Терроризм - манбаи хатар

Максуда Ҳамроева,
 коллеҷи омузгории шаҳри  Панҷакент

Агар саҳфаҳои таърихро варақгардонӣ кунем, ба хулоса меоем, ки дар ҳама давру замон террористон амал мекарданд ва ба муқобили осудагиву сулҳу оштӣ шамшер аз наём мекашиданд.

Мутаассифона, бо пешрафти замон, тараққиёти техника террористон низ яроқу аслиҳа ва воситаҳои қатли инсонро нав мекунанд. Ҷойи тассуф аст, ки онон дар ҳар давру замон дар байни сарватмандони бехирад ва гурӯҳҳои алоҳидаи ҷомеа тарафдорон ва дастгирони худро доранд ва аз онҳо сарпарастӣ мебинанд. Баъзе сарварони моҷароҷӯйи кишварҳои алоҳида ва дастаҳои тундгаро террористонро ба сӯйи худ ҷалб намуда, онҳоро барои амалисозии ниятҳои даҳшатбори хеш истифода мебаранд. Террористон ҷавонони булҳавас ва зудбовару соддалавҳро ба доми фиреби худ кашида, бо ваъдаҳои пуч ба доми бало мепартоянд, аз Ватан, аз фарзандони дилбанд ва падару модари зор ҷудо месозанд. Бо маблағҳои фиребо, бо ҳидоятҳои хоинона онҳоро ба содир кардани кирдорҳои номатлубу барои ҷомеа зиёновар, ба куштору сӯхтор ва нобудсозӣ водор месозанд. Риққатовар он аст, ки чанде аз ҷавонони тоҷик низ фирефтаи доми макру тазвири гурӯҳҳои террористӣ амсоли ҲНИ, ДИИШ шуда, ба нокомиву фалокатҳои зиёд рӯ ба рӯ гаштаанд ва бархе ҷони ҷавони хешро бохтаанд.

Ҳамарӯза тариқи васоити ахбори умум, инчунин дар вохӯриву маҷлисҳо ва садову симо байни ҷавонон корҳои таблиғотиву ташреҳӣ гузаронида шуда, ононро ба дарки ватандориву хештаншиносӣ ва ғурури миллӣ роҳнамоӣ мекунанд. Ин аст, ки ҷавонон ҳоло барои рушду нумӯи ватани маҳбуб, ободгардонии маҳалли зисти хеш, хушбахтии оила ва донишандӯзиву ҳунаромӯзӣ кӯшиш карда истодаанд. Ин ҳама тадбирҳо албатта, самари хуб хоҳанд дод ва ҷавонон ба хубӣ вабои аср будани терроризмро дарк ва аз гурӯҳҳои ифротӣ ҳазар карда, ба муқобили зуҳуроти номатлуб баромада намегузоранд, ки ин мараз ба ҷомеаи мо реша давонад. Умеди мо ба насли ҷавон аст, зеро тақдири ояндаи миллату Ватан дар дасти онҳост.

Add comment


Security code
Refresh