Конфронси САҲА – Минбар ба бӯстонҳои нав?

Аз маводҳои баъзе расонаҳои хабарӣ маълум гашт, ки дар нимаи дуюми моҳи сентябри соли равон дар пойтахти Полша шаҳри Варшава конфронси солонаи Созмони амният (САҲА) ва ҳамкорӣ дар Аврупо таҳти унвони «Оид ба чораҳои татбиқшуда дар самти андозагирии инсонӣ» баргузор мегардад, ки ба он ин дафъа низ фаъолони ТТЭ ҲНИ даъват шудаанд. Бояд қайд кард, ки тамоми аъзоёни САҲА воқифанд, ки моҳи сентябри соли 2015 Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ ҲНИТ-ро ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълон кардааст.

Бар замми ин, аз 57 кишвари аъзои САҲА 13 кишвар инчунин аъзои сохторҳои дигари сиёсӣ ва ҳифзи ҳуқуқи байналмиллалӣ (СМЗТ СҲШ, МЗТ ИДМ, СААД, Интерпол) ТТЭ ҲНИ-ро ташкилоти террорристӣ-экстремистӣ эътироф кардаанд. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки онҳо аз руи стандарти дугона кору фаъолият мебаранд. Гуруҳҳои террористӣ-эксремистиро вобаста аз манфиатҳояшон ба «хуб»-у «бад»- ҷудо мекунанд.

Ҳангоми баромадҳояшон доимо қайд мекунанд, ки мо бояд муборизаро бар зидди чунин гурӯҳҳои зиддиинсонӣ пурзӯр намоем, зеро ки хатари онҳо ба амнияти тамоми кишварҳои ҷаҳон рӯз аз рӯз афзуда истодааст. Лекин мутаассифона гуфтаҳои бисёрии онҳо бо амалашон рост наомада истодааст. Конфронсе, ки бо роҳбарии САҲА дар шаҳри Варшаваи Ҷумҳурии Полша гузаронида мешавад барои боз ҳам паст рафтани обрӯву нуфузи ин ташкилоти байнидавлатӣ мусоидат менамояд, зеро ки вай барои гуруҳи террористӣ-экстремистии дар боло зикршуда имконият дода истодааст, ки баромад намуда, дар бораи мақсадҳои ғаразноки худ ҳарф занад.

Мақсаде, ки гурӯҳи террористӣ-экстремистии ҲНИ пеши худ гузоштааст ба ҳамагон маълум аст, лекин саволе ба миён меояд, ки мақсади асосии САҲА чист? Оё ин созмон метавонад, ки барои пурзӯр намудани амнияти миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мусоидат намояд. Агар ҳа, пас барои чӣ ин созмон вазифаи аввалиндараҷаи худро иҷро накарда, ба чунин амалҳои номатлуб даст зада истодааст? Шояд ҳамин гуна амалҳои номатлуби САҲА буд, ки фаъолияти он дар чунин кишварҳо ба монанди Руссия, Белорусия, Озорбойҷон ва як қатор кишварҳои дигари аъзои ИДМ қатъ карда шуд. Намояндагони ин кишварҳо ба хулоса омаданд, ки аз ҳамкорӣ бо чунин созмони «стандарти дугона» дошта аҳамияте барои давлат ва халқи онҳо нахоҳад дошт. Ин созмон яке аз пунктҳои асосии фаъолияти худро, ки он мубориза бо терроризми байналхалқи аст, иҷро накарда истодааст. Аз ин лиҳоз фаъолияти чунин созмони байналхалқӣ дар ҳудуди кишвари мо низ аҳамияти худро гум карда истодааст.

САҲА яке аз созмонҳои байниҳукуматӣ буда, дар қабули қарорҳои ҷиддӣ мустақил нест, зеро ки вай вобаста ба манфиатҳои баъзе давлатҳои бузурги Аврупо кору фаъолият менамояд. Ин созмонро ҳамчун воситаи расидан ба ҳадафҳои муайян истифода мебаранд.

О. Холдоров, муаллими кафедраи умумидонишгоҳии
сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ 

Add comment


Security code
Refresh