ИЛҲОМИ КӮРНАМАК, БАР ТУ ВАТАН ҲАЙФ АСТ!

Мо имрӯз дар кишваре умр ба сар мебарем, ки бисёр  мушкилоти даври баъди моҷарои шаҳрвандиро паси сар намудааст. ҳар як фарди солимақл ва дурандеши мамлакат вақте, ки дигаргунгардии ҳаёти ҳаррӯзаро мебинад ба хулосае меояд, ки кӯшиши Давлату ҳукумат дар роҳи бунёди ояндаи дурахшон имрӯз тарҳрезӣ шуда истодааст ва дастгирӣ намудани ин қарзи шаҳрвандии мо мебошад.

Лекин аз чӣ сабаб бошад, ки пешравиҳои моро бархе аз «нокасон» дида наметавонанд. Мо боварии комил дорем, ки ин кори аъзоёни  ҳизби фаъолияташ мамнуъи наҳзати исломӣ ба ҳисоб меравад.

Тавре таҳлили ҳодисаҳои  чанд соли охир нишон медиҳад, ҳизби фаъолияташ мамнуъи наҳзати исломӣ дар тӯли фаъолияти бистучандсолаи худ новобаста аз оне, ки ба сари мардум чӣ балоҳоеро овардааст, аммо ҳамоно аз ин кирдорҳои нангинаш на танҳо изҳори пӯшаймонӣ накардааст, балки он ҳама ҷинояткориҳои содиркардаи худро мояи ифтихору сарбаландӣ меҳисобаду пайваста дар тӯли мавҷудияташ ҷавонони роҳгумзадаро ба гирди худ ҷамъ мекарду дар замирашон тухми нифоқу кина нисбати имрӯзу ояндаи ин давлату миллат мекошт.

Замоне, ки расман фаъолият мекард, ба таври доимӣ дар дафтари ҳизб ҳаргуна ҷамъомаду маҷлисҳои дурӯғин ташкил карда, дар он ҷойҳо дарду алами худро аз ҳукумати Тоҷикистон меситонанду аз гузаштагони наҳзатӣ  ҳамчун пайғамбар ёд мекарданд.

Наҳзатиёни мансабталош барои ноил шудан бо ниятҳои нопокашон дар назди аҷнабиён худро ҷавлон дода, маҷлису нишастҳояшонро бидуни эшон намегузарониданд.

Истиробовар он аст, ки ин нафарон ба шароити осуда ва ободи мамлакати азизамон ғаш намуда, ҳар гуна буҳтон, дурӯғро дар фазои беохири интернетӣ паҳн намуда истодаанд.

Аммо, ҳамаи ин бадкориҳои худро ҳоло ҳам кам дониста, барои бенизом гардонидани Тоҷикистон тамоми саъю талошҳои худро ба роҳ мемонад. Тавре аз ВАО маълум аст, пас аз баста шудани сомонаи расмии ин ҳизб, дар ҳол сомонаҳои дигареро фаъол намуданд, то ҳуҷумҳои иттилоотии худро бар зидди сохти конститутсионӣ ва барҳам задани сулҳу субот ва оромӣ дар кишвар боз ҳам идома диҳанд.

Хусусияти наҳзатиҳои ифротӣ чунин аст, ки ҳамарӯза талош бар он менамояд, ки бӯҳтоне созаду онро барои тамоми ҷомеа нишон диҳанд. 

ҳар нафаре, ки зидди сулҳу субот ва оромии кишвар ҳарфе ба забон ораду сухани ироа намоянд, аз он меболанду хушҳол мешаванд. Гӯё тоҷик набошанд ва  миллати тоҷик барояшон бегона аст. Ба хотири ситонидани қасос имрӯз омодаанд, даст ба ҳама кор зананд. Саволи асосӣ ин аст, ки онҳо аз кӣ интиқом гирифтаниянд, ки имрӯз даст ба таҳкир мезананд?  Қасос аз миллат, аз Ватан, аз ободии кишвар. Новобаста аз оне, ки онро эътироф намекунанд, аммо тарзи фаъоияти эшон нишон медиҳад, фикру назар ақидаву андешаҳояшон  айнан мисли ақидаҳои Толибону Давлати исломӣ, ҳаракати исломии Ӯзбекистону дигар созмонҳои террористӣ мебошад

Чӣ тавре, ки барои ташкилотхои террористи пешрафти Афғонистон ғайри қобили қабул аст, барои ҳизби мамнуъи наҳзати исломӣ низ пешрафти Тоҷикистон устухонест дар гулӯ.

Сулҳу субот, амният ва зиндагии беҳтари тоҷику  тоҷикистониёнро қабул надоранду аз беҳ шудани сатҳи зиндагии мардум нороҳат мегарданд. Онҳо бо даъвоҳои дурӯғини демократия хоҳиши рахна намудан бар ваҳдату муттаҳидии миллат мебошанд. Ин исломиҳои сиёсӣ таҷрибаи тафриқаандозиро хуб балад мебошанд.. Солҳои 90-уми қарни гузашти чӣ бадбахтиҳоро ба сари миллати тоҷик оварда буданд.

  Мо пайваста аз ин нафарони кӯрнамак ба мисли Муҳиддин Кабирӣ, Илҳом Ёқубов даъват меорем, ки ба дасисаҳои хоҷагони иҷбории худ фирефта нашуда, рӯй ба миллат, манфиатҳои ҷомеаи худ, давлати Тоҷикистон оранд. Тавба кунед, аз роҳи каҷ баргардед.

И. Солиев,
 дотсент, мудири
кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати
прокурории Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh