ФАРДОИ ТТЭ ҲНИ ХИРА АСТ

Бо ифтихори баланду сарфарозии беш аз пеш ва бо шукронаи ободиву озодии меҳанам нафас мегирам. Зеро фазои оромие, ки дар кишвари мо ҳукмрон аст, зиндагии моро зебову ҳаётамонро рангоранг ва пурмазмун месозад.

Дар зиндагӣ барои баъзе касу баъзе чизҳо дар ҳайрат мемонам, ки чаро аз ақли солими хеш истифода бурда наметавонанд, модоме, ки эшон чунин рафтор мекунанд, ба маъное ақли онҳоро бо ҳар гуна дасисиаҳо медузданд. Худ қазоват намоед, ки наҳзатиён, ба ҷои ин ки номбардори аҷдодонамон бошанд, дар ниқоби Ислом бо тинати иблиси хеш қариб тамоми мардуми ҷаҳонро ба по хезонида истодаанд. Дар оғози соҳибистиқлолии кишвар бо иғвову дасиса Тоҷикистонро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд ва оқибатҳои ин ҷанги нангинро мо то ба ҳанӯз эҳсос менамоем. Хушбахтона, мо имрӯз шукрона аз он мекунем, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ва озодии афкору андеша зиндагӣ дорем. Ва ин албатта ифтихори мо ҷавонон аст, ки барои мо имрӯз шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

М.Кабирӣ мехоҳадмардумро ба роҳе барад, ки оқибаташ марги бешарафона асту бас. Коре, ки на аз рӯи одоби инсон асту на аз рӯи қонунияти ислому қуръон.

Дар асл ҳама изҳроти наҳзатиён ва зердастону ҳамсафонашон бемантиқ аст, зеро ин аз рӯӣ мардигари нест, ки зӯру тавони хешро дар паси хоҷагони беруна нишон диҳанд. Бояд инро донанд, ки чӣ тавре намояндагонашон оҳиста - оҳиста хатогии хешро фаҳмида истодаанд, фардо Кабирӣ танҳо мемонад.  Инро Кабирӣ бояд донад, ки аъзоёнаш барои кадом ваъдаҳои бардурӯғи он хоҷагонаш бовар намуда, вазъи миллати моро нотинҷ карданӣ ҳастанд. Барои қатъ шудани фаъолияти ҳизбиашон худи наҳзатиён гунаҳкоранду ақлу ҳуши пулпарастиашон ҳамеша дар итоати хоҷагони эронии худ шудаанд. Шумо аъзоёни ТТЭ ҲНИ ташкилотеро созмон додед, ки терористону ифротгароёнро ба ҳам мутаҳҳид сохт ва инро албатта медонем, ки ин бо хоҳиши фармондеҳони шумо оғоз гардид. Чӣ магар ба қувваю заковати худ боварӣ надоред, ки фармонбардору мутакои хоҷагони давлатҳои ҷангзада гаштед. Акнун кирдори ноадолатонаи худатон бас нест, ки мардуми моро ба ташкилоти терористиву экстремистиатон ташвиқу тарғиб намуда истодаед. Боз даъвои онро доред, ки қоидаҳои дохили мамлакатро маҳкум мекунед. Ҳоло ин салоҳиятро касе ба шумо надодааст.

Мутмаинам, дур нест он рӯзе, ки дар дилҳои мардуми рӯи олам танҳо шодиву сурур танинандоз гардида, қабл аз ҳама ҷавонони имрӯза аз ақлу заковати хеш кор мегиранд ва он осори пурғановати гузаштаву имрӯзаро барои ояндагон чун меросхӯри воқеъӣ, чун арҷгузорӣ ба бобоёни тоҷдор ва чун вориси арзандаи қаҳрамонони халқ бо дилу нияти неку созанда ба хотири фардои дурахшони миллати азизамон Тоҷикистон ба наслҳои ояндаи солим месупоранду бо дасти хеш ояндаи кишвари азизамонро мисоли чаман мегардонанд.

Ба ҷавонони босаодат гуфтаниам, ки ба он гапҳои бардурӯғ,  ки тариқи интернет ва дигар воситаҳои иттилоотӣ  байни мардум паҳн мешаванд бовар накунед. Ҳар як фард танҳо дар ватани худ метавонад пурра хушбахт бошад. Дар он ҷое, ки  куштори одам ба ҳукми қонун дароварда шудааст, хеҷ гоҳ ободӣ намешавад. Тоҷикистонро дӯст дорем ва онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем, зеро он ҷаннати рӯи замин аст. 

Ҷамшед Мирсаидов,
мудири бахши кор бо ҷавонони
ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд,
докторанти донишкада

Add comment


Security code
Refresh