Фиристода бояд ки доно бувад….

Ба конфронси навбатии  Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА)  даъват шудани  раҳбари ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ ва пайравони ӯ моро ба ҳайрат овард.

Оё ҳизбе ки фаъолияташ дар қаламрави кишвар манъ шудаасту дар руйхати ҷинояткорон номнавис шудааст, ҳуқуқи иштирок дар чунин як анҷумани байналмилалӣ дорад? Ду сол пеш ҳам дар ин конфронс  фаъолони ҳизби наҳзати исломӣ  нағмасароӣ намуда, коршиносони байналмилалиро гаҳгум зада буданд.    Ҳол он ки солҳои сол семинару дарсҳо дар асоси лоиҳаҳои САҲА барои ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳои Тоҷикистон  идома ёфта, фарҳанги сиёсии кишварро такмил медод. Ба дастгирии молиявии САҲА  чандин лоиҳаҳои хуб амалӣ гардид ва ҳанӯз идома дорад. Дар шароити бисёрҳизбӣ фаъолияти қонунии ҳизбҳои дигари сиёсӣ дар Тоҷикистон идома дорад. Ба ҷуз ҳизби бонуфузи халқӣ-демократӣ, ҳизбҳои  аграрӣ, демократӣ, сотсиал-демократӣ, ислоҳоти иқтисодӣ дар арсаи сиёсат  фаъоланд. Барои ташкили ҳизбу ҷунбишҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ  ва ҳаракатҳои мардумӣ қонунҳои мавҷудаи кишвар шароит фароҳам овардааст. Муҳим ғуломи қонун будан ва арзишҳои ҳуқуқи конститутсиониро ба ҷо овардан аст.

Аммо вақте ҳизб аз кишвари дигар пуштибонии молиявӣ мегираду  даст ба тахрибкорӣ мезанад, ба ҷуз зархарид чизи дигаре наметавон гуфт?  Беҳуда нест, ки Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо қарори худ ҳизби наҳзати исломро ҳамчун ТТЭ ҲНИ маҳкум намуд.  Онҳое ки ба иллати гумроҳӣ шомили ин ҳизб шудаанд,  изҳори пушаймонӣ намуда роҳи ҳаёти осоиштаро пеш гирифтанд.

Аммо иддае аз пайравони ҳизб дар кишварҳои Аврупо лонаи макру фиреб гузошта бо изҳороту суханрониҳои бардурӯғ номи Тоҷикистонро доғдор мекунанд.  Ва бо ин амали зишти худ худ ба ризқи мардуми ин кишвар зомин мешаванд. Зеро коҳиш ёфтани лоиҳаҳои сармоягузории кишварҳои Аврупо низ аз эҳтимол дур нест.

Ба назари ман, вакили анҷуман як нафари ватандӯст, дилогоҳ, доно  ва инсони маҳбуб байни қишри ҷомеа  бошад. Орзую омоли аксариятро дар анҷуман иброз дошта тавонад.  Тавре Фирдавси бузург  фармудааст:

Фиристода бояд ки доно бувад

Ба гуфтан далеру тавоно бувад.

Икром Абдуллоев,
дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоии
Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh