пинҳонии динӣ гирифта, бо мусоидати ҳабибулло Маннонов соли 2006-ум ба мадрасаи «Ҷамоат-ул Мустафо»-и шаҳри Гургони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба таҳсил фиристода шуд. Ҳамсари Маннонов Искандар - Ғоибова Зайтуна Умаровна, соли таваллудаш 1987, зодаи ноҳияи Фархор, дар мактаби динии шаҳри Машҳади Эрон хондааст. ҳамаи аъзои оилаи Манноновҳо дар рӯихати ТЭТ ҲНИ меистанд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ онҳо дар Эрон қарор доштанд ва соли 1998-ум ба Тоҷикистон баргаштанд.

Супоришҳои мухталиф таҳти номи ДИИШ ба ашхосе монанди Т.Назаров бо мақсади тарғибот ва аз номи ташкилоти террористӣ тарсондан алҳол истифода бурда намешавад. Танҳо ТЭТ ҲНИ таҳти ному байрақи ДИ, бо ҳамин ҷиноятҳои навбатии худро рӯйпӯш карда, амал менамояд.

Агар касе воқеъиятро донистанӣ ва бо чашми ҳақиқатбин диданист, ба тарҷумаи ҳоли Тоҷиддин Назаров,  пайроҳаи ғоявӣ, зина ба зина ташаккулёбиаш ба ҳайси ҷанговари ДИИШ-узви ТЭТ ҲНИ назар андозад,  кофист, ки   каме андеша намояд.

ТЭТ ҲНИ   номи ДИИШ-ро моҳирона истифода бурда, зери ниқоби ин гурӯҳи даҳшатафкан  ба қатли сайёҳони хориҷӣ даст зад, ки ин дар  пасманзари он дастгириҳои моддиву маънавии ҶИЭ меистад. Чунин усул хоси бисёре аз хадамотҳои ҷосусии дунё мебошад, ки аз чунин аъмоли ғайриинсонӣ ТЭТ ҲНИ истисно нест. Муҳим нест, ки кадом ранг аст, ба аъзоёнаш муҳим он аст, ки ин ташкилоти террористӣ фаъолият намояд.

Айнан бо чунин шева ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта ТЭТ ҲНИ бо дастгирии хоҷагони хориҷиаш ба майдон омад ва ба ҷанги шаҳрвандӣ оғоз бахшид. Нахустин ҷиноятҳои наҳзатиёт дар ин солҳо гаравгон гирифтан, куштор ва буридани аъзои бадани одамон буд. Шиканҷа, тарзу усулҳои қатл ва амалҳои ваҳшиёнаву  бераҳмонае, ки имрӯзҳо ДИИШ дорад, маҳз аз амалҳои ғайриинсонии дар замони ҷанги шаҳрвандӣ копишудаи ҲНИ мебошад, ки ду даҳсола қабл миллатро қариб ба фано оварда буданд.  Ихтироъи наҳзат аз «бушка-маҳбас» ва «бушка-шиканҷа» иборат буд, ки одамони бегуноҳро дохили он карда, аз берун бо олоти вазнину сангин ба бушка мезаданд. Дар натиҷа инсоне, ки даруни бушка буд, пардаҳои гӯшаш мекафид, дилаш беҷо мешуду ё аз кор мемонд ё ба ҳолати девонагӣ  мерасид. Ин усули ихтироъи куштори наҳзатиён ба ҳазорон шаҳрвандони осоиштаву бегуноҳ таҷриба карда шудааст.

Дар ягон кишвари дунё чунин кирдорҳои ваҳшиёнаву  куштор ҳеч гоҳ бахшида намешавад. Фаразан дар Аврупо, бо гузашти 80 сол ҳанӯз даст ба қатлу куштору сӯхтор ва зулму истибдод задаи фашистон бахшида нашудааст. Дар оянда низ гуноҳи онҳо ҳеҷ гоҳ бахшида нахоҳад шуд. Ҷиноятҳои зикршудаи ТЭТ ҲНИ аз фашизм ҳеҷ мондание надорад. Агар фашистон инсонҳоро дар камераҳои махсуси газдор мекуштанд, айнан чунин амалро наҳзатиён дар бочкаҳои оҳанин анҷом медоданд. ҳамин тавр, метавон чунин хулоса баровард, ки қатлу ғорат ва даҳшатафканиҳои ТЭТ ҲНИ дар солҳои навадум ҳамчун асосгузор ва «устод»и таҷрибаи шиканҷаи бераҳмонаи ғайриинсонӣ шуморида шавад, пас ДИИШ мисли як шогирд ва мурид идомабахши амалҳои ноҷавонмардонаи ТЭТ ҲНИ мебошад. Наҳзат ҳанӯз аз оғози фаъолияташ ташкилоти террористиву экстремистӣ буд. Қурбониҳои бегуноҳи наҳзатиён намояндагони қавму наҷод ва миллатҳои гуногун буданд, ки дар қаламрави кишвар зист доштанд.

Ин фақат аз сад як кирдори ваҳшиёнаи наҳзатиён аст, ки алоқамандии ТЭТ ҲНИ-ро ба ҷиноятҳои ғайриинсонӣ ишораи ангушт менамояд. Боз кадом далел зарур?

Ба ин хотир, амали навбатии террористӣ, куштори  сайёҳон, ки аз ҷониби аъзоёни ҲНИ содир шуд, баръало аз он дарак медиҳад, ки қатлу куштору ғорат дар вуҷуди ТЭТ ҲНИ ҳамчун оризаи ҳамешагии беморӣ вуҷуд дорад, ки онҳо мисли солҳои навадум мехоҳанд кишварро ба хоку хун бори дигар кашанд.

Ба тариқи оммавӣ баромад кардани аъзоёни бесаводи ТЭТ ҲНИ ба мисоли Т.Назаров як шеваи маъмулӣ аст, ки аз онҳо ба ҷуз ин дигар кореро наметавон интизор шуд.

Метавонед аз тамоми шаҳрванди дилхоҳ бобати қурбониҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ пурсон шавед. Бигзор онҳо ба шумо нақл кунанд, ки чӣ гуна ТЭТ ҲНИ мехост зери парчами ислом бо куштору ваҳшоният давлати исломӣ барпо намояд. Он гоҳ ба шумо маълум мешуд, ки байни ДИИШ ва ТЭТ ҲНИ ҳеҷ фарқияте вуҷуд надорад.

Нишондодҳои ҳуҷҷатии тасдиқгардида, ки дар як соат аъзои ТЭТ ҲНИ Тоҷидин Назаров  ҳамчун аъзои ДИИШ зуҳур мекунад, ин як кори табиӣ аст. Зеро ҳадафи муштараки аслии ин ду ташкилот аз сохтани давлати исломӣ иборат аст, тавре ки ДИИШ-иён хостанд дар Сурия давлати исломӣ барпо намоянд. Таҷрибаҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро хубтар омӯзед, дар ниҳоят шеваву усули онҳоро хоҳед донист. Аллакай қисми зиёди методи наҳзатиён ёдрас шудааст. Худатон дар он сурат хулоса мекунед ва умумияту фарқияти онро ба хубӣ мефаҳмед. Бунёдгузорони онҳоро фаромӯш накунед, чӣ дар Шарқ ва чӣ дар Ғарб. Он гоҳ ба шумо ҳама чиз рӯшан хоҳад шуд.

Холмаҳмад Самиев,
номзади илмҳои таърих,
дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Центразия.ру

Add comment


Security code
Refresh