Зоҳираш сулҳу сафо, ботинситез…

Замоне мо, ҷаҳони мо чунон пур аз тазод, мушкилот, муаммову мураккаб гардидааст, ки онро дарк намудан, нисбат ба ҳодисаву падидаҳои хатарафзои он кадом як роҳу равиш ва усули ягонаву қатъӣ ва фарогири ҳалли тамоми масъалаҳоро дарёфт намудан аз имкон берунаст. Дар ин ҷаҳони пуртаззодупур ихтилоф мутаассифона ҳизбу ҳаракатҳо, созмонҳо ва ашхосе вуҷуд доранд, ки ба ҷои ҳалли оқилонаи ин мушкилот кӯшиш менамоянд, ки мақсаду маром, ғояву андеша, афкори муғризона ва нақшаҳои тахрибкоронаи худро ба ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тундравона роҳандозӣ намоянд. Онҳо ба ҳадду дараҷае ба ҳақиқати аслӣ ва ягона будани афкору андеша ва амалҳои худ боварӣ ва эътиқод доранд, ки мехоҳанд ғояву афкор ва андешаҳои ботили худро ба тамоми мардум зӯран бор кунанд, ё ба истилоҳ «бо бозуи оҳанӣ инсониятро ба хушбахтӣ» равона созанд. Чунин амали тундравӣ, ифротгароӣ сабаби ихтилофу ҷудоиандозӣ, душманӣ, нооромӣ ва низоъ дар ҷомеа мегардад ва оқибатҳои фоҷиангез меорад.

Рақобати абарқудратҳо барои ҳимояи манфиатҳои худ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, афзудани нуфуз, таъсири онҳо дар гӯшаҳои гуногуни олам, мубориза барои ба даст овардани сарватҳои табиӣ: нефт, газ, об, канданиҳои фоиданок, захираҳои энергетикӣ сабаби нооромӣ, ҷангу даргириҳои минтақавӣ, афзудани шумораи гурезаҳои иҷборӣ, ба вуҷуд омадани норозигиҳои мардум ва оқибат пайвастани баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мегардад. Абарқудратҳо ҳамон шиори классики «тақсим куну ҳукуматрон»-ро истифода мебаранд, бо табиқи сиёсати духӯра. дар кишварҳои нисбатан кӯчаку сусттараққикарда мухолифини ҳукумат, ҳизбу созмонҳои тақрибкор, ҷудоиандоз ва хиёнаткор ва ҳатто гурӯҳҳои террористию экстремистиро таъсис, таъмин ва тарафдорӣ менамоянд. Мисоли он таъсиси Ҳизби таҳрир, ҳаракати Толибон, ДИИШ ва даҳҳо ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, тундрав мебошанд. Тибқи маълумоти баъзе коршиносон, таҳлилгарон Ҳизби таҳрир зода ва парвардаи яке аз тавонотарин хадамоти ҷосусии ҷаҳон- «Моссад» - Исроил мебошад, ки ғояи бебунёди барқарор сохтани хилофати асри миёнагиро ба пешвоён ва узви ин ҳизб талқин намуда, боиси ихтилоф дар ҷаҳони ислом ва рехтани хуни ҳазорон мусулмонон гаштааст. Ҷунбиши Толибон, ДИИШ ва баъзе дигар ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-ифротӣ дастпарвари хадамоти ҷосусии Амрико ва бархе аз давлатҳои абарқудрат мебошанд.

Абарқудратҳо, хостанд баъзе давлатҳои Ғарб бо мақсади тасарруфи захираҳои нефт, тилло, уран ва дигар маъданҳои зеризаминӣ, фурӯхтани аслиҳаи кӯҳнашудаи худ маблағҳои ҳангуфтро ба даст меоранд, аз ҳисоби муҳоҷирони иҷборӣ қувваи кори арзонро муфт соҳиб мешаванд, хариду фурӯши узвҳои бадани инсон (трансплантатсия)-ро ба тиҷорати сердаромад табдил додаанд, бо баҳонаи кӯмаки башардӯстона, бо ворид сохтани нерӯҳои ҳарбии худ ба хоки давлатҳои мусулмонӣ, аз ҷумла Афғонистон, Сурия, Ироқ сарзамини ин кишварҳоро ба озмоишгоҳи аслиҳаи нави ҳарбӣ, баланд бардоштани маҳорати ҷангии сарбозони худ табдил додаанд ва мардуми бегуноҳи ин кишварҳоро ба хуну хок оғушта намудаанд.

Дар сиёсати бархе аз давлатҳои Ғарб ва созмонҳои байналхалқӣ мо чунин рафтору амали мунофиқона, муғризонаро мушоҳида менамоем.

Аз як ҷониб онҳо исломро дини ифротгароён, тундравон эълон менамоянд, вале аз ҷониби дигар баъзе роҳбарону сарварони ҳизбу ҳаракатҳои диниро зери ҳимояи худ қарор додаанд.

Аллома Иқболи Лоҳурӣ чунин созмонҳое, ки гӯё  ба хотири ҳимояи демократия, ҳуқуқу озодиҳои аҳли башар, сулҳу амният, таъсис дода шудаанду вале дар асл ҳимоятгари сиёсати истисморгарон мебошанд, фош сохта, моро чунин ҳушдор дода буд:

Зоҳираш сулҳу сафо, ботинситез,

Аҳли дилро шишаи дил рез-рез.

Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) яке аз чунин созмонҳоест, ки ҳамчунон аз номаш бар меояд барои таъмини амният ва ҳамкорӣ байни кишварҳои узви ин созмон масъул аст. Мутаассифона баъзе рафтору амалҳои масъулини он ба рисолат ва вазифаи аслии он ҷавобгӯ набуда, дастанкорони он баъзе меъёрҳои қонунгузории байналхалқӣ, созишномаву аҳдномаҳои дар самти таъмини амнияту ҳамкорӣ ба тавсиб расидаро дағалона поймол менамоянд.

Ҳамчунон, ки аз васоити ахбори умум маълумаст, 9-21 сентябри соли равон САҲА дар пойтахти Лаҳистон - шаҳри Варшава конфронси солона баргузор менамояд, ки ба он роҳбари ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ ва аъзои он даъват шудаанд.

Фаъолияти ин ташкилоти террористӣ боқарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси далелҳои раднашаванда аз 29 сентябри соли 2015 қатъ карда шуд.

Дар расонаҳои хабарӣ даҳҳо мақола, мубоҳиса ва мавод оид ба фаъолияти ҷиноятии таъсис диҳандагон, роҳбарон ва аъзои фаъоли он, аз ҷумла, «Аксари қотилони шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон дастпарварони як таълимгоҳанд» («Фараж».-2017.-16 авг.), «Қотилони қатли Сафаралӣ Кенҷаев ошкор ва дастгир шуданд» («Согдийская правда».-2017.-19 авг.), «Шоҳиди зиндаи бедодии ҲНИТ» (Фараж.-2017.-15 нояб.), «Основной телохранителҳ: из командиров в созидатели» («Согдийская правда».-2018.-6 янв.)- «Мазҳаб фурӯшии наҳзатиён» («Ҷумҳурият».-2018.-22 сент.), «Наҳзати хунин» («Фараж».-2018.-1 авг.), наворҳои мустанади «Решаҳои ноаён», «Теракт-1996», «Садоқати ризолатпӯш», «Бозгашт аз ҷаҳаннам» ва ғайра аз забони шоҳидони бевоситаи ҷиноятҳои ТТЭ ҲНИ интишор гардиданд, ки амалҳои ҷинояткоронаи сарварон, хоҷагон ва узви фаъоли ин созмони террористиро ошкор месозад.

Суоле матраҳ мегардад, ки оё САҲА чун созмони байналхалқӣ истиқлолият, шаъну эътибори Тоҷикистонро эҳтиром менамояд ё не? Барои масъулини ин созмон боз кадом далел, ҳуҷҷат лозим аст? Баъзан барои хурдтарин қонун поймолкунӣ ин созмон чунон ҳангомаю ғул ғула мебардоранд. Аммо он далелу бурҳони қотеъ, ки ҷониби Тоҷикистон ба САҲА ва дигар созмонҳои байналхалқӣ оид ба фаъолияти ҷиноятии ТТЭ ҲНИ ва сарварони он пешниҳод намудааст, ба назари «ҳомиёни» демократия, озодӣ нокифоя аст.

Аз ин рӯ ҷониби Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки Намояндагӣ ва ниҳодҳои САҲА, ки давлати моро эҳтиром намекунанд ва нафароне, ки душманони истиқлолияти мо мебошанд, ба Ватан, миллат, дину мазҳаби худ хиёнат кардаанд, бандад. Ба назар мерасад, ки САҲА созмони мустақил нест ва бо доллару риёлҳои кишварҳои бегона фаъолият мебарад.

Ҷомеаи Тоҷикистон чунин рафтори дастанкорони САҲА-ро шадидан маҳкум менамоянд ва фаъолияти намояндагии САҲА-ро дар Тоҷикистон нораво меҳисобад.

Иброҳим Ҷабборов,
номзади илмҳои таърих, дотсент,
декани факултети таърих ва ҳуқуқи
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,
Шавкат Шарипов -
номзади илмҳои таърих,
дотсенти донишгоҳ

Add comment


Security code
Refresh