САҲА БО ДАСТГИРИИ ҲНИ ЭЪТИБОРИ СИЁСИИ ХЕШРО АЗ ДАСТ МЕДИҲАД

Бар асоси матолиби ахиран дар васоити ахбори умум интишорёфта маълум гардид, ки 9-21 сентябри соли ҷорӣ Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо нияти онро дорад, ки дар Варшава конфронси солонаро таҳти унвони «Оид ба чораҳои татбиқшуда дар самти андозагирии инсонӣ» баргузор намуда, бори дигар дар он аъзои ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ), ки Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти онро манъ намудаву он аз ҷониби кишварҳои зиёди олам ва сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун ташкилоти экстремистӣ эътироф гардидааст, бо даъвати САҲА ширкат намоянд.

Таҷрибаи баргузории чунин конфронсҳо нишон дод, ки аслан САҲА новобаста аз ин, ки қисмате аз кишварҳои узви он(бино ба маълумоти расмӣ 13 кишвари узви он ва сохторҳои дигари сиёсӣ ва ҳифзи ҳуқуқи байналмилалӣ (СМЗТ СҲШ, МЗТ ИДМ, СААД, Интерпол),ки созмони террористӣ будани ҲНИ- ро эътироф намудаанд, ҳамоно, мехоҳад барои роҳбари ҲНИ  М.Кабирӣ ва дигар ҷонибдорони он минбар бидиҳад, то боз ҳам кишвари худро тавассути истифода аз минбаи САҲА бадном кунанд. Таҳлили афкор ва андешаҳои роҳбарони сиёсии аксари кишварҳои узви созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, давлат ва кишварҳои мухталиф, ки ҲНИ-ро чун ташкилоти террористӣ эътироф мекунанд,  рӯз ба рӯз меафзояд ва ахиран сомонаи расмии АМИТ “Ховар” аз пайвастани кишварҳои Озарбойҷон, Молдова, Туркманистон ба ин феҳрист  хабар дода, ҳамзамон аз шарҳу тафсири суханронии Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон, (узви СҲШ) Мубашар Ҷовид Акбарро дигарбора ёдовар шуд, ки дар он мавқеи худи Ҳиндустон дар эътирофи ҲНИ – ҳамчун ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ мушаххас гардидааст.

Баргузории конфронси байналмилалӣ дар кишвари Миср таҳти унвони «Миср ва Тоҷикистон дар мубориза бар зидди ташкилотҳои террористӣ. Таҳқиқи муфассали фаъолияти «Ихвон-ул-муслимин» ва ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ» , ки мавқеъ ва мақоми ин давлатро дар қатори дигар давлатҳо нисбат ба ТЭТ ҲНИ муайян кардааст, бори дигар нишон медиҳад, ки ба асоси таҳлилҳои амиқ имрӯз пайваста сафи кишварҳои олам, ки алайҳи экстремизм ва терроризм дар ҳоли мубориза буда, фаъолиятҳои тахрибкоронаи ҲНИ-ро маҳкум мекунанд, меафзояд. Таҳқиқи ҳодисаҳои террористии ахиран анҷомёфта дар Тоҷикистон, ки яке аз онҳо санаи 29 июли соли равон нисбати сайёҳони хориҷӣ сурат гирифт, мушаххас намуд, ки дар он аъзои ҲНИ низ даст доранд. Ба мақомоти Тоҷикистон муяссар шуд, ки дар  фосилаи кутоҳ асрори ин ҷинояти нангинро фош намуда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ чеҳраи аслии роҳбарият ва аъзои ҲНИ-ро нишон диҳад. Дар баробари ин, давоми як соли охир тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва воситаҳои ахбори электронӣ филмҳои ҳуҷҷатии «Решаҳои ноаён», «Теракт-1996», «Садоқати разолатпуш», «Хиёнаткор Абу Усома Норакӣ-узви фаъоли ТТЭ ҲНИ», «Бозгашт аз ҷаҳаннам» ва монанди ин нишон дода шуданд, ки ҳамагӣ аз кирдорҳои ширкаткунандагон ва шоҳидони ҳодисаҳои террористӣ ва нақшаву ниятҳои ТТЭ ҲНИ ҳикоят намуда, чеҳраҳои аслии ононро барои мардуми тоҷик равшану ошкор сохтанд. Ҳатто худи аъзои ТТЭ ҲНИ бо баён изҳори пушаймонӣ ба тамоми ҷомеаи кишвар муроҷиат намуданд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, шукронаи истиқлолият ва давлати ободу осоиштаи хеш намояд.   Таҳлили ин ҳама рӯйдодҳо, баёноти шоҳидони ҳол, ки имрӯз садои онҳоро тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ шунид, андешаеро ба зуҳур мерасонад, ки Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо- ниҳоде, ки дар номаш амнияти ҷомеаи башарӣ ҷой гирифтааст, ҳамаи инро дидаву дониста чаро аз ҲНИ пуштибонӣ карда, барои онҳо минбар медиҳад, то ҳар чӣ бихоҳанд, нисбати Ватану миллати хеш бигӯяд.

Ҳол он ки яке аз ҳадафҳои чунин созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ бояд пеш аз ҳама мубориза ба экстремизм ва терроризм бошад. Ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд.Идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад. Ҳатто муқаррар гардидааст, ки давоми соли гузашта ҷуғрофиёи экстремизм ва терроризм беш аз 100 кишвари ҷаҳонро фаро гирифтааст. Вобаста ба ин, конфронси бонуфузи байналмилалӣ таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» моҳи майи соли равон бо иштироки зиёда аз 400 нафар аз 48 кишвар ва 31 ташкилоти байналхалқию  минтақавӣ, аз ҷумла намояндагони САҲА дар шаҳри Душанбе  баргузор гардид, ки дар он ба мавқеи кишвари мо ҳамчун пуштибони ҳамагуна муқовиматҳо алайҳи терроризм ва экстремизм баҳои баланд дода шуд. Ин ҷо суоле пайдо мешавад, ки сабаби доман паҳн кардани хатарҳои экстремизм ва терроризм дар ҷаҳони муосир дар чӣ аст. Ба андешаи мо, вазифаи ҷонии чунин созмонҳои сатҳи байналмиллалӣ боло бурдани шиддати муқовимат бо чунин зуҳуроти номатлуб ва муаммоҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла экстремизм ва терроризм аст, на дастгирӣ ва пешниҳоди шароит барои ташкилотҳое мисли ҲНИ ҳамчун созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ эътирофгардида. Бо сабаби дастгирӣ ва роҳ кушодан ба ташкилотҳое чун ҲНИ имрӯз САҲА дар ҳақиқат мавқеи хешро дар аксари кишварҳои минтақа ва ҷаҳон аз даст медиҳад, ки далели равшани он баста шудани намояндагиҳояш дар кишварҳои Россия, Беларус, Озарбойҷон ва дигар ҷумҳуриҳои ИДМ маҳсуб меёбад.

Чунин роҳкушоиҳо ва мусоидаткарданҳо ҳатто омил бар он гардид, ки роҳбарияти кишварҳои мазкур дигар зарурати фаъолияти намояндагии чунин созмони бонуфузи ҷаҳониро дар ҳудуди давлати хеш намебинанд. Ин воқеият бояд барои САҲА бисёр таассуфовар ва дарднок бошад, чунки марҳила ба марҳила мақом ва мавқеи сиёсии хешро на танҳо дар минтақа, балки ҷаҳон аз даст медиҳад. Агар ин маротиба ҳам иштибоҳоти қаблии хешро такрор намудаву новобаста аз маҷмӯи далоили мавҷуда роҷеъ ба ТТЭ ҲНИ, хоса баёноти шоҳидон ва иштирокдорони он, инчунин эътирофи он чун созмони эстремистӣ ва террористӣ аз ҷониби давлатҳои муайян, созмонҳои ҷаҳонӣ,  САҲА  роҳбарият ва аъзои онро ба конфронси хеш даъват намояд, бо итминон метавон гуфт, ки дигар зарурати фаъолияти чунин Созмон дар Тоҷикистон боқӣ намемонад. Ҳол он ки новобаста аз чунин муносибати САҲА Тоҷикистон ҳанӯзам бар пояи татбиқи сиёсати ҳамгироёнаи хеш бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иҷозат додааст, ки якчанд лоиҳаро мавриди амалӣ қарор бидиҳад.

НУРАЛӢ НУРЗОД,
Ходими илмии Институти илмҳои
ҷомеашиносии ДДХ ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров,
номзади илмҳои филологӣ. 

 

Add comment


Security code
Refresh