САҲА БА ХОТИРИ ЧӢ ВА КӢ ТТЭ ҲНИ-РО ДАСТГИРӢ МЕКУНАД?

Чун анъана ҳамасола дар Варшава конфронси сатҳи умумиҷаҳонӣ САҲА дар доираи васеи иштироки давлатҳои аъзо сурат мегирад. Ва дар он конфронс асосан масъалаҳои фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ мавриди муҳокимаи иштирокдорон қарор мегирад. Чун солиёни пешин таъсисдиҳандагони конфронс ба ин ҳамоиши бузург  ТТЭ ҲНИ-ро чун як ҳизби сиёсӣ даъват намуданд.  Маврид ба зикр аст, ки аз рӯи бандҳои ҳуқуқии фаъолияти САҲА онҳо бояд бар зидди ташкилотҳое, ки террористиву экстремистӣ мубориза намуда, чунин ташкилотҳоро решакан намоянд, на ин, ки тарафдори эшон бошанд. Таи чанд соли охир, тавре аз фаъолияти кории ин созмон бармеояд, иштирок дар конфронси САҲА ба як шаҳри бедарвоза мубаддал гашта, минбари он минбари розу ниёз ва тарғибгару ташфиқгари намояндагони ТТЭ ҲНИ шудааст.

Имрӯз барои муқовимат  бар зидди тероризму экстремизми динӣ на танҳо чора ва тадбирҳои андешидашудаи низоми давлатӣ, инчунин беҳтар мебуд, ки чунин тадбирро барои амнияти аҳолии тамоми курраи замин, ҳамаи он ташкилотҳое, ки барои муборизаи беамон бар зидди ТТЭ фаъолият мебаранд, мақсаднок кор карда, нафъи худро дар пойдор намудани сулҳу якдилӣ расонанд. На барои он, ки аз роҳбарону намояндагоне, ки ташкилоти онҳо ҳамчун ТТЭ эътироф карда шудааст, ҳамкорӣ кунанд.

Замоне, барои бо ташкилкунандагони чунин чорабиниҳо, ки дар сатҳи баланд ташкил  мегардид ва он дар доираи САҲА мегузашт, дар тамос шудан ва ҳамчунин иштирок намудан барои баромад дар минбари баландпояи он хоҳишмандон номнавис гардида, як қатор расмиётҳоро мегузаштанд, баъд иҷозати иштирок дар конфронсро соҳиб мешуданд. Аммо вазъи шароит имрӯз чунин нест. Ташкилкунандагон тавре, кик асе иштирок мекунад, парвое надоранд. Назарашон танҳо ба онҳое, ки асосан манфиати ташкилотро бо манбаҳои моддӣ рӯпуш мекунанд.

Аз фаъолият ва корбарии ташкилкунандагони ин конфронс, маълум гардид, ки вазъ дар САҲА, куллан дигар шудаст. Инро ҳатто иштироки намояндагони ТТЭ ҲНИ соли 2016 баъди ноором намудани кишварамон дар ин конфронс ширкат кард собит месозад, ки САҲА ташкилоте нест, ки бар зидди тероризм муқовимат намояд, балки он аз корномаҳои ин ташкилот дифоъ намуду ба онҳо онҳо дар конфронс дар боз кард. Агар САҲА барои нафъи халқу миллатҳои ваҳдатхоҳ ва аз рӯи қонуниятҳои фаъолияти худ кор мекард, дар конфронси худ ба он нафароне, ки ширкаташон чун ташкилоти ТТЭ ҲНИ эътироф карда шудааст, имконияти иштирок ва ҳатто суханронӣ карданро аз ин минбари баланди байналмилалӣ иҷозат намедод. Ба дилхоҳ хоҳишманде, ки имрӯз байни омма обрӯю эътибор надошта, дар қонуншиканӣ ва даст доштан дар амалҳои террористӣ инчунин ҷинояткор дар кофтукови якчанд ширкатҳо қарор дошта  ҳуқуқи ба даст овардани ин имкониятро намедод. Дар асл бароям як чиз аҷиб аст, ки қариб тамоми олам медонанд, ки роҳбари ТТЭ ҲНИ М. Кабирӣ аз зумраи он се ҳазор нафар терористон маҳсуб ёфта номи ӯ низ дар Феҳристи ягонаи кофтукови СМЗТ СҲШ шомил гардидааст, вале ӯ дар пеши чашми онҳо баромад мекунад.

Мақсади аввалине, ки Тоҷикистон ба ин созмон ҳамкорӣ менамояд, пеш аз ҳама таҳким бахшидан ба сулҳу субот ва амнияти миллист, на ин ки бо душманону хиёнаткорони ватан дар як саф нишаста сӯҳбат намудан. Зеро ба мо маълум буд, ки яке аз бандҳои фаъолияти САҲА ин мубориза (на ҳамкорӣ!) бар зидди терроризми байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо оид ба масоили мубориза бар зидди чунин таҳдидҳо мебошад. Ҳоло бошад маълум гардид, ки он дигар ташкилоти мустақили байналмилалӣ набуд, балки барои ҷонибдории фаъолияти ТТЭ кор карда истодааст.  Робитаи устувор ва рушди ҳамкорие, ки Тоҷикистон бо САҲА дорад ба ҳадафҳо ва принсипҳои сиёсати хориҷии пешгирифтаи Тоҷикистон мутобиқ ва ба манфиати таҳкими соҳибихтиёрӣ, давлатдорӣ ва амнияти миллии он ҷавобгӯ буд. Албатта то он замоне, ки моҳи сентябри соли 2016 дар Варшава дар форуми САҲА аъзо ва тарафдорони ТТЭ ҲНИ футболкаҳои бо аксҳои роҳбаронашонро ба бар карда, ба ҷонибдории онҳо аксия ташкил карданд, ки ташкилкунандагони созмон низ дар ин кор ҳамкории зич доштанд ва онҳоро тарафдори менамуданд. Аз ҳамон вақт маълум гашт, ки нияти асосии ин созмон, ки меъёрҳои қонунгузории мавҷуда ва созишномаҳои дар самти таъмини амният дар минтақа батавофуқрасидаро дағалона поймол карда, бар хилофи конвенсияҳо ва қарорҳои умумиэътироф амал мекунад, ошкор шуданд. Ин амали онҳо дар ҳоле ба миён омад, ки вазифаҳои зиддитеррористии кишвари мо ва САҲА мувофиқа карда шуда, бояд дар ҳамкории зич бар асоси машварат бо мақомоти Тоҷикистон ҳангоми риояи пурраи қонунҳо ва қоидаҳои ин кишвар ҳал карда шаванд.

Дар умум метавон мисолҳои зиёдеро таи солхҳои охир аз фаъолияти духӯраи САҲА ёдовар гардид, ки дар давлатҳои алоҳидаи пасошӯравӣ ва  манотиқи даргир маълуманд. Бинобар фаъолияти берун аз қонунии САҲА, чанде пеш намояндагиҳои онро дар қаламрави ҷумҳуриҳои ИДМ ва дар Руссия, Озобойҷон тамоман бастаанд, зеро ҳукуматдорони ин давлатҳо зарурати фаъолияти САҲА-ро дар кишвари худ намебинанд ва намехоҳанд, ки аз намояндагони худхоҳ дар давлати худ пуштибонӣ кунанд.

Баъди он ки ташкилкунандагони конфронси САҲА ба маҷлиси худ дар Варшава ҷоннибдорони ТТЭ ҲНИ-ро роҳ дод, дигар бо ин созмон ҳамкорӣ намудани Тоҷикистон бемаъност, зеро бо чунин амали худ онҳо ваколатҳои барномаи тасдиқшударо паст намуданд ва бо ин рафтор канда шудани риштаи ҳамкори низ қариб ба миён омадааст. Ҳамин тариқ, фаъолияти ин ташкилоти байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд гардида, идораҳое, ки дар шаҳрҳои Рашту Хуҷанд, Қурғонтеппа, Кӯлоб ва Шаҳритус фаъолият мебурданд, баста шуданд.

Итминони комил дорам, ки канда кардани риштаи ҳамкори бо ин созмон дар оянда нуфузи Тоҷикистонро баландтар мегардонад, зеро аз соли 2016 инҷониб намондагӣ дар САҲА ғайри мантиқист. Чунки ин созмон Қарори Судии Олии Ҷумҳуриамонро поймол намуда, дар конфронс барои намояндагони ҲНИ, ки ҳамчун ТТЭ эътироф гардидаст минбар дод. Бо созмоне, ки душманону хиётнаткорони ватанамонро пайравӣ мекунанд, набояд ҳамкорӣ кард, зеро ҳамкории аз ин беш ба пешравии миллати мо халал ворид хоҳад кард.

Фаррух Аминов,
муовини директор оид ба тарбияи
ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои техникӣ

Add comment


Security code
Refresh