АМАЛҲОИ ТТЭ ҲНИ – САЗОВОРИ НАФРИНИ ҶОМЕА

Яке аз масъалаҳои  ташвишовари  ҷомеаи ҷаҳонӣ ин густариши равияҳои террористӣ ва экстремистии динӣ мебошад. ҲНИ  аз қабили ниҳодҳое  мебошад, ки нооромиро ба вуҷуд оварда барои тира кардани фазои ороми ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзад.

М.Кабирӣ ва ташкилоти фаъолияташ мамнуъи ҲНИ боз ҷомеаро ба иғво кашида, ҷавононро ба ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ ҷалб менамояд.  Имрӯз косаи сабри ҷомеа пур гардидааст, ки нишонаи онро мо дар амали Гулчеҳра Шодмонова - модари гумонбари ташкили ҳамла ба туристони хориҷӣ Ҳусейн Абдусамадов мушоҳида менамоем.

Хабарнигори радиои «Озодӣ» аз назди дафтари САҲА дар шаҳри Душанбе субҳи 7 сентябр хабар дод, ки Г.Шодмонова бо нишони эътироз аз ширкати раиси ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ дар нишасти ҳуқуқи башари САҲА дар Варшава ба сараш моеи монанд ба бензин рехт. Хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, ин саҳнаро баъди он мушоҳида кардааст, ки даҳҳо нафар бо шиорҳои маҳкумкунандаи ҲНИ ва раҳбари ин созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, инчунин навиштаҷоти мисли “Нест бод терроризм” дар назди дафтари САҲА таҷаммӯъ карданд. Лаҳзае, ки полис барои пароканда кардани ин нафарон омаданд, Гулчеҳра Шодмонова дар ҳолати эҳсосот ва асабонияти зиёд гуфт, ки САҲА ба Кабирӣ минбар медиҳад ва ин одам дар гумроҳ кардани писари ӯ, ки дар ташкили амали террористӣ дар Данғара гумонбар мешавад, гунаҳгор аст.

Иштироки Муҳиддин Кабирӣ дар баъзе  чорабиниҳои байналмилалӣ ба мисли САҲА ба ҷуз аз русиёҳии худу ҳаммаслаконаш дигар чизеро ба бор оварда натавонист.

Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали давлатдории миллӣ ҳама гуна зуҳуроти террористӣ ва экстремистиро қотеъона маҳкум менамояд.

Аз ин рӯ, барои ҳимоя ва ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими амну суботи сиёсии кишвар ва рушди рӯзафзуни ҷомеа  моро лозим аст, ки баҳри бартараф кардани тамоми омилҳои низангез дар ҷомеаи худ саъйу талош варзем.  Нагузорем, ки чунин ташкилотҳои террористӣ - экстремистӣ ва гурӯҳҳои ифротгаро амнияту пешрафти  ҷомеаро халалдор намоянд. Ҷавононро  ба он даъват менамоем, ки ба ғояҳои бардурӯғ ва иғвоангези ин гуна  равияҳо  дода нашуда, баҳри пешбурд ва равнақи кишвари азизамон тавассути донишу малакаи қавии худ саҳм гузоранд.

М.Шарипова,
омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ

Add comment


Security code
Refresh