ЭРОН ва ТТЭ ҲНИ: БУМЕРАНГ ва КАЖДУМИ ЗЕРИ БУРЁ

Дар урфият мегўянд, ки агар ба даре ангушт задӣ, ҳатман ба дари ту бо мушт мезананд. Мо мисоли инро дар ҳаводиси ахири Ҷумҳурии Исломии Эрон мушоҳида кардем. Режими имрўзаи Эрон, ки яке аз асосгузорон ва режиссёрони пасипардагии ҷанги хунини солҳои навадум дар Тоҷикистон буд, инак фурсате расидааст, ки дар вуҷуди худ ин тавтеаро эҳсос кунад. Албатта бо ин гуфтаҳо намехоҳем, ки дар Эрон ҷидолу низоъ сар занад ва хуни ҳазорон нафари бегуноҳ ба хок оғушта гардад. Аммо таҷрибаи зиндагӣ ба ислоҳи русӣ «бумеранг»-ро ба хотир меорад, ки «ҳар чӣ киштӣ, ҳамонро бидравӣ» гуфтани Саъдии бузург имрўз пешорўи Эрон истодааст.

Аз он ки Эрон ТТЭ ҲНИ-ро чун як аппарати вайронкору хунхор сохт, ҳама медонанд, ягон ҷои баҳс ва шакку шубҳа нест. Дар солҳои навадум паноҳгоҳ ҷустани саркардагони ТТЭ ҲНИ дар Эрон ва аз Эрон истода маблағгузорӣ кардани ба ном «муҷоҳидон» далели ин гуфтаҳост.

Бо вуҷуди он ки аз солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандии Тоҷикистон солҳо гузашт, аммо тарзи корбурди режими охундии Эрон дигар нашуд. Аз марҳамати инсондўстии Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тамоми размандагонро авф кард,  ТТЭ ҲНИ сабақ нагирифт. Барои якпорчагии миллату давлат талош накард. Боз ба маслиҳату насиҳатҳои хоҷагони Эронӣ дода шуд. Мисли «каждуми зери бурё» ва «мори зери остин» Эрон ТТЭ ҲНИ-ро баъди созишномаи сулҳ парвариш ва маблағгузорӣ карду алайҳи миллати тоҷик шўронд, ки ҳодисаи моҳи сентябри соли 2015 дар лавҳи хотири таърихи Тоҷикистони навин мисли як доғ боқӣ монд.

Саркардагони ин дасиса ба Эрону Аврупо ва дигар кишварҳо думро хода карданд. Мардум андак нафаси осуда кашид, Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қиболи дасисаи пинҳонии Эрон ба хотири суботу ҳамкорӣ хомўш истод. Аммо қатли ваҳшиёнаи сайёҳон бо дастури ҶИЭ аз ҷониби ТТЭ ҲНИ дар вилояти Хатлон оҳи ҷонсўзи миллатро ба фалак печонид. Онҳо хостанд нишон бидиҳанд, ки эътимоди кишвари бузурге чун ИМА-ро аз сиёсати пешгирифтаи Тоҷикистон бикоҳонанд. Аммо Президенти ИМА Доналд Трамп бо ирсоли як нома иқдомҳои Тоҷикистонро бобати несту нобуд кардани террористон шоистаи таҳсин унвон кард, ки тири ТТЭ ҲНИ ва хоҷагони охундии он хок хўрд.

Рўзҳои охир бори дигар ба кўчаҳо рехтани мардуми ҷонбалабшудаи Эронро тариқи расонаҳо дида, кас ба хулосае меояд, ки бадхоҳи миллати тоҷик ҳеҷ ба мақсад намерасад. Онҳо хостанд, ки дар Тоҷикистони сулҳофар оташи ҷангро бори дигар афрўзанд, аммо қисмат коре кард, ки имрўз худи Эрон дар арафаи чунин нобасамонӣ қарор дорад ва шубҳае нест, ки онҳо посухи сўистифодаи муҳаббатҳову самимияти Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз издиҳоми мардуми ба кўчаҳо фурў рехтаи худашон хоҳанд дид.

Охир таърих ҳам як вуҷуди зинда аст. Хуни ҳазорон сокинони бегуноҳ, ашки модарону падарон ва оҳи мазлумонаи хоҳарону кўдакон дар солҳои навадум Эронро ором намегузорад. Гузашта аз ин, кўшиши табаддулоти давлатӣ дар соли 2015 ва қатли ваҳшиёнаи сайёҳони хориҷӣ ҳодисаҳои оддӣ нестанд, ки бахшида шаванд. Агар инсоният бахшад ҳам, Худо ҳаргиз нахоҳад бахшид. Ҳатман чўби бумерангро сўи касе партоб кунӣ, бозпас ба сари худат хоҳад омад.

Набиюллоҳ СУННАТӢ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh