Ҳамла ба сайёҳонро маҳкум менамоем

Бо шарофати хиради азалии мардуми шарафманду сарбаланди он тавонистем, ки баъд аз нобасомониҳои зиёд ва ҷанги таҳмилӣ ба сарзамини биҳиштосоямон бори дигар тинҷию оромӣ, сулҳу субот ва осоиштагиро баргардонем ва тавассути ваҳдати миллӣ кишвари худро дар як муддати кӯтоҳ ба сарзамини осоиштаи минтақа табдил диҳем. Бо ин восита нуфузу эътибор ва мавқеи кишварамонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем.

Тоҷикистони азиз бо табиати зебо, кӯҳҳои осмонбӯс, чашмаҳои шифобахш, сарватҳои зеризаминӣ, мавзъеҳои таърихӣ ва бо мардуми соҳибмаърифат ва меҳмоннавозаш   машҳури дунё гардида, ба мавзеи муҳими сайёҳӣ табдил ёфтааст.  Имрӯз сайёҳоне, ки аз сарзамини биҳиштосоямон дидан менамоянд, кишварамонро ҳамчун яке аз минтақаҳои осоишта, бехатар  ва мардумашро меҳмондӯст ва нексиришт муаррифӣ менамоянд.

Аз тариқи воситаҳои ахбори омма ва шабакаи Интернет аз бераҳмона ба ҳалокат расонидани сайёҳони хориҷӣ хабардор гардидем.   Шахсоне, ки ба ин амали нангин даст заданд аз табори бешарафон мебошанд, ки ба Ватан-модари худ хиёнатро раво мебинанд. Боиси  нигаронист, ки  имрӯзҳо ин тоифа ба ин амали разилона даст зада, доғи ҷомеаи мо мегарданд.  Онҳо  намеандешанд, ки оқибати ин амали нопок ба кадом фоҷиа оварда мерасонад. Таассуфовар аст, ки баъзе ҷавонони гумроҳ то ҳанӯз ғаразҳои нопоки шахсиву гуруҳии душманони миллатро бо супориши хоҷагони хориҷӣ барои ноором намудани ҷомеа амалӣ менамоянд. Ин амали палиди онҳо боиси изтиробу сархамии миллати тоҷик мегардад. Мо, мардуми шарафманди Тоҷикистон хуб эҳсос ва дарк менамоем, ки  паси ин ин манфиатҳо ва найрангҳои тоифаи харидшудаи миллат нуҳуфтааст, ки бо ин амалҳои разилона  мехоҳанд ба  солимии авзои ҷомеа хатар эҷод намоянд.

Мо ба истиқлолият ва ваҳдати миллии давлату миллати хеш ифтихор мекунем ва шукрона аз он менамоем, ки соҳибватану соҳибистиқлол ҳастем. Мо пайравони Пешвои миллат, нигоҳдорандагони ҷомеаи солим, ташаббусҳои созанда, дастовардҳои илмиву эҷодӣ, мубориз ба муқобили зуҳуроти номатлуб гардида, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода ҳастем.

Туҳфа ХИСРАВБЕКОВА,
директори муассисаи МТМУ №10, шаҳри Бӯстон 

Add comment


Security code
Refresh