Шукр, ки наҳзат маҳв шуд!

Ҷӯраев Ф.
дотсенти ДДҲБСТ

Солҳои 90-уми асри гузаштаро ба хотир орем, худ як дарсе барои сокинони ҷумхурӣ аст. Ба дасисаи ТТЭ ҲНИ дар кишварамон ҷанги шаҳрвандӣ ба вуқӯъ пайвасту ҳазорҳо сокинони бегуноҳ кушта шуда, бе хонаву дар ва дар кишвари бегона гуреза шуданд.

Имрӯзҳо Мухиддин Кабирӣ дар хориҷи кишвар қарор гирифта, нақшаҳои ғаразноки хешро бо дастгирии хоҷагони худ тарҳрезӣ намуда, ба сулҳу суботи кишвари азизамон Тоҷикистон мехоҳанд халал эҷод намоянд. Бояд зикр намоям, ки дигар мардуми тоҷик чунин сӯистифода аз бовариҳои диниро пушти сар кардаанд ва намехоҳанд ба хотири кадом як охунди мансабталабу ҷоҳхоҳ тақдири дину миллати хешро ба гарав гузоранд. Мо бояд шукронаи Истиқлолияти кишвар кунем ва барои гул-гулшукуфии он кӯшиш намоем, на аз қафои хочагони хориҷӣ шавему мансабталошӣ кунем.

Аъзоёни ҳизби наҳзат, ки даъвои Ислому худошиносӣ мекунанд ва аз номи дин сухан меронанд, ба ғайр аз ба дасти худ гирифтани ҳокимият ва мансаб дигар мақсад надоранд. Дар асл ин шайтонсиратон на ба Худо кор доранд ва на ба Расул ва ин муқаддасоту покиро танҳо барои ноил шудан ба мақсадҳои нопоки худ истифода мебаранд. Агар дар вуҷуди пайравони ТТЭ ҲНИ ақалан як зарра имону инсоф мебуд, ба хуни ин қадар мардуми тоҷик зомин намешуданд. Имрӯз бо фитнаҳои сиёсии худ боз мехоҳанд ба сари мардуми тоҷик нокомиву бадбахтӣ, куштору қашшоқӣ ва гуруснагӣ оварда, худашон шоҳу табъашон вазир шаванд. Вале мардум имрӯз дигар мардуми солҳои 90-ум нест, ки ба фитнаҳои ин тоифа бовар кунад.

Зеро, мақсади асосии ин ҳизб фақат иғвогарӣ, нотинҷӣ дар кишвар, тафриқаандозӣ байни мардум ва ғайра мебошад. Бояд таъкид намоем, ки мутобиқи моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», ки фаъолияти онҳо ба терроризм, зӯроварӣ, тағйир додани сохти конститутсионӣ ва маҳалгароӣ равона гардидааст. 

Хушбахтона 29 сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ гардонида шуда, ТТЭ ҲНИ-ро ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ эътироф намуда, фаъолияташро дар кишварамон манъ карданд.

Add comment


Security code
Refresh