ДАР “МАСҶИДИ” САҲА НАМОЗ БАРПО ДОШТАНИ “ҚОРӢ ИЛҲОМ”

Санаи 10-уми сентябри соли равон дар шаҳри Варшаваи давлати Лаҳистон ҷаласаи навбатии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ки Тоҷикистон низ шомили ин ниҳоди байналмилалӣ аст, доир гардид. Мавзӯи ҷаласаи созмон, оид ба ҳуқуқи башар ва интихоботи демократӣ бахшида шудааст. Маълум гардид, ки ҷаласаи мазкур аз 10-ум то 21-уми сентябр идома меёбад. Дар кори он намояндагони 57 кишвари узви САҲА, созмонҳои ҷамъиятиву ҳомиёни ҳуқуқ ва намояндагони мухолифин ширкат меварзанд.

Дар ҷаласаи навбатӣ дар қатори намояндагони ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, боз нафарони мухолиф ва гуруҳҳои ба ном мухолифин бо роҳбарии ташкилоти террористиву экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ ширкат варзиданд. Аз ҷумла раиси ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ бо шогирдону муридони худ ҳузури худро дар кори ҷаласаи навбатии САҲА амали “фарз” дониста, роҳ ба сӯи “масҷиди САҲА”-ро пеш гирифтанду бо ҷамоати худ даст ба дуои роҳбарияти САҲА бардоштанд, то ки онҳо ба ин турфа ба ном мухолифон баландгӯяк ва курсие муҳайё созанд. Барои Кабирӣ ва ҳамтабақони ӯ ширкат дар чунин ҷаласаҳо “амали нав” нест. Зеро ба туфайли чунин ҷаласаҳо ва ҳамоишҳо гуруҳҳои мухолиф дарди дили худро ба меҳмонҳо ва намояндагони давлатҳои хориҷа “дастархон” мекунанд, зери гиряҳои дуруғини худ қалби аҳли нишастро “об” карданианд. Ширкат дар ҷаласаҳои САҲА барои мухолифин майдони худнамоишӣ буда, дар чанд муддат як маротиба аз худ дарак медиҳанд.

Дар суханронии худ раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, собиқ роҳбари дафтари ТТЭ ҲНИ дар вилояти Суғд Илҳом Ёқубов бо дурӯягии худ аз устодаш (яъне Муҳиддин Кабирӣ) пеш гузашта, зери унвони “озодӣ” ва “ошкорбаёнӣ” садо баланд кард. Аз нигоҳи Илҳоми хоин гӯё дар Тоҷикистон озодӣ мавҷуд набуда, ВАО-и мустақил дар ҳолати таназзул ва барҳамёбӣ қарор дораду ҷурналистони касбӣ аз касбу кори худ канора гирифта истодаанд. Лек ин ҳама иғвоҳои навбатии хоинони миллат буда, аз зери нохун чирк кофтан аст. Ин турфа хоинон ва кӯрнамакон дар бохти интихоботи парлумонӣ, табаддулоти давлатӣ ва ноиттифоқии мухолифин давлатро гунаҳкор меҳисобанд. Дар назари онҳо агар қурби доллар ва ё рубли русӣ дар бозори ҷаҳонӣ баланд шавад, гуноҳи давлати Тоҷикистон ва мақомотҳои қудратии он аст.

Барои наҳзатиёни хоин минбари САҲА ҷои муқаддас ба ҳисоб рафта, аз рӯи шариати исломӣ агар дар вақти адои намоз рӯй бар ҷониби қибла амали фарз бошад, пас наҳзатиён бо “имоматии домулло Кабирӣ” ва “Қорӣ Илҳом” рӯйи худро бар ҷониби қароргоҳи САҲА оварда, “намоз” барпо медоранд.

(Изҳороти Раёсати Донишгоҳи
давлатии ҳуқуқ, бизнес ва
сиёсати Тоҷикистон)

Add comment


Security code
Refresh