Ба ифротиён нафрат мехонем!

Ростӣ он нафратеро, ки нисбати ваҳшониятҳои ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва ба ном "Давлати исломӣ" дорем, бо калимаҳо ифода кардан бароямон хеле мушкил аст. Ислом динест моломоли адолату садоқат, поку мусаффо, солиму ҳаким, раҳиму раҳнамо. Ҳамчунин, вазифаи мо - мусулмонон аз он иборат аст, ки аз як сӯ, барои раҳоии инсонҳо аз даҳшати терроризм паҳлӯ ба паҳлӯ мубориза барем, аз сӯи дигар дини мубини Исломро аз доғҳои сиёҳ ҳифз менамоем.

Аҳолии осоиштае, ки дар амалиёти террористии Афғонистон, Сурия Лубнон, Фаронса, ИМА ва дигар кишварҳои олам аз дасти террористон ба қатл расиданд, пеш аз ҳама, инсон буданд. Сад афсӯс, ки бархе аз ҷавонони ноогоҳи тоҷик низ ба доми ин гӯруҳ афтодаанд.

Имрӯзҳо аз расонаҳои хабарӣ воқеаҳои мудҳиштаринеро нишон медиҳанд, ки таърихи инсоният ин гуна ваҳшониятро дар хотир надорад. Террористи манқуртшудае бо нидои "Аллоҳу Акбар" сари модари хешро аз тан ҷудо намуд, ки боиси лаънату нафрини мардуми дунё, аз ҷумла модарон гашт.

Мо ҳамчун модар ба ин кӯрдилону хирасарони аз кӯчаи Ислом нагузашта нафрат мехонем!!! Ин кӯрдилон намедонанд, ки Аллоҳи таъоло биҳиштро зери пои модарон гуфтааст.

Бо лаънат хондан мо баҳри пешгирии терроризм саҳме намегузорем. Чӣ дар оила, чӣ дар муассисаҳои таълимӣ, бо ҷавононе, ки бекоранду аз бесаводӣ ба ҳар гуна роҳҳо мераванд, алоқадри фаҳмишу донишамон ҳамсуҳбат шуда, маслиҳатҳои муфид диҳем, роҳҳои дурусти зиндагиро нишон диҳем.

Фарзандон бояд хирадманд ба воя бирасанд, шарму ҳаё шиорашон бошад. Онҳо бояд донанд, ки хулқи бад душмани бадтарин асту ростӣ инсонро ба ҳақиқат мебарад. На ҳама волидайн вазифаи аслии хеш - тарбияи фарзандро дуруст иҷро мекунанд, дар натиҷа онҳо кӯчагард, дурӯғгӯву фиребгар мешаванд.

Муддатҳои тӯлонӣ дар муҳоҷирати корӣ будани падарон - сарварони оила низ боиси аз тарбия дур мондани фарзандон мегардад. Бояд падарон аз ҳолу аҳволи фарзандони худ бохабар бошанд. Аз соҳибмаърифатии волидон чӣ гуна ба воя расидани афроди ҷомеа сахт вобаста аст.

Вале мақому нақш ва меҳрубонии омӯзгор таъсири дигар дорад. Муаллим метавонад умеду завқу шавқу ростӣ ва донишу илмро дар дилу мағз ва зеҳну замири шогирдон бикорад. Ӯ бо баёни ширин огоҳӣ ва ҳушёрӣ медиҳад, бурдбориву бедорӣ меомӯзонаду шогирдонро ба худшиносӣ раҳнамун месозад.

Д. САМЕҲОВА,
устоди Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон
дар шаҳри  Панҷакент

Add comment


Security code
Refresh