Вақти он расидааст, ки дӯстро аз душман бишносем...

Саидумрон Саидов,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

Инак вақте  ба воқеаҳои марбут ба фаъолияти ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) назар мекунем, эҳсос мекунем,ки дар амалҳои он ба ҷуз расидан ба манфиат ва ҳадафҳои ғаразноки чанд тан аз афроди ватанфурӯш чизеро намебинем. Бадбахтона ин ташкилоти террористиро созмонҳое чун Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо  дастгирӣ мекунад,ки онҳо дар қаламрави олам чун нерӯи созанда ва сулҳовар худро муаррифӣ менамоянд. Мусаллам аст, ки фаъолияти ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ, аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст ва ин қарор хулосаи Суди олии кишварест,ки онро кулли кишварҳои ҷаҳон чун давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мешиносанд ва САҲА низ дар ин бора маълумоти мукаммал дорад. Суоли ҷолиб ин аст,ки агар САҲА хостори сулҳу ваҳдат, бошад чаро ба қазияи мазкур аз як ҷониб менигарад? Оё САҲА қарори  57 давлати аъзои худро хатти бутлон мезанад,ки онҳо ТТЭ ҲНИ-ро террористӣ ва экстремистӣ эътироф кардаанд. Мутобиқи ахборот фаъолияти ТТЭ ҲНИ, дар радифи  ДИИШ, «Ал-Қоида», ҳаракати «Толибон» ва ғайраҳо дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ (Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон), бо  масоҳати  умумии  4,4 млн. км2 ва беш аз 3,3 млрд. аҳолӣ, яъне фарогири қариб ними аҳолии сайёра (аз 7,6 млрд.), манъ карда шудааст. Оё ин маълумот мавриди таҳлил ва омӯзиши роҳбарияти САҲА қарор дорад ё не? Ин суолест,ки паи ҷавоби он метавон ба чандин хулосаҳое даррасид, ки аз нияти ғаразноки ин ҷамъият ва нақшаҳои сиёҳи ташкилоти террористию экстремистии ТТЭ ҲНИ дарак медиҳад. Пас замоне расидааст,ки мо дӯстонро аз душманон фарқ гузорем ва андеша намоем,ки Ватани моро ки мехоҳад аз нав ба вартаи ҷангу ҷидол ва хунрезӣ тела диҳад....

Матлаби дигар ин ҷост,ки кишварҳое,ки хатари ташкилотҳои террористиро монанди ТТЭ ҲНИ дарк кардаанд, ҷониби Ҳукумати Тоҷикистонро дастгирӣ менамоянд ва барои ҳамкорӣ бар зидди ифротгароён омодагии хешро баён кардаанд. Чунончи Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон (узви СҲШ) Мубашар Ҷовид Акбар дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд ва ҷолиб ин ки намояндагони САҲА низ дар он ширкат доштанд, дар баробари аз нақши Тоҷикистон дар мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм сухан кардан ТТЭ ҲНИ-ро аз ташкилотҳои хафвнок дар минтақа маҳсуб донист..... Яъне ҳанӯз дар ҷаҳон фикри солим, ақидаи дуруст ва афроди ҳақиқатбин мавҷуданд ва ба воқеаҳо баҳои дуруст медиҳанд. Ва ҳамон суоли дигар рӯи кор меояд: чаро як бому ду ҳаво? Чаро САҲА ҷор мезанад, ки бар зидди терроризм мубориза мебарад вале ҳамоно ташкилотеро чун ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом пуштибонӣ мекунад.

Масъалаи дигар ин аст, ки бо тақдири Ватан  бозӣ кардан гуноҳи азим аст. ТТЭ ҲНИ бо истифода аз кулли имкониятҳояш мехоҳад Ватани азизи моро, ки ҳамзамон зодбуми аъзоёни ин ташкилоти террористӣ астноором намоянд.Оё дар ниҳоди эшон заррае муҳаббати кишвар, ёру азизон мавҷуд нест,ки мехоҳанд бо кӯмаки ташкилотҳое,ки аслан онҳо барои манфиати Ватани мо амалеро ба анҷом намерасонанд, ҳамкорӣ мекунанд. Онҳо оё медонанд,ки ин ташкилотҳо “дар либоси дӯстона кори  душман мекунанд”.Ин суолест ки ҳар як шаҳрванди Ватани азизамон ба он ҷавоб ҷӯяд.Зеро ҳини ҷавоб ҷустан масъалаҳои зиёд,ҳолатҳои мухталиф баррасӣ ва ошкор мешавад,ки бе муҳобо нафрати мардумро бар ин афроди нопок бештар месозад. Пас замоне расидааст,ки гузашта аз дипломатияву маданияти сиёсӣ ба воқеаҳо баҳои ҳаққонӣ диҳем,дӯстро аз душман имтиёз бахшем ва рӯшан донем,ки фардои дурахшони моро кӣ дидан намехоҳад?Танҳо он вақт мо метавонем ба ҳадафҳои олии худ комгор шавем.

Add comment


Security code
Refresh