СИЁСАТИ «ДАРҲОИ БОЗ»-И САҲА БАР МАНФИАТИ КИСТ?

Пас аз мутоилаи маводи Юрий Макеев таҳти унвони «Тоҷикистон. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ТТЭ ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ эътироф кардааст. Аммо…» андешаҳои гуногун маро фаро гирифт. Гумон кардам ва андаке ваҳшатзада ҳам шудам, ки ба куҷо равонаем. Агар ҷомеаи ҷаҳонӣ солҳои тӯлонӣ ба созмонҳои байналмилалӣ амсоли Созмони амнияти ҳамкории Аврупо чун ҳомии ҳуқуқи инсон, рушди демократия  эътимоду боварӣ мекард, пас ин ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ низ пойбанди ин ё он қувва гардидааст. Агар не, дидаву дониста, бо он ки ТТЭ ҲНИ-ро якчанд ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ ҳамчун ташкилоти террористиву экстремистӣ эътироф кардаанд, ба конфронси солонаи худ, ки «Оид ба чораҳои татбиқшуда дар самти андозагирии инсонӣ» унвон дорад, даъват намекард.

 Парадоксро бубинед,  рисолати САҲА баланд  бардоштани қадри инсон дар ҷомеа ва нигоҳи баробар ба аҳли башар аст. Аммо дастандаркорони онҳо бо вуҷуди он амалҳои террористие, ки аъзои ТТЭ ҲНИ дар як соли охир нисбати сокинон кардаанд,  ин ҳамаро нодида гирифта, ба конфронси бонуфузи худ даъват мекунад, то намояндаи он сухан аз «Рушди демократияву нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон гӯяд». Дар назар аст, ки чун соли пешин Муҳиддин Кабирӣ, раиси ТТЭ ҲНИ дар ин конфронс иштирок ва ҳатто баромад кунад. Муҳтавои маърӯзаи ин хиёнаткори миллат ба ҳама маълум. Ӯ дар ин конфронс аз  «азобу шиканҷа дар маҳкамаҳои кишвар нисбати маҳбусони сиёсӣ» сухан мекунад. Ҳол он ки ин тӯҳмату ғиреви ӯ асоси воқеӣ надорад.

 Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки  чаро САҲА зимни даъвати иштирокдорони конфронс нуктаи назари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин бобат нагирифт? Чаро масъулини САҲА, ки солҳои сол дар минтақаҳои гуногуни кишвар дафтари кории худро дошт, вазъро таҳлил накарданд? Миёни мардум пурсишномае нагузарониданд, ки оё сокинонии кишвар ба ин ҳизбе, ки воқеан ҳам террористиву экстремистӣ эътироф шудааст, бовар доранд ё не. Давлатҳои шомил ба Созмони ҳамкории Шанхай ва нозирони ӯ, ки ҳудуди 4,2 миллиард аҳолии сайёраро дар бар мегиранд, эътироф кардаанд, ки ТТЭ ҲНИ ташкилоти экстремистиву террористӣ аст.   Инчунин, дар як ҳамоиши бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон (узви СҲШ) Мубашар Ҷовид Акбар зимни суханронӣ дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» ташкилоти экстремистиву террористии ҲНИ-ро дар қатори дигар ташкилотҳои ҷаҳонӣ хатар ба ҷомеа эълон дошта, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овард, ки муборизаи дастаҷамъона ба ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа бибаранд.  Ҳамакнун дар шаҳри Қоҳираи Миср таҳти унвони «Миср ва Тоҷикистон дар мубориза бар зидди ташкилотҳои террористӣ. Таҳқиқи муфассали фаъолияти «Ихвон-ул-муслимин» ва ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ» як конфронс доир шуда, иштирокчиёни ҳамоиш иброз доштанд, ки роҳи тайкардаи ҲНИ бо фаъолияти «Ихвон-ул-муслимин» монандии беш дошта, ҳар ду як мақсад доранд, табаддулоти давлатӣ ва бунёди кишвари фундаменталии динӣ. 

Чаро Тоҷикистон ва дигар созмонҳои бонуфуз амсоли СМЗТ, СҲШ, МЗТ, ИДМ, СААД, Интерпол ҲНИ-ро  ташкилоти экстремистиву террористӣ эътироф кардаву роҳбари ӯ дар ҷустуҷӯи интерпол қарор дорад? ҲНИ чун дигар ҳизбҳои қонунии кишвар ҳудуди беш аз 20 сол дар Тоҷикистон фаъолият бурда, бо ташкили ячейка, ташкилотҳои худ дар қаламрави кишвар дар пиёда кардани ҳадафҳои оинномавию барномавии хеш «саъй мекард». Сомонаву нашрияи он фаъолияти бомаром ва аз ҳисоби «фанатони исломпарасти зоҳирбин» муштариёни зиёд дошт. «Роҳбарияти олии ҳизбӣ» намегузоштанд, ки дигар фаъолони ҳизб дар курсии парлумони кишвар нишинанд. Кабирӣ ҷойгузини он буд.  

 Роҳбарияти олии ҳизб пайваста дар маърӯзаҳои худ эълон медоштанд, ки шумораи аъзоён аз сарҳади 50 ҳазор гузаштаасту онҳо дар ояндаи наздик курсиҳои парлумониро бештар гирифта, барои «ободии кишвар» саъй меварзанд. Аммо дар тӯли ин солҳо роҳбарияти ҳизб ба таври махфиёна бо охундҳои эронии худ забон як карда, андешаи таҳаввулотро дар сохтори конститутсионии кишвар мекарданд. Онҳо ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта чунин як нақшаи бобарори худро кашида, бо зархаридони эронии худ барои ангеза ёфтани низои миллӣ, қавмӣ ва маҳаллӣ кӯшиш варзиданд. Коршиносони таърихӣ исбот кардаанд, ки маҳз майдоннишиниҳо ва қазияи арманиҳоро онҳоро оғоз бахшида, мардуми зиёдро гумроҳ намуда, ба майдони «Шаҳидон» кашиданд. Баъд аз аланга гирифтани оташи ҷанг ва низои қавмӣ, онҳо нақшаи аз байн бурдани шахсиятҳои маъруфи кишварро оғоз карданд, ки аксаран зода ва парвардагони минтақаи шимоли кишвар ҳастанд. Онҳо бо ин роҳ мехостанд, ин минтақаи оромро низ ба гирдоби ҷанг кашанд. Ҳамин тавр аз вазъи мусоид хостаҳои худро бароварда кунанд. Аммо тирашон хок хӯрд. Афсурдагӣ то ба дараҷае расид, ки то соли 1997 дар минтақаҳои кӯҳӣ бо ҳукумати нави муросои миллӣ дар ҷанг шаванд. Ниҳоят соли 1997 ба ҷанги бемаънӣ нукта гузошт. Ба қавле «тарбуз аз бағалашон афтид». Аммо аз соли 1997 то ин ҷониби онҳо ба таври пинҳонкорона ҳамон мақсадҳои «олӣ»-и худро барои пиёда кардан кӯшиш карданд. Ҳодисаи куштори наваскарон дар минтақаи Тавилдара, шӯриши мусаллаҳона дар шаҳри Ваҳдат бо сарварии генерали ошӯбгар Ҳоҷиҳалим Назаров,  ба Сурияву Ироқ кашидани садҳо ҷавонони манқуртшудаи гумроҳ, амали террористӣ бар зидди сайёҳони хориҷӣ, нияти тарконидани  дивизияи 201-уми Федератсияи Русия, ки дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият дорад, ин аст ҳосили «заҳматҳои шабонарӯзӣ»-и наҳзатиён.

Пас барои кадомин хизматҳои ҲНИ ин ҳизбро чун ҳизби қонунӣ эътироф кунад. Дар ҳоле, ки мақсади наҳзатиён фиреб додани халқ, мазҳабгароӣ, тафриқаандозӣ байни мусулмонон, қатлу куштор аст.

Мо - устодони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бисёр мехостем, ки ин ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ дар иштироки ТТЭ ҲНИ-ро дар конфронси Варшава бозбинӣ кунанд. Зеро онҳо ҳаққи иштирок ва баромад карданро надоранд. Ҳар як сокини кишвар амалҳои хиёнаткоронаи онҳоро маҳкум кардаанд. Барои миллати азизи мо беҳтарин неъмат ин сулҳу салоҳ аст. Будани ин ташкилоти террористӣ ҳамон гунае, ки гуфтам хатарест барои миллати мо.

Абдусабур Абдуваҳҳобов,
устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh