ҲНИ шохае аз дарахти хушкидаи терроризм

Тавре маълум аст, ДОИШ рӯирост эълон кардааст, ки «хилофати исломӣ» месозад ва қонунҳои ҷоҳилии асримиёнагиро ҷорӣ мекунад. Аммо ҲНИ корашро бо фиребу дурӯягӣ пеш мебарад. Он дар ҳуҷҷатҳои расмӣ худашро «ҷонибдори давлати демократӣ» меномад. Сабаби чунин дурӯягии наҳзатиён дар чист? Сабаб он аст, ки роҳбарони ҲНИ кайҳо аз мазҳаби ҳанафии тоҷикон рӯй гардонида, мазҳаби шиаро қабул намудаанд. Дар он мазҳаб тақия ё пинҳон кардани мақсади асосӣ як кори оддӣ аст. Мувофиқи мазҳаби шиа, дурӯғ гуфтан гуноҳ ҳисоб намешавад. Ҳамин хел, агар ДОИШ як гурӯҳи ифротгарои террористӣ бошад, ҲНИ гурӯҳи ифротгарои террористии мунофиқ аст. Яъне, дар ин масъала аз ДОИШ ҳам хатарноктар мебошад.

Ҷинояткорони наҳзатӣ аз авфи умумии соли 1998  истифода карда, 16 сол дар фазои сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон фаъолият намуданд. Дар ин давра соҳиби қасрҳои бошукуҳ, мағозаву бозорҳои калон, се-чортоӣ зан, боғу замин ва мошинҳои қимматбаҳо шуданд. Лекин афсӯс, ба ҷойи донистани қадри сулҳу ваҳдат, додани ҷавоби сазовор ба гузашту бахшиш бар зидди давлат нақшаи табаддулот кашиданд.

Ниҳоят, моҳи сентябри соли 2015 ин ташкилоти экстремистию террористӣ бо дастури бевоситаи хоҷагон ва дастпарвари худ генерал Ҳ.Назарзода нақшаи табаддулоти давлатиро амалӣ карданӣ шуда, ба сулҳу ваҳдату амнияти Тоҷикистон халал расониданд. Албатта, ин кӯшиши онҳо саривақт саркӯб шуду Тоҷикистони мо аз ин хатари аҷнабӣ наҷот ёфт. Аммо ин амали ҲНИ ба таври қатъӣ маълум кард, ки ин гурӯҳ дигар ислоҳ намешавад.

Ҳамин тавр, ДОИШ ва ҲНИ дар асл як ташкилот буда, тарроҳону хоҷагонаш, мақсад, идеология ва тарзи корашон ҳам як аст.

Маҳз ҳамин умумият ва ҳақиқатро ба назар гирифта, моҳҳои охир ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва кишварҳои қудратманди олам ҲНИ-ро ба рӯйхати ягонаи ташкилотҳои экстремистию террористӣ дохил карда, фаъолияти онро манъ карданд. Аз ҷумла, Созмони ҳамкории Шанхай, ки ба он кишварҳои Россия, Хитой, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон дохил мешаванд ва ҳамчунин, Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ), ки ташкилоти қудратманди минтақа мебошад, ҲНИ-ро якдилона ташкилоти экстремистию террористӣ эълон карданд. Политсияи байналмилалӣ ё Интерпол номи роҳбарони гурезаи ҲНИ-ро дар садри рӯйхати ҷинояткорони байналхалқӣ ва террористони хатарноки ҷаҳонӣ ҷой дода, ҳукми боздошти онҳоро дар тамоми олам додааст. Ин қарори қатъии ташкилотҳои байналхалқӣ ва кишварҳои бонуфузи ҷаҳон бори дигар моҳияти экстремистӣ ва террористии ҲНИ-ро исбот кард.

Лола Бобоева,
омӯзгори Коллеҷи омӯзгории
шаҳри Панҷакент

Add comment


Security code
Refresh