Мурдорҳои сиёсӣ ё худ иғвои навбатии ТТЭ ҲНИ

Иғвои навбатии Ташкилоти террористӣ - экстремистии  ҳизби наҳзати исломӣ дар шаҳри Дортмунди Германия натиҷае ба бор наовард. Ин ҷамъомади қабилавӣ чеҳраи манфур, хиёнатгар ва душмани миллату давлати тоҷикон будани Кабириву пайравонашро  бори дигар  возеҳу равшан намуд. Аён шуд, ки аз Кабириву ҳизби мамнуъгаштаи ифротии ӯ ҳатто собиқ шарикони сиёсиаш бо ибораи “Бо дег нишинӣ, сиёҳ шавӣ” даст кашиданд.

Таърихи начандон тӯлонии мардуми тоҷик ҳамчун довар собит кард, ки ТТЭ ҲНИ решаҳои динӣ ва иҷтимоӣ надорад. Як тӯда бесаводон бо дастгириву маблағгузории хоҷагони бегонаашон  аз хурофотпарастии мардум ва фазои озодихоҳии солҳои 90-ум истифода бурда, зери парчами дини мубини Ислом ҳизби сиёсии динӣ таъсис доданд. Солҳои 90-ум ин ҳизби пинҳонкор, бо мақсади бунёди давлати исломӣ фаъолият дошт. Беш аз 150 ҳазор сокинони кишвар аз ҳаёт маҳрум, садҳо деҳаву марказҳои аҳолинишин ба хок яксон ва ҳазорҳо кӯдакон ятиму бесаробон ва бехонумон монданд. Як миллион сокинони кишвар аз хоки Ватан фирор карданд. 

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аъзои ин ҳизб пинҳонӣ ба чӣ корҳо машғул буданд. Саркардҳои ин ҳизб ба ҷойи тарғиби сулҳу ваҳдат, бунёди давлати миллӣ ба ҷуз иғво, танқиди ҷомеа, мухолифат ба корҳои Ҳукумат дигар кореро ба ҷо намеоварданд.

Соли 2013 иттифоқан дар мулоқоти Кабирӣ бо ҳамҳизбонаш, ки дар толори яке аз хоҷагиҳои Исфара баргузор гардид, иштирок доштам. Ҳузури ҷавонони сарлучи ғазаболуд, ки ҳар лаҳза туъмаи тайёри эмиссарҳои ифротӣ буданд ва занони либосҳои тарҳи эрониву туркипӯш, ки базӯр чашмонашон намудор буд, толорро хеле ҳузнангез намуд. Кабирӣ аз иштироки чанд тан имоми масҷидҳо  ва дигар шахсиятҳои бо сару либос ва намуди зоҳирӣ аз ҳамҳизбонаш фарқкунанда хеле маълӯл гашта,  ранги рӯяш парида буд.

Чун ба суханпардозӣ оғоз кард, зане аз ҷояш бархосту гуфт: “Фарзанди ман донишҷӯи фаъол буд. Аввал ӯро ба намоз даъват карданд, баъд ба аъзогии ҲНИ, дере нагузашта ба сафи ташкилотҳои ифротӣ ҷалб карданд. Ман ҷигарбандамро аз даст додам. ҲНИ ҳизби терорристон, ҳизби наҳсу касофат аст. Ман аз ту даъво мекунам, ки фарзандамро ба ман баргардон”. Ҷавондухтари дигаре аз ҷой бархесту гуфт: “Додари ман аъзои фаъоли ҲНИ буд, ӯро бо маблағ таъмин мекарданд. Ӯ ба даъватҳои ин ҳизб ҷонашро аз даст дод, вале ягон нафар аъзои ин ҳизб ё ташкилоти ҳизбӣ аз ҳоли фарзандони ятиммондаи ӯ боре ҳам хабар нагирифтанд. Кабирӣ аз толор бо дили ранҷур, норозиёна аз кирдорҳои раисони беқобилияту заифи ташкилотҳои ҳизбӣ ва аъзоёни бемаърифаташ берун баромада, Исфараро тарк кард.

Дар интихоботи соли 2015 Кабирӣ боз ба Исфара омад. Ин дафъа ба мулоқот одамони зиёде гирд наомаданд. Кабирӣ дар толор дар изтироб буд ва ба ҷойи пешиҳоди барномаи пешазинтихоботӣ гилагузорӣ кард, ки дар ҳама ҷо ҳизби ӯро бо нописандӣ, таънаву маломат пешвоз мегиранд. Ин дувумин шикасти талхи Кабирӣ дар Исфара буд, ки бештар ниёз ва  такя ба он дошт.

 Кабириву пайравонаш шармандавор бо ҷурми ифротгароӣ майдони сиёсии Тоҷикистонро тарк карданд.

Ҳар як ҷамъомад ва ҳатто ҳар як сухани гурезагони ватанфурӯш зарар ба ҷисму ҷони худи онҳост. Душманони миллат аз дуриҳои дур ба Тоҷикистон соҳибистиқлол санг мепартоянд, вале тири онҳо кайҳо хокхӯрда аст. Акнун ба садову нидои хоинон касе ҳам эътибор намедиҳад. Зеро саг аккос мезанад, корвон пеш меравад. ТТЭ ҲНИ аз ҷониби беш аз 3,5 милиард сокинони сайёра ҳамчун ҳизби ифротӣ шинохта шудааст. Мулоқоти Дортмунд ба решаи Кабириву ҳаммаслаконаш теша зад, ки минбаъд дигар онҳо ба худ нахоҳанд омад.

Обидбой Аҳмадов,
муовини раиси КИ ҲХДТ
дар шаҳри Исфара

Add comment


Security code
Refresh