ЧАШМИ НОБИН ЗЕБОӢ НАМЕБИНАД

Маърифат Мавлонова,
устоди ДПДТТ

Барои онҳое, ки ба қадри тинҷиву оромии кишвар намерасанд, гуфтаниам, ки ҳамагӣ 27 сол муқаддам бо айби иддае ба ном «равшанфикрон ва ошкоргӯён» қариб буд, ки ин миллат ва ин Ватан дар гирдбоди фано равад. Ҳазорҳо нафар тарки диёр намуда, иҷборан муҳоҷиратро пеш гирифтанд.

Имрӯз дар вобастаги ба муаммои ба миён омада, ки намояндагони ТТЭ ҲНИ аз минбарҳои худсохтаву амалкарди номатлубашон тарафдорӣ мекунанд, замоне мардумфиребӣ намуда мардумро алайҳи якдигар ба шӯр оварданд. Миллате, ки нону намакашро мехӯрданд, ноором ва вазъи озодиро халалдор намуда, заҳмату хизматҳои мардумро пушти по заданд. Имрӯз бошад бо якравию мутаҳамӣ садо баланд карда, дастовардҳои миллату давлатро нодида мегиранд, ин нобиноӣ ва ношукрии Кабириро мехоҳам бо як маҳфум ифода намоям, «ин айби чашми нобиност, ки зебоиро намебинад, мо мардумони сарбаланди ин диёр бошем шукронаи даврони мустакилияту озодӣ намуда, ба ояндаи дурахшони миллат бовар дорем.       

Кишвари биҳиштосои мо Тоҷикистони соҳибистиклолу комилҳуқуқ, воқеан ҳам, макони миллати босаводону соҳибназарон буду ҳаст. Зеро бо гузашти ҳазорсолаҳо ин миллати кӯҳанбунёд анъанаҳои неки ниёгон ва асолати хешро гум накард, балки имрӯз он аҳамияти бештари умумиҷаҳониро соҳиб гаштаву поянда  гардидаст.

Имрӯз нафарони нохалафе ба мисоли М.Кабирӣ ҳамаи ин неъматҳои даврони истиқлол ва дастовардҳои бузурги моро нодида гирифта, хостанд чунин арзишҳои олимақоми давлатиамонро аз байн баранд. Лекин бояд М.Кабирӣ ва зердастонаш, ки имрӯз ноҷавонмардона паси пардаҳо аз як тарафи олам ба мардуми тоҷик гапу кор меомӯзонанд, бояд донанд, ки ин сарзамин соҳиб дорад ва соҳибони аслии он танҳо оромиву осоиштагӣ мехоҳанд. Маҳз барои ҳамин баъди ифшо ва  маълум гардидани ТТЭ ҲНИ барои қатъи фаъолияти он дар кишварамон мардум низ ҳукми мамнӯъ доданд. Зеро онҳо низ медонанд, ки фаъолияти он барои осудаҳолии аҳолӣ набуда, балки худхоҳӣ ва мансабталошист ва оқибати кор онҳо ба ҳар гуна падидаҳои номатлуб оварда мерасонад.

Мояи ифтихор аст, ки барои ҷавонони мо фардои Ватан, сулҳу ваҳдат, ободиву осоиштагии мардум бефарқ нест, Ватани хешро дӯст медоранд ва дар оянда ҳам мехоҳанд, ки нафъи худро ба мардум расонанд. Бояд зикр кард, худшиносии миллӣ мебояд, то ки фирефтаи ҳар гуна тарғиботу ташвиқоти бегона нагардем ва ҳисси бегонапарастию тақлидҳои ба худ ва миллат зарароварро аз шуури худ дур намоем.

Add comment


Security code
Refresh