Терроризм – хатар ба амнияти сайёра

Яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтав аст,  терроризму мебошад. Терроризм амале мебошад, ки аз ҷониби шахси алоҳида, ташкилот ва ё гурӯҳи одамон, барои расидан ба ҳадафҳояшон анҷом дода мешавад.

Давоми даҳсолаҳои охир ва махсусан, дар нимаи дуюми асри ҶҶ терроризм мавриди таваҷҷуҳи ҳаматарафаи олимон ва сиёсатмадорон қарор гирифт. Хусусан аз ҷониби коршиносони мамлакатҳои Ғарб омӯзиши ин падидаи номатлуб дар мадди аввал гузошта шуд. Шояд суоле ба миён ояд, ки барои чӣ ба омӯзиши ин масъала маҳз дар ҳамин давра таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд, дар ҳоле ки таърих исбот мекунад, ки дар ҳама давру замон содиршавии терроризм  вуҷуд дошт: ҳарчанд дар нимаи дуюми асри ХХ терроризм  ба проблемаи глобалии ҷаҳонӣ табдил ёфт.

Барои ба ҳадафҳои  сиёсӣ расидан аксар ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии одамон таъсир расонида, мардумро боваркунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд, дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. 

Мавриди ҳадафи ба ифротгароӣ ҷалб намудани ин гурӯҳҳо дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу авомили бурузи афкори терроризмро биёмӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз  гардад.

Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти  ҷаҳонва ба ҳар як сокини сайёра таҳдид  карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён оварда аст. Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани Ислом кори нодуруст аст  ва набояд фирефтаи он гашт.

Парвина Холикова,
омӯзгори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh