БОЗГАШТ АЗ ҶАҲАННАМ БА БИҲИШТ

(Пиромуни филми ҳуҷҷатии «Бозгашт аз ҷаҳаннам»)

«Бозгашт аз ҷаҳаннам» унвон гирифтани филми ҳуҷҷатӣ, ки дар телевизиони кишвар манзури ҳамватанон гардид, бори дигар моро ба зарбулмасали «Офтобро бо доман наметавон пўшид» мебарад, ки сад дар сад ҳақ асту рост. Танҳо чашми кўру дилу тинати торик онро наметавонад дарк кунад.

Қаҳрамони филм Айёмиддин Сатторов-яке аз муассисон ва мубаллиғони ТТЭ ҲНИ бо забони ҳол иқрор мешавад, ки воқеан аз ҷаҳаннам бозгаштааст. Дар гуфтори ў метавон эҳсос кард, ки ў дар ҳақиқат аз дўзах ба биҳишт омадааст. Чеҳра, тарзи гуфтор, бо сидқ иқрор шуданҳояш мазмуни он аст, ки гузаштаи торики наҳзату саркардагони он танҳо ва танҳо барои барқарор кардани хилофат дар сарзамини нозанини Тоҷикистон будааст.

Ҳамзамон аён мегардад, ки сиёсати духўраи Эрон: ҳам бо ҳукумат сари миз нишастану ҳам пинҳонӣ бо аъзоёни наҳзат барои сарнагун кардани сохти конститутсионии давлату миллати тоҷик нақша кашидани он моро бори дигар ба андешаву тадаббур бояд водор намояд, то ки бишносем дўст кисту душман кист?

Режими имрўзаи охундии Эрон, ки ҳатто аз он худи эрониён безоранд, ба ҷои он ки миллати Эрон зиндагии шоиста дошта бошад, тамоми пулу сарваташро барои барҳам задани осоиштагии Тоҷикистон ва ба хуну хок оғушта кардани миллати тоҷик сарф кардаасту то ба ҳанўз нақшаҳои шумашро амалӣ кардан мехоҳад. Аммо як нуқтаи таассуфбарангезе ҳаст, ки наметавон аз он сарфи назар кард: Нияти ба ҷангу хунрезӣ кашидани миллати сарбаланди тоҷик бо дастони фарзандони тоҷик, бо дастони наҳзатиён ва бо дастони ҷавонони гумроҳи миллат?

Ҳол он ки эрониён аз режими хуношоми охундиашон имрўзҳо ҷон ба лаб шудаанд ва тазоҳурҳои ахири сартосарии Эрон далели ин гуфтаҳост. Дар қиболи ин чеҳраҳои зишту хашини саркардаву роҳбарияти ТТЭ ҲНИ-ро метавон дид, ки чӣ қадар пеши хоҷагонаш сархаму сарафкандаанд. Наҳзатиҳо гумон карданд, ки бо пулҳои режими охундӣ танҳо ивази мазҳаб ба шиагӣ ва кайфу сафо мекунанд. На! Тамоми хўрдаҳояшонро аз биниашон охундҳо ҳоло хоҳанд кашид. Сарпарастону хоҷагони наҳзатиён ахиран диданд ва иқрор шуданд, ки сафи самимияти миллати тоҷик оҳанин аст ва касеву гўрўҳеву ҳизбе наметавонад онро шиканад, тирашон хок хўрд. Бори дигар машқу тамринҳои пинҳониро дар шаҳрҳои Эрон бо иштироки диверсантҳои зархариди тоҷик гузаронида истодаанд, то мисли солҳои навадум хоби нози кўдакони маъсуми миллати тоҷикро барҳам бизананд.

Аммо итминон аст, ки ба дунболи иқрорҳои Айёмиддин Сатторов дигар наҳзатиҳо ба худ меоянд, аз кардаҳояшон сидқан пушаймон шуда, аз ҷаҳаннам ба Тоҷикистони биҳиштосо меоянд ва пеши миллату давлати Тоҷикистон узр мепурсанд ва ба кардаҳояшон назди қонун ҷавоб мегўянд.

Нуқтаи хулосавии ин гуфтор ба як зарбулмасале рост меояд: «Бори каҷ ба манзил намерасад». Нияти каҷу бад низ ҳеҷ гоҳ амалӣ намешавад. Наҳзатиҳо ва охундҳо бояд донанд, ки Тоҷикистон масири хуберо соҳиб шудааст, он ВАҲДАТУ ҲАМДИЛӢ ном дорад ва касе онро шикаставу пора карда наметавонад! Ба миллати сарбаланди Эрон иқрорҳои Айёмиддин Сатторов як паёме бояд бошад, то ки онҳо бидонанд, сарвати миллаташонро ҳукумати охундиашон ба куҷо сарф мекунад.

Набиюллоҳ Суннатӣ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh