Ҳоҷӣ он нест, ки дар дидаву дин бошад...

Дар майдони 12 гектар замин сурат гирифтани бунёди Масҷиди марказии ҷомеъи шаҳри Душанбе, ки аз 4 манораи баландиаш 75 метра ва 24 гумбази хурду калон иборат хоҳад буд ва калонтарин дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсуб хоҳад ёфт барои фарогирии 105 ҳазор нафар намозгузор пешбинӣ гардида истодааст, ки намунаи равшану олии муҳайё намудани шароит баҳри анҷоми фаризаву суннатҳои динии мардуми кишвар аз ҷониби давлату Ҳукумат маҳсуб меёбад.

Дар баробари муҳайё намудани шароит баҳри иҷрои аркони дини мубини ислом бо талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри омӯзиши моҳияти дини мубини ислом дар кишвар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит таъсис дода шуда, 30 майи соли равон Сарвари давлат бо гузоштани санги асос ба бунёди иншооти нави Донишкада, ки барои 1500 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардида, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо харҷи 136 миллион сомонӣ дар майдони қариб 3 гектар бунёд мешавад оғози расмӣ бахшиданд. Ҳамзамон дар заминаи Донишкадаи мазкур хобгоҳ барои 1500 нафар, ошхона бо 490 ҷой, толори варзишӣ бо 260 ҷой ва маҷлисгоҳ бо 550 ҷойи нишаст, китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ бунёд мегардад, ки шоистаи зикр мебошад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳаҷ яке аз рукнҳои панҷгонаи дини мубини ислом буда, солҳои пеш мардуми мо орзуи ба зиёрати хонаи Худо рафтанро мекарданд. Пас аз соҳибистиқлол гардидани кишвар, сафарбаркунии шаҳрвандон ба ҳаҷ аз ҷониби ширкатҳо ва шахсони алоҳида боиси нороҳативу озурдахотирии зоирин гардида буд. Хушбахтона, бо мақсади  дар сатҳи баланд ва муташаккилона баргузор намудани ин маъракаи басо муҳими динӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба тартиб даровардани гузаронидани ҳаҷ ва умра” аз 2 декабри соли 2005, № 470 ба тавсиб расида, ташкили ин маърака ба зиммаи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор ва бесуботиву бенизомӣ дар раванди ба ҳаҷ сафаркунии сокинон пешгирӣ шуд.

Агар ба маънӣ ва далоили фарз будани ҳаҷ назар афканем, маълум мегардад, ки ҳаҷ дар истилоҳи шариат ба маънои қасди махсус дар вақти махсус ба макони махсус аст. Ҳаҷ бо ояти Қуръон, ҳадиси набавӣ ва иҷмои уммат фарз шудааст. Худованд дар Қуръони карим сураи Оли Имрон мефармояд: «Ва ҳаҷҷиинхонафаризаиилоҳӣастбаркасоне, китавоноӣ-(и молӣвабаданӣ) барои рафтан ба он ҷородоранд». Ба назари банда мурод аз доштани тавони молӣ ва тавони баданӣ ин ба таври кифоят доштани маблағ барои адои ҳаҷ ва вазъи саломатӣ маҳсуб меёбад. Аз нигоҳи дигар доштани маблағи хароҷоти сафар аз шартҳои асосии ҳаҷ ба ҳисоб меравад. Иддае аз сокинон бо гирифтани қарз ё бо фурӯхтани ашёи зарурии зиндагӣ ба ҳаҷ мераванд. Ҳол он, ки тибқи аҳкоми шариат ба ин гуна ашхос ҳаҷ фарз намебошад ва шариати ислом рафтани чунин шахсонро ба ҳаҷ бо чунин ҳолат ҷоиз намедонад.

Доштани вазъи хуби саломатӣ низ яке аз муҳимиятҳо барои иҷрои амали ҳаҷ маҳсуб ёфта, ба бемороне, ки қудрати сафар надоранд адои ин фариза воҷиб нест.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, 12-уми майи соли равон Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷамоатчигии кишвар мулоқот ороста, дар мавриди поку беолоиш нигоҳ доштани дини мубини Ислом ва пешгирии ҳамагуна риёкориҳо ибрози назар намуданд. Вобаста ба иҷрои ҳаҷ Сарвари давлат иброз доштанд, ки “Дар тазкираҳо ривоят шудааст ва Мавлонои Балхӣ низ дар “Маснавии маънавӣ” овардааст, ки чун султони орифони олам Боязиди Бастомӣ озими хонаи Худо шуд, пас аз фурсате аз роҳ баргашт. Дӯстон пурсиданд, ки ҳеҷ аз роҳ намегаштӣ, чӣ пеш омад? Гуфт: Марде дар роҳ дидам, ки пурсид: Куҷо меравӣ? Гуфтам: Ба ҳаҷ. Гуфт: Чӣ дорӣ? Гуфтам: Дусад дирҳам. Гуфт: Биё, ба ман деҳ, ки соҳибаёлам ва ҳафт маротиба гирди ман даргард, ки ҳаҷҷи ту ин аст. Гуфт: Чунон кардам. Мард гуфт: Эй султони орифон, ҳеҷ донӣ, ки Парвардигори оламро ду хона аст? Гуфтам: На. Гуфт: Бидон, ки яке хонаи гилин аст (ишора ба ҳарам дар Макка), ки аз лаҳзаи бунёдаш то ҳанӯз вориди он нашуда ва дигаре хонаи дил, ки аз лаҳзаи офариданаш то ба имрӯз аз ӯ берун нашуда. Ва ҳам бидон, ки Худованд дар китобаш як бор «хонаи ман» ва ҳафтод мартаба «бандаи ман» гуфтааст. Ин шунидам ва аз роҳ бозгаштам”.

Пешвои муаззами миллат ҷавҳари дини мубини исломро ташаккули инсони солеҳ ва хирадманд, ки дасти мададашро ба эҳтиёҷмандон ҳамеша дароз менамояд унвон доданд. Дар ин замина фармудаи Мавлонои Балхиро мисол оварданд, ки:

Тавофи каъбаи дил кун, агар диле дорӣ,

Дил аст каъбаи маънӣ, ту гил чӣ пиндорӣ?

Ҳазор бор пиёда тавофи каъба кунӣ,

Қабули Ҳақ нашавад, гар диле биёзорӣ.

Дар ин маврид вобаста ба саҳмгузории фаъолону шахсони саховатманд ҷиҳати бунёди мактабу бунгоҳҳои тиббӣ, баровардани об, таъмири роҳу сохтани пулҳо даъват ба амал оварда, баён доштанд, ки “Ашхоси доро ва сарватманд бояд саъй кунанд, ки садақаашонро аввал ба бародару хоҳари камбизоат, хешу табори наздик, ҳамсоягон ва одамони камбизоат, ятимону маъюбон ва ашхоси ба инҳо монанд диҳанд. Ё маблағҳои худро ҳамчун садақаи ҷория барои обод кардани деҳаву манзил, маҳалли зист, об овардан, пул сохтан, роҳ бунёд кардан, сохтмони мактабу бунгоҳи тиббӣ ва дигар корҳои нек сарф кунанд, ки он хайри солеҳ мебошад”.

Дар фарҳанги дини мубини Ислом садақаи ҷория мисли кори хубест, ки то рӯзе, ки инсонҳо аз он баҳраманд мешаванд савобаш ба садақадиҳанда мерасад.

Обод кардани деҳаву манзил, маҳалли зист, об овардан, пул сохтан, роҳ бунёд кардан, сохтмони мактабу бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар корҳои нек дар аҳодиси Пайғамбар (с) ҳамчун садақаи ҷория маҳсуб меёбад.

Ин аст, ки бархе аз шахсони сарватманду саховатманд бо дарки масъулияти баланди ватандӯстиву эҳсоси муҳаббат ба сарзамини аҷдодӣ ба ҷои сафар ба ҳаҷ баҳри вусъати корҳои ободониву созандагиҳо дар мамлакат саҳм гузошта истодаанд. 

Аз ҷумла соли 2015 Норбибӣ Дӯстмуродова, ки 16 сол боз бо нияти сафари Ҳаҷ маблағ ҷамъ мекард, пулҳои пасандозашро барои сохтани ду пули мошингузар дар зодгоҳаш сарф кард, ки ин ду пули мошингузар деҳаҳои Метку Хишекати ноҳияи Деваштичро ба ҳам пайваст. Норбибӣ Дӯстмуродова аз ҳисоби маблағҳои нафақа ва кори деҳқониаш, ки дар давоми 16 сол 105 ҳазор сомонӣ ҷамъ овардааст, ният дошт, ки ба зиёрати Хонаи Худо ба Каъба сафар кунад. Аммо ӯ бунёди кӯпруку ободонии роҳ ва осон намудани мушкили чандинсолаи сокинони ин деҳаҳоро авлотар дониста, маблағи ба нияти ҳаҷ ҷамънамудаашро барои хурсандии халқу ободии Ватан нисор кард.

         Ё ин ки соли 2016 собиқадорони соҳаи маориф, зану шавҳар сокинони шаҳри Истаравшан Муҳаддиса Сайфуллоева ва Ғаниҷон Эшматов маблағи барои тавофи Хонаи Худо - Каъбаи мукаррама ҷамъовардаи худро ба хатнасури 15 тифли Хонаи кӯдакон ва оилаҳои камбизоат сарф карданд.

Ба ин монанд Бобомулло Эсоев, як сокини деҳаи Марғедари шаҳри Панҷакент, 60 ҳазор сомонӣ маблағи барои зиёрати Ҳаҷ ҷамъовардаашро барои сохтмони як пули мошингузар масраф намуд, ки мушкили сахти сокинони 10 рустои Ҷамоати Рӯдакиро осон кард.

Соли равон бошад, Раҳмоналӣ Шарифов, сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, тасмим гирифт, ба ҷойи ба Ҳаҷ фиристодани писараш дар маҳалли зисти худ як майдончаи варзишӣ созад. Ин сокини вилояти Хатлон гуфтааст, ки сохтмони майдончаи варзишӣ садақаи ҷория аст ва “ин иншоот пас аз сари мо ҳам мемонад”.

Инчунин 6-уми июли соли 2018 дар селроҳаи даромадгоҳи мавзеи дурдастарини ноҳияи Деваштич - деҳаи Метк, ки дар паҳлӯи он мактабу чанд хонаҳои истиқоматӣ мавҷуд аст ва ҳангоми боришот сел ба сокинон хатар эҷод мекард, бо иқдоми неки бонуи 80 солаи деҳа Маҳтобхон Фозилова пули нав мавриди истифода қарор гирифт.Маҳтобхон 70 ҳазор сомонӣ маблағи пасандозашро, ки бо нияти зиёрати Хонаи Худо ҷамъоварӣ намуда буд, барои сохтани пул ҳадя кард. Дар тантанаи ба истифодасупории пули нав роҳбари гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам ва дигар шахсони расмӣ ширкат намуданд.

Ба ин монанд метавон бисёр мисолҳоро оид ба амалҳои неку шоистаи ҳамватанонамон дар саҳмгузорӣ ба корҳои ободониву созандагии кишвар баён намуд.

Дар баробари ин корҳои хайру саховат ва амалҳои солеҳи ҳамватанон, ки маблағҳои ба нияти анҷом додани сафари ҳаҷ ҷамъ овардаи худро баҳри ободии Ватани маҳбуб масраф мекунанд, боз иддае аз инсонҳое ҳастанд, ки адои маносики ҳаҷро танҳо баҳри риё ва худнамоӣ анҷом медиҳанд. Ё бар ивази он, ки пас аз адои маносики ҳаҷ ба кулли тағйир ёбанд, баръакс бо амалу кирдори ноҷои хеш ба номи “ҳоҷӣ” иснод меоваранд. Масалан даст ба ҷиноят задани ҳоҷиҳо, чунончӣ дар соли 2012 ва панҷ моҳи соли 2013 - 50 нафар ҳоҷӣ ҷиноят содир кардаанд ва ё сарфи назар намудани фарҳангу тамаддуни миллӣ ва дар шуурашон ҷой гирифтани андешаҳои тамоюлҳои бегонапарастӣ ва тақлид ба фарҳанги бегона ва амсоли инҳо рафтору кирдоре мебошанд, ки тамоман ба шаънӣ “ҳоҷӣ” намезебад. Мушоҳида мешавад, ки баъзе аз ҳоҷиёни мо пас аз баргаштан аз хонаи Худо на балки сират, балки сураташонро тағйир дода, ҳоҷигиро танҳо дар сиёҳпӯшӣ ва тақлидкории ба фарҳанги ба миллати мо бегона мебинанд.

Чунончӣ аъзо ва пайравони ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом, ки қариб ҳамагӣ унвони ҳоҷиро ба даст овардаанд, аммо рафтору кирдорашон саропо аз хиёнату буҳтон ва разолат аст, собит месозад, ки онҳо ҳаҷро на барои ислоҳи хеш, балки барои исботи мусалмониашон анҷом додаанд, то иддае аз мардуми сустиродаи зудбоварро ба доми худ кашида, амалҳои пасипардагиашонро бо дасти онҳо анҷом бидиҳанд. Аз ин бармеояд, ки ҳоҷӣ шудани наҳзатиҳо на барои ризоияти Худованд аст, балки барои тағйир додани симои зоҳирӣ ва ҷалби мардум ба сафҳояшон аст. Зеро инҳо ҳизби наҳзатро низ на барои ҳимояти исломи пок, балки барои сӯйистифода ва ба даст овардани боварии бештари мардуми мусалмон ва дар зери ниқоби ислом ба даст овардани манфиатҳои зиёди молӣ аз хоҷагони хориҷӣ таъсис дода буданд.

Бо супориши Муҳиддин Кабирӣ роҳандозӣ гардидани ошӯби мусаллаҳонаи ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода, аён гардидани паҳлуҳои норавшани хиёнатҳои наҳзат дар филми “Решаҳои ноаён” бори дигар аз тинати нопоки наҳзатиёни ҳоҷисурати шайтонсират шаҳодат медиҳад.

Агар дар замони соҳибистиқлолии кишвар зиёда аз 200 ҳазор нафар зиёрати хонаи Худоро ба ҷо овардаву ҳоҷӣ шудаанд, пас ин 200 ҳазор нафар ҳоҷиҳо ҳар рӯз не, балки ҳар сол як кори некеро, аз қабили бунёди бунгоҳи тиббӣ, мактаб, майдончаи варзишӣ, ҳаммом, сартарошхона, ободонии роҳ, сохтани пул, об баровардан ва ё ягон иншооти хизматрасонии дигар анҷом диҳанд пас дар се соли омодагиҳо ба таҷлили сазовори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар 600 ҳазор кори нек ва ё иншооти гуногуни хизматрасониву иҷтимоӣ анҷом мепазирад.     Чун имрӯзҳо дар саросари кишвар маъракаи омодагиҳо ба сафарбаркунии зоирин ба хонаи Худо сурат мегирад, гуфтанием, ки бояд ҳоҷиҳои мо на дар зоҳир, балки ботинан ҳоҷӣ ва намунаи ибрати дигарон бошанд. Зеро:

Мамнур НУРЗОДА,
мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва
робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон

Add comment


Security code
Refresh