Мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳокими вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Эркинҷон Турдимов

8 сентябри соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳокими вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Эркинҷон Турдимовро, ки бо мақсади иштирок дар Рӯзҳои вилояти Самарқанд ба вилояти Суғд ташриф овард, ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо аз талошҳои сарони давлатҳо - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҷиҳати барқарорсозӣ ва густариши муносибатҳо ёдовар шуда, баимзорасии Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ҳодисаи фараҳбахш барои мардумони тоҷику ӯзбек арзёбӣ карданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода доир ба вазъи соҳаҳои саноату кишоварзӣ, сайёҳӣ ва имкониятҳои вилояти Суғд баҳри тавсеаи ҳамкориҳо маълумот дода, таъкид дошт, ки ҷониби вилоят барои густариши бештари ҳамкориҳо омода аст.

Ҳокими вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Эркинҷон Турдимов барои истиқболи самимӣ ба роҳбарият ва мардуми вилоят миннатдории худро баён дошта, изҳори умед намуд, ки баргузории Рӯзҳои вилояти Самарқанд дар вилояти Суғд минбаъд барои рушди ҳамкориҳо мусоидат хоҳад кард.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба тақвияти робитаҳо дар асоси Созишнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва гуманитарию фарҳангӣ мубодилаи афкор намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh