Паноҳу дастгири ТТЭ ҲНИ кист?

Э.Салимов
омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии
сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ

Аз руи маълумотҳое, ки аз сарчашмаҳои интернетӣ ва васоити ахбори омма ба мо расидааст, дар нимаи моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо нақша дорад, ки дар Варшава конфронси солона «Оид ба чораҳои таҳқиқ шуда, дар самти андозагирии инсонӣ»-ро доир намояд. Чуноне, ки аз сарчашмаҳо ба мо дастрас гардидааст, дар ин шӯро аъзоёни Ташкилоти Терористи ва Экстремисти Ҳизби Наҳзати Исломи низ даъват шудаанд. Қайд кардан зарур ва ба маврид аст, ки аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизб манъ шуда аст.  Роҳбари ин ҳаракати тундгарову экстремистӣ Муҳиддин Кабирӣ, ки дар кофтуков қарор дорад, мехоҳад бо ширкати худ ташкилкунандагон ва меҳмонони ин конфронсро «хушнуд» созад ва аз таҷрибаи бузурги хоиниву миллатфурӯши хеш, афкори экстремистии худ дар раванди ин чорабинии ба ҷомеаи ҷаҳонӣ қиссаву ҳикоят намояд.

Тааҷҷубовараш дар он аст, ки аз 57 давлати аъзои Созмони Аҳдномаи Ҳамкории Аврупо 13 кишвар, инчунин сохторҳои дигари сиёсӣ ва ҳифзи ҳуқуқи байналмиллалии СМЗТ, СҲШ, МЗТ, ИДМ, СААД, Интерпол шомиланд, ки ҳизби мазкурро терористӣ ва экстремистӣ эътироф  кардаанд. Маълумот дар бораи аъзои ТТЭ ҲНИ, дар баробари ДИИШ, «Ал-Қоида», ҳаракати «Толибон» ва ғайраҳо таҳти рақами 79 ба феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ эътироф кардаанд.

Дар асоси Қарори Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки ба он Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон шомиланд, ТТЭ ҲНИ ба Феҳристи ягонаи ташкилотҳои дар қаламрави кишварҳои узви СААД террористӣ ва экстремистӣ эътирофшуда низ ворид карда шудааст. Феҳристро мақомоти салоҳиятдори онҳо ҳангоми амалиёти  якҷояи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ба инобат мегирад. Аз ин рӯ, Арманистон ва Беларус ба минтақаҳои дар боло зикршуда пайвастанд. Илова бар ин, ТТЭ ҲНИ ба Махзани маълумоти умумии МЗТ ИДМ, ки ҳайати васеъро (Беларус, Россия, Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон) дорост ва бо шарикони худ – Кумитаи зиддитеррористии ША СММ, Интерпол, СМЗТ СҲШ, СААД, Кумитаи коршиносон оид ба мубориза бо терроризми Шӯрои Аврупо (CODӮҶTӮҚ), гурӯҳи АвруОсиё барои мубориза бо қонунигардонии даромадҳои ҷиноӣ ва маблағгузории терроризм ҳамгироии зич, инчунин бо созмонҳои байналмилалӣ дар ИА, Исроил, Туркия, Эрон ва Арабистони Саудӣ ҳамкорӣ дорад, шомил карда шудааст. Яъне  рӯйхати ҷуғрофии давлатҳо, ки дар қаламравашон ҳизби зикршуда террористӣ ва  будубоши аъзои он ғайриқонунӣ маҳсуб меёбад, аз ҳисоби Озарбойҷон, Молдова, Туркманистон ва кишварҳои хориҷии дури болозикр меафзояд.

Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон (узви СҲШ) Мубашар Ҷовид Акбар зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки дар шаҳри Душанбе бо иштироки зиёда аз 400 нафар аз 48 кишвар ва 31 ташкилоти байналхалқию  минтақавӣ, аз ҷумла намояндагони САҲ доир шуд, нақши Тоҷикистонро дар мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм баланд арзёбӣ намуд. Дипломати ҳиндӣ ТТЭ ҲНИ-ро барои амнияти минтақа таҳдиди ҷиддӣ арзёбӣ намуд.

Моҳи августи соли ҷорӣ дар шаҳри Қоҳира оид ба фаъолияти ташкилотҳои экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ ва «Ихвон-ул-муслимин» таҳти унвони «Миср ва Тоҷикистон дар мубориза бар зидди ташкилотҳои террористӣ. Таҳқиқи муфассали фаъолияти «Ихвон-ул-муслимин» ва ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ» Конфронси байналмилалии илмӣ-тадқиқотӣ баргузор гардид. Дар рафти конфронс шабоҳати ба ҳам наздики таърихи ташкилотҳои террористии номбаршуда, алоқамандӣ ва ягонагӣ дар кӯшишҳои онҳо барои ноором кардани вазъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Миср зикр, инчунин дастгирии ин созмонҳои террористӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон исбот карда шуд.   

Имрӯз ҳар як фарди тоҷик бояд дарк намояд, ки кадом созмонҳои байналмилалӣ ва кадом давлатҳо барои сулҳу суботи Тоҷикистон камари ҳиммати «хирсона» бастаанд ва бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ин сулҳи бо ранҷ бадастовардаи  моро ба коми оташ бидиҳанду худ аз дур инро назорат карда, аз маҳсули кори зархаридони худ, ки фарзандони миллати моянд, лаззат мебаранд.

Мо, ҳар як узви ҷомеаи кишвар бояд биёед чашми сару  чашми диламонро боз карда барои якпорчагии ин Ватан аз як гиребон сар барорем!

Add comment


Security code
Refresh