Муборизаи беамон баҳри решакан намудани терроризм ва экстремизми динӣ

Бо гузашти солҳо терроризм ва экстремизм бо усулҳои гуногун амал мекард. Баъзе давлатҳои абарқудрат пинҳонкорона ва бо мақсади ҷорикунии сиёсати глобалии худ гурӯҳҳои муташаккили ҳарбикунонидашудаи террористию экстремистиро таъсис дода, байни давлатҳои мусулмон низоъҳои динию мазҳабиро барангехта истодаанд.

Терроризм ва экстремизми динӣ бо ҷонибдории пуштибонҳои боқуввати сармоядори хеш дар Суриё ва Ироқ лона гузошта, ин мамлакатҳоро қариб, ки пурра зери  тасарруфашон дароварда буданд. Боиси хурсандист, ки қувваҳои коалитсияи байналхалқӣ таҳти сарварии Федератсияи Русия, ИМА, Ирон, Туркиё, Суриё, Ироқ бобати несту нобуд кардани террористон ва экстремистон ҷахду ҷадал намуда истодаанд.

Боиси таассуф аст, ки садҳо ҷавонони гумроҳи тоҷик фирефтаи саркардагони ҳаракатҳои терроризми байналхалқӣ ва экстремизми динӣ шуда, ҷони азизи худро  дар кишварҳои Суриё ва Ироқ қурбон намуданд. Назар ба  иттилои расмӣ танҳо аз шаҳри Истаравшан тай солҳои охир 88 нафар ҷавони гумроҳ ба ин ҳаракат шомил гардидаанд. Аз онҳо 37 нафар бо оилаю кӯдакони ноболиғашон аз Ватан фирор намуда буданд.

Мутаассифона, терроризм ва экстремизм комилан дар дунё решакан карда нашудааст. Дар Тоҷикистони мо низ охирҳои асри ХХ террористон ва  экстремистони динӣ мехостанд бо роҳи зӯроварӣ сохти давлатдории  конститутсиониро ғасб намоянд. Онҳо барои амалӣ гардонидани мақсадҳои нопоки  худ  ва  ба тарсу ҳарос андохтани мардум бисёр шахсиятҳои бузурги миллит – олимону академикҳо, рӯзноманигорон, ҳофизон ва инсонҳои бегуноҳро ба қатл расонданд. Ҳатто аз бесарусомониҳои  сиёсӣ  моҳирона истифода  бурда, ҳизби  ғаразноки наҳзати  исломиро таъсис  доданд. Мақсаду мароми асосии ин ҳизби ифротӣ бо роҳи террору зӯроварӣ сарнагун кардани ҳокимияти қонунӣ ва ҷорикунии шариати исломӣ буд. Хушбахтона, мардуми тоҷик ғояҳои зиддиинсонии ҲНИ-ро куллан  ҷонибдорӣ накарданд.

Бо вуҷуди он ки алҳол дар кишварамон фаъолияти ин ҳизби террористӣ  манъ аст,  мутаассифона аҳён – аҳён ҷонибдоронаш бо пинҳонкорӣ ғояҳои бунёди онро  бештар байни ҷавонон тарғибу ташвиқ  карданӣ мешаванд.

Халқи тоҷик, хусусан ҷавонони Тоҷикистон маърифату маданияти баландро доро  ҳастанд. Онҳо хуб  дарк намуданд, ки гумоштаҳои  ҲНИ таҳти роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ, ҳамзамон Саидюнус Бурҳонов, ки худро истаравшанӣ гуфта, дар Ҷумҳурии исломии Эрон паноҳгоҳи сиёсӣ гирифтаанд, дар васоити ахбори ҷаҳон дастовардҳои назаррас ва обрӯю нуфузи паст зада, худро  «ғамхор» ва тарғибгари ғояҳои озодии инсону  виҷдон  ва ватанпарвар нишон доданӣ мешаванд.

Мардуми Тоҷикистон бар зидди ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирӣ ва решакан намудани  терроризм ва  экстремизми динӣ муборизаи беамон мебарад. Дар ин замони муосири пурталотум набояд ҳар як фарди  бомаърифат, солимфикр, боирода, ватандӯст ва инсонпарвар дар чунин мубориза  бефарқ бошад.

 Баҳроми ЮСУФЗОД,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh