ИЛҲОМ ЁҚУБОВ МАНҚУРТЕСТ, КИ АЗ ОЗОДИИ СУХАН ГАП МЕЗАНАД

Дар нишасти солонаи  Варшава, ки бо ташаббуси САҲА давоми ду сол як маротиба баргузор мегардад, дар қатори дигар хоинони миллат Илҳом Ёқубов  собиқ сарвари ҲНИ дар шаҳри Хуҷанд, ки худро раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ эълон доштааст, низ баромад намуд. Суоли нахустин, ки дар сарам чарх зад, кӣ ва дар куҷо ӯро роҳбари Анҷуман интихоб кард? Аз Осиёи Марказӣ  наздики 10 миллион муҳоҷирон дар хориҷи кишвар иқомат доранд. Миёни онҳо дигар лидер ёфт нашудааст, ки Илҳом Ёқубови кӯрсавод роҳбар  шавад. Сониян, кӣ ба ӯ иҷозат додааст, ки аз номи ҳамин қадар муҳоҷир фикри шахсии худро ба сари миллати мо таҳмил кунад. Ҳол он, ки дар хориҷи кишвар садҳо шахсиятҳои шинохта аз минтақаҳои гуногуни Осиёи Марказӣ кор ва зиндагӣ доранд ва нақши онҳо дар тамаддуни башарӣ бағоят калон аст. Дар қиёс аз «мушкилие», ки Илҳом Ёқубов дар суханрониаш зикр кардааст, мушкилиҳои азими фаромиллӣ пешорӯи муҳоҷирон қарор дорад. Ин ҳам буду бош, пайваст шудани ҷавонони муҳоҷир ба сафи ташкилотҳои террористие, ки маҳз Илҳом ва илҳомбаринҳо дар ин кори «хайр» нақши асосӣ мебозанд.

Худи Илҳом Ёқубов кист ва то кадом андоза ба сухану ҷурналистика иртибот дорад? Ба  ин суол посух он аст, ки ӯ тарбиятдидаи як хонаводаи «зиёӣ»-и шаҳри Хуҷанд аст. Аммо мавҷи «исломпарастӣ» ва суҳбату устоду шогирдӣ бо Муҳиддин Кабирӣ он тарбияе, ки мактабу маориф ба ӯ додааст, бо «хушгӯӣ»- ҳои Кабирӣ ба итмом расиданд. Дар муддати хеле кӯтоҳ ин ҷавони хуҷандӣ, ки шояд зиндагии шоҳонаву лутфу карами беҳудудро дар хоби шабаш медид, аз маблағҳои хоҷагони эронии худ ба бизнеси мошин гузашт ва дар муддати хеле кӯтоҳ карейра намуду ҳам яке аз тоҷирони муваффақ гардид. Ба ном роҳбари ҲНИ дар шаҳри Хуҷанд буду рӯзашро дар кишварҳои Прибалтика мегузаронид. Ҳамчунин, бо маслиҳатҳои устодонаш Наим Самиев (роҳбари ҲНИ дар вилояти Суғд) ва Муҳиддин Кабирӣ мунтазам дар шӯрои машваратии дафтари САҲА дар вилояти Суғд ширкат меварзид. Ӯ дар ин ҷо бо чанде аз рӯзноманигорон ошноӣ пайдо намуда, бо онҳо робитаи мустақим пайдо намуд. Ҳамин тавр ӯ дар арсаи сиёсии шаҳр ва вилоят ном баровард. Бо нишони «ихлос» ба роҳбари рӯҳонии худ бо ҳамроҳии волидону пайвандонаш тарки диёр намуда, алҳол ҳамон тавре, ки гуфтем, ба «мақоми баландпоя»  расид. Акнун меоем ба сари ду «мушкилие»,  ки ӯ дар Варшава аз он бонги изтироб зад. Ӯ ба як ҷумла ҷурналистикаи муосири тоҷикро ба риштаи таҳлил кашид ва иброз дошт, ки дар кишвар озодии сухан нест. Овардани ҳамин рақам кифоя аст, ки ӯ дурӯғ мегӯяд. Дар он шаҳре, ки ӯ ба камол расидааст, ҳафт шабакаи телевизионӣ ва 5 радиои FM фаъолият доранд, ки 6 шабакаи телевизионӣ ва 4 радио хусусӣ мебошад ва ҳар кадоме барои рушди ҷурналистика, ифшои камбудиву норасоиҳо хизмат менамояд. Мо борҳо тариқи телевизонҳо гузоришҳои  таҳлилии рӯзноманигоронро дидаем, ки барои ислоҳи вазъ мусоидат намуд. Ягон фишор аз ҷониби мақомотҳои қудратӣ нест.

Гузашта аз ин,  тибқи муқаррароти Конститутсия давлат ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ, озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор, ҳуқуқи муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ба таҳсил, манзил, ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайраро кафолат додааст. Дар кишвар наздики 350 нашрия фаъолият дорад, ки аз ин шумор наздики 300 нашрияҳо хусусисанд.

Ҳамасола санаи 3 май чун санаи озодии сухан таҷлил шуда, беҳтарин ҷурналистон ба ҷоизаҳои "Эътимод", "Ҷасорати ҷурналистӣ", "Касбияти ҷурналистӣ","Ҳамраъйии касбӣ", "Тадқиқоти ҷурналистӣ" ва Ҷоизаи Пайванд Гулмуродзода соҳиб мешаванд.

Ҳамзамон, соли чорум аст, ки бо мақсади рушди ҳамаи соҳаҳо, ифшои камбудиҳо, таҳлилу баррасии мушкилоти рӯз бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд озмуни «Хомаи созанда» гузаронида мешавад, ки тавассути қалами сеҳрофарини рӯзноманигорон  камбудиҳои ҷомеа ошкор ва масъулияти роҳбарон баланд бардошта мешавад. Баргузории нишасти матбуотӣ низ қадаме ба пеш барои тантанаи озоди сухан аст. Роҳбарон муаззаф ҳастанд, ки ба саволи ҷурналистон посухи воқеӣ диҳанд. Вокуниш нишон додани роҳбарон низ ба ҳукми анъана даромадааст. Аммо Илҳом Ёқубов, ки шояд дар асри 23 парвоз дорад, ин ҳамаро нодида мегирад.

Баҳогузории нафаре, ки аз кӯчаи ҷурналистӣ нагузаштаасту санги маломат ба сари ҷурналистон мезанад, аз рӯи камоли одоб нест.

Аксари нашрияҳои хусусие, ки ба гуфти Илҳом Ёқубов фаъолияташон қатъ шудааст, ба мушкилии молӣ рабт дорад, на ин ки фишору сензура. Тасаввур кунед, ҷаҳони иттилоот торафт доман мекашад. Имрӯз хабаргузории интернетпорталҳо рушд ёфтааст. Ба шакли электронӣ нашр шудани нашрияҳо низ дар мӯд аст. Иқрор ҳам бояд шуд, ки мардум дар қиёс ба газетаҳо бештар ба телевизион таваҷчуҳ доранд, пас муассис маҷбур мешавад, ки фаъолияташро қатъ созад. Тақдири сомонаи Тоҷнюс ва нашрияи «Нигоҳ» ба мушкилии молиявӣ рабт доранд.

Дар мавриди ҷурналист Исмоилов, ки дар ноҳияи Ашт зиндагӣ мекард, ҳаминро гуфтанием, ки ӯ на ба фаъолияти ҷурналистӣ ва озодбаёнӣ, балки барои гирифтани пора ва шантаҷ бо ҳукми суд ба маҳкама кашида шуд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик, 10 марти соли 2012, фаъолияти озоди воситаҳои ахбори оммаро яке аз нишонаҳои асосӣ ва рушди ҷомеаи демократӣ унвон карданд ва гуфтанд, ки «озодии андеша ва назари интиқодӣ ба рӯйдодҳо бисёр камбудиҳоро ошкор менамоянд ва боиси пешравӣ мегарданд». Ба андешаи Президенти кишвар танқид ҳамчун падидаи созанда яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеа мебошад, зеро озодии андеша, назари интиқодӣ ва таҳлилӣ ба далелу рӯйдодҳои ҷомеа боиси ошкор шудани нуқсу камбудиҳо ва ислоҳу пешрафти фаъолияти ин ё он соҳа мегардад. Гузашта аз ин, танқид ҳатто худи инсонҳоро дигар мекунад ва ба рушду камоли онҳо сабаб мешавад. Аммо Сарвари давлат дар идомаи сухан таъкид карданд, ки расонаҳои хабарӣ набояд тамоюли низоъангезӣ, маҳалгароӣ, тафриқаандозӣ, таҳқири шахсиятҳои хизматнишондодаро пеш гиранд ва даъват намуданд, ки ВАО аз чопи маводе худдорӣ намоянд, ки боиси рӯҳафтодагӣ ва навмедии мардум гардида, вазъи ҷомеаро ноором месозанд.

Ба андешаи ман  се омили таъмингари озодии баён мебошад. яъне ҷасорат, касбият ва риояи одобу ахлоқи касбӣ. Маҳз аз дидгоҳи ҳамин рисолат ҷурналист бояд кору фаъолият намояд. 

Илҳом Ёқубовро мебояд пайгири дигар мавзуъ шавад. Вазифаи ҷониву имонии ӯ хизмат кардан ба халқу миллат аст, на бозичаи дасти дигарон шудан.

Абдусабур Абдуваҳҳобов,
сармуҳаррири нашрияи «Меҳвари дониш»-и
ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh