Чеҳраи иблиснамои наҳзатиён

  Ахмедова Ш.А. – сармуаллимаи кафедраи
 тарбияи ҷисмонии ДДҲБСТ

Таърихи афкору андешаи инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ҳеҷ вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, кӯҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони бесаводу чаласавод аст.

Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки бар зидди хурофот, нодонӣ ва ҷаҳолат овоз баланд кардааст.

Аз воқеаҳое, ки дар хоки давлатҳои Шарқи наздик ва мусалмоннишин сар зада истодаанд, маълум мегардад, ки барои ифротгаро ягон муқаддасот, аз қабили Ватан, миллат, дин, мазҳаб арзише надоранд. Онҳоро бо ҳар роҳу равиш афроди равшанфикр ва мутахассисони варзидаи миллиро нобуд месозанд, то аз маҳви бесаводии аҳолӣ истифода намоянд. Ин гурӯҳҳо зери таъсири ақидаҳои тунду ғаразнок ҷавонҳоро ба сафи гурӯҳҳои экстремистии хеш шомил гардонида ба иҷрои ҳама гуна амалҳои ғайриинсонӣ, ба монанди қатлу куштор, таркишу ғорат омода мекунанд.

Мутаассифона, дар Тоҷикистони азиз фарзандони нохолифе ба номи ҳизби наҳзати Ислом сар боло карданд, к ибо дилу сиришти иблиснамо аз номи дини мубини Ислом ҳарф зада, ба шаъни дини муқаддас иснод оварданд. Диндорону мардуми худотарсро фирефтаи ақидаҳои ифротии худ сохтанд. Дар натиҷа иддае аз ҷавонони раҳгумзадаи тоҷик дар баробари ба гирдоби ҷанги бемаънӣ афтодан, инчунин ҳамсару фарзандони худро низ ба кишварҳои ҷангзада даъват намуданд, ки нисбати он мисолҳои зиёде ҳаст.

Вақти он аст, ки мо бо тамоми масъулият нисбат ба ин амалҳои ғайриинсонӣ мубориза барем. Мо аҳли устодону омӯзгорон, ҳамчун синфи пешқадами ҷомеа, дар соатҳои дарсӣ оиди кирдорҳои ҷинояткоронаи ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, аз қабили ТТЭ ҲНИ, “ДИИШ”, “Толибон” ва амсоли инҳо маълумоти мушаххас дода, онҳоро аз роҳи каҷ ва бад нигоҳ дорем.

Add comment


Security code
Refresh