Ҳимояи манфиатҳои миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванд

Моҳинисо Саидова,
 устоди коллеҷи омӯзгории
шаҳри Панҷакент

Ҷаҳонишавӣ дар баробари дастовардҳо паҳлӯҳои манфӣ низ дорад. Яке аз онҳо тавассути васоити ахбори омма таъсир расонидан ба маънавиёт ва арзишҳои миллии мо аст. Дар шароити муосир расонаҳои ахбории Тоҷикистон бояд пеш аз ҳама манфиатҳои миллии моро дифоъ намоянд. Манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки васоити ахбори омма  ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд. Ба ҳифзи оромиву  суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд.

Мо хуб медонем, ки дар шароити имрӯза дар Ватани азизи мо- Тоҷикистон ғайр аз ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин гурӯҳу ҳаракатҳои ифротгарое  низ ҳастанд, ки фаъолияташон тавассути хоҷагони хориҷӣ ба роҳ монда шуда, худ паси парда назорат мекунанд. ҲНИ ба ин гуна ҳизбҳое ворид мешавад, ки бо кирдорҳои номатлубаш мафкураи бархе мардуми кишварро ба гумроҳӣ бурд. Аз он шукргузорӣ менамоем, ки орзуи ин гуна ашхосе, ки ҳатто ба одам гуфтан онҳоро  забони кас намеравад, амалӣ нашуд ва ба ном «ҳомиён», яъне пушту паноҳашон, шахсоне ки ин гуна ноадолатиро ба сари мардум ва кишвари мо овардан мехостанд имрӯзҳо берун аз кишвари мо гурехта гаштаанд ва мумкин аст  хору залилона ҳаёт ба сар мебаранд. 

Add comment


Security code
Refresh