Ҳамла ба сайёҳон хиёнат ба Ватан аст!

Мо масъулини бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот ва танинандозии ваҳдати миллӣ намуда, кирдорҳои нохалафонае, ки аз тарафи хоинони миллат дар кишвари азизамон нисбат ба сайёҳони хориҷӣ анҷом дода шуд, шадидан маҳкум менамоем.

Тавре аз расонаҳои хабарии кишвар огаҳӣ пайдо намудем, кирдори содиршуда аз тарафи ноҷавонмардон сурат гирифта, дар паси он андешаҳои муғризонаи аъзо ва пайравони ташкилоти экстремистӣ - террористии ҳизби наҳзати ислом ва дигар хоинон нуҳуфтааст, ки дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” мехоҳанд нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи олам коҳиш дода, садди роҳи ҳузури гардишгарон шаванд.

Хушбахтона, бо ҷасорат ва матонати шикастнопазири фарзандони ҷасуру далери Ватан бархе аз ин хоинон безарар гардонида шуда, дастгир ва ҷазои сазовори қонунӣ хоҳанд гирифт.

Дар шаҳр бо мақсади маҳкум намудани чунин хиёнаткориҳо корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ сурат гирифта истодааст.

Бо сарварии раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷаласа баргузор шуда, аъмоли хиёнаткорон байни аҳли ҷамоатчигӣ маҳкум гардид.

Дар робита ба ин, ходимони дин низ дар ҳузури васеи аҳолӣ аъмоли разилонаи хоинонро маҳкум намуданд.

Мо - ҷавонон, бахусус масъулони соҳаи кор бо дин ва танзими анъанаву ҷашну маросим сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакатро ҳамеша ҷонибдорӣ намуда, баҳри пешгирии чунин падидаҳои номатлуб аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳем намуд.

Асрор ХУШДИЛОВ,
мутахассиси пешбари бахш
оид ба корҳои дин, танзими
анъана ва ҷашну маросим
дар шаҳри Бӯстон

Add comment


Security code
Refresh