Тарбияи худшиносӣ чун омили пешгирии гаравиши ҷавонон ба созмонҳои террористию ифротгаро

Дар шароити имрӯза рушди амалҳои террористию ифротгароӣ ба яке аз мушкилиҳои ҷомеаҳои алоҳида ва аҳли башар табдил ёфтааст. Ин мушкилот аҳли башар ва мардуми ҷомеаҳои алоҳидаро ба таҳлука ва ташвиши зиёд андохтааст. Аз ин рӯ, мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба чунин созмонҳо ба яке аз ҳадафҳои муҳим дар шароити Тоҷикистон табдил ёфтааст. Солҳои охир шумораи зиёди ҷавонони тоҷик ба чунин созмонҳо пайваст гардида, боиси эҷоди хатар ба аминияти кишвар ва ҳамчунин коҳиши симои миллат ва давлати Тоҷикистон гардиданд. Чунин ҳолат зарурати пешгирии шомилшавии ҷавононро ба созмонҳои террористию ифротгаро боло бурдааст.

Ҳолати шомилшавии ҷавонони кишвар ба созмонҳои террористӣ ва ифротгаро моро ба он водор намудааст, ки дар мавриди механизмҳои муассири пешгирии ин раванд биандешем. Ба андешаи мо яке аз механизмҳои муассир дар ин самт тарбияи худшиносӣ ва худогоҳии ҷавонон мебошад. Тарбияти худшиносӣ ва худогоҳӣ аз чанд ҷиҳат метавонад дар самти пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба созмонҳои террористию ифротгаро муассир бошад.

Аввалан, худшиносӣ ва худогоҳии ҷавонон онҳоро зираку ҳушёр мегардонад ва имкон намедиҳад, ки ҳар гуна созмонҳои бадхоҳ ва ифротӣ онҳоро ба доми худ кашида бошанд. Ҷавонони худогоҳ ва худшинос нақшаҳо ва барномаҳои худро доранд ва дар ҳеҷ ҳолат қисми нақшаи шум ва манфиатҷӯёнаи дигарон намегарданд. Чунин баёне мавҷуд аст, ки агар дар зиндагӣ нақшаи худро надошта бошӣ, пас ту қисми нақшаи дигарон мегардӣ. Дар ин маврид, тарбияти худшиносӣ ва худогоҳӣ ба ҷавонон чунин имконеро фароҳам мекунад, ки самти зиндагияшонро мувофиқи нақшаҳои барномавияшон муайян кунанд ва қисми нақшаи дигарон, хусусан нафарони бадхоҳ нашаванд.

Дуввум, нафари худшинос ва худогоҳ арзишҳои хешро эҳтиром намуда, арзишҳои нафарони дигарро низ қадрдонӣ мекунад. Ӯ медонад ки ҳаёт, номус, арзишҳо ва ҳуқуқу озодиҳои дигарон барои онҳо муқаддас аст ва онҳоро эҳтиром намудан зарур аст. Дар сурати номувофиқии андешаҳо ва арзишҳо ва эҳтиром нагузоштан бар онҳо ҳадди ақал таҳаммулпазириро пеша месозад. Нафари худшинос ҳамеша кӯшиш бар он мекунад, ки арзишҳои худро чун намунаи хуби инсондӯстӣ, озодихоҳӣ, сулҳофарӣ ва нерӯбахшандагӣ муаррифӣ намояд ва на баръакс чун арзише, ки дар дили дигар мардумон нафрат ва адоватро ба вуҷуд оварда бошад. Аз ин рӯ, нафарони худшинос ва худогоҳ ҳамеша кӯшиш бар он мекунанд то улгӯи хубе барои муаррифии андеша ва арзишҳои худ ба дигарон бошанд.    

Саввум, нафари худшинос ва худогоҳ дар ягон ҳолат амали канора ва ифротӣ содир намекунад. Ӯ аз натиҷа ва паёмади ҳар амале ки анҷом медиҳад огоҳ ҳаст. Нафари худшиносу худогоҳ хубу бад, сиёҳу сафед, хираду ҷаҳолат, савобу гуноҳ, осудагиву парешониро аз ҳамдигар ҷудо карда метавонад ва дар ягон ҳолат тарафи бадӣ пой намегузорад. Танҳо он нафароне пой ба созмонҳои террористӣ ва ифротӣ мегузоранд, ки аз паёмадҳои даҳшатбори амалҳои худ огоҳ нестанд ва ё хубу бадро ҷудо карда наметавонанд. Ҳатто марги нафарони бегуноҳ, занону кӯдакон, вайрону валангор шудани шаҳру рустоҳо ва азобу машаққати мардум онҳоро аз ин роҳашон боздошта наметавонад ва чунин ба назар мерасад, ки онҳо ҳуввияти инсонии худро аз даст додаанд.

Чорум, нафари худшинос ва худогоҳ худро дар зовияи дурусти тааллуқ доштан ба ин ва ё он ҳуввият шинохта, ба ҳар ҷиҳати ҳуввиятии худ эҳсоси масъулият мекунанд. Масалан, худро чун писари хонавода, падари хонавода, намояндаи як миллат ва дин, шаҳрванди як кишвар шинохта масъулияти хешро ба ҳар ҷиҳати ҳуввияти худ дарк мекунанд ва кӯшиш бар он менамоянд, ки масъулиятҳои худро ба хубӣ иҷро намуда, муаррифгари хуби ҷиҳатҳои ҳуввиятии худ бошанд. Чуноне ки мушоҳида мешавад аксари нафарони ба созмонҳои террористӣ шомилмешуда тарки волидайн ва фарзандони худ мекунанд ва онҳоро ба гӯшаи фаромӯшӣ медиҳанд, нисбати миллат ва давлати хеш ягон эҳтироме дар қалб надоранд ва муаррифгари бади ҳуввияти динии худ буда, бо амали даҳшатафкании худ симои ҳаммилтатон ва дини хешро сиёҳ мекунанд.

Панҷум, нафари худшинос ва худогоҳ нақшаву барномарезии хуби зиндагиро доро аст ва ҳамеша дар пайи амалисозии онҳо равона буда, фурсате барои корҳо ва амалҳои беҳуда надорад. Чунин нафарон дониши кофӣ дар мавриди банақшагирии зиндагӣ доранд ва ниёз ба «машваратчиёне» чун тарғибгарони андешаҳои созмонҳои террористию ифротгароӣ надоранд. Дар ягон ҳолат тарғибгарони андешаҳои созмонҳои террористӣ ва ифротгароӣ таваҷҷуҳи ин нафаронро ба худ кашида наметавонанд, зеро чунин нафарон садҳо корҳои муҳими дигаре доранд, назар ба он ки иттилооти манфиатҷӯёнаи созмонҳои террористӣ ва ифротгароиро пайгирӣ намуда бошанд. Онҳо манфиатҳои худро хуб мешиносанд ва дар ягон ҳолат қисми нақшаи дигарон намешаванд.

Дар шароити Тоҷикистон моро зарур аст, ҳарчӣ бештар ба тарбияти худшиносӣ ва худогоҳии насли наврас аҳамият дода бошем. Моро зарур аст, насли ояндаро бо донишҳои муосир шинос намуда, тавонбахшии онҳоро тарзе ба роҳ бимонем, ки дар оянда ҳадафу барномаҳои худро амалӣ намоянд ва тавонанд зарфиятҳои доштаашонро баҳри созандагӣ ва ободии кишвар истифода карда бошанд. Дар шароити имрӯза тарбияти худшиносӣ ва худогоҳӣ яке аз кафолатҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба созмонҳои мамнӯъшудаи террористию ифротгаро дар кишвар мебошад.         

Солиев Ш. – ассистенти кафедраи
сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh