Кирдори ҷинояткорон нобахшиданист!

Хабари ба марг расонидани сайёҳони хориҷӣ аз ҷониби як гурӯҳ авбошон, ки 29 июли соли 2018 ба вуқӯъ пайваст, маро ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бетараф нагузошт.

Ба ҳалокат расонидани сайёҳони хориҷӣ, ки аз кишварҳои Олмону Швейтсария, Фаронса, Амрикову Нидерландияи Аврупоанд, қалбамро гӯё хуншор кард. Ин гурӯҳи сиёҳдилон номи шарафманди Тоҷикистону тоҷикистониёнро паст заданӣ шуданд. Шууру ақли ваҳшиёнаи ин ифротгарон ва авбошони беорро маҳкум мекунем!

Бо ин кирдори разилона пастфитратон, нотавонбинон, кӯрнамакон ҷамъиятро ноором карданӣ мешаванд. Ваҳшонияти ин авбошон гувоҳи он аст, ки онҳо шараф ва виҷдон, қувваю қудрати тавоно, қалби инсонӣ ва дасту бозуи гиро надоранд, забон ва Ватану миллати худро поймол намудаанд!

Соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудааст, ки боиси дастгирии мардуми меҳандӯсти мо гардид. Иқдоми нек баҳри сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ шароити мусоид фароҳам овард. Тоҷикистон мавзеъҳои диққатҷалбкунандаи тамошобоб, минтақаҳои истироҳатӣ, варзишӣ ва сайёҳиро доро аст.

Зиёрати сайёҳон ва меҳмонии онҳо ба кишвари мо аз манфиат холӣ нест. Сайёҳӣ имконият медиҳад, ки дӯстию рафоқати тоҷикон бо миллатҳои гуногуни ҷаҳон боз ҳам мустаҳкамтар гардад. Меҳмонон аз таърихи кишвари куҳанбунёди мо огаҳӣ ёбанд.

Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик таърихи куҳан дорад. Бо мардуми шарафмандаш дар тамоми олам ифтихор менамояд.

Вале сад таассуф, ки байни миллату халқияти ориёинаҷоди мо ҳанӯз ҳам кӯрнамакон ҳастанд. Аз обу намаки Ватан мечашанду меошоманд!

Ҳанӯз ҳам ба қадри зиндагии ором, сериву пурӣ, сулҳу амният нарасидаанду кӯрнамакӣ зоҳир мекунанд. Фаҳмидан намеҳоҳанд, ки тараққиёти мамлакат, оромию осудагӣ муҳимтаринанд барои инсон.

Имрӯз бо тамоми овоз ва қувваю қудрати меҳанпарваронаам гуфтаниам, ки ин гуна одамони бадкирдорро чашми дидан надорам! Дар ҷамъияти мо барои ин гуна нохалафон ҷой нест! Кӯр бод чашми бинои онҳо!!!

Хуршеда Наҷмиддинова,
сокини шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh