Изҳороти ҷомеаи меҳнатии Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон нисбати иштироки ТТЭ ҲНИ дар ҷаласаи ифтитоҳии анҷумани САҲА

Мо ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони ДКМТ  суханронии роҳбари ҳайати Тоҷикистон –муовини авали вазири корҳои хориҷии кишвар Низомиддин Зоҳидзодаро дар анҷумани Созмони амният ва ҳамкории Аврупо мутолиа намуда, онро пурра ҷонибдорӣ менамоем. Роҳбари ҳайати вакилони Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидзода ин созмонро воқеан ҳам, дуруст айбдор мекунад, ки чаро ТТЭ ҲНИ, ки ҳамчун ҳизби террорист ва манъшуда шинохта шудааст, дар ҷаласаи созмон ширкат меварзад. Илова бар ин, роҳбари ҳайати вакилони Тоҷикистон дар суханрониаш хеле бамаврид  қайд мекунад, ки ифротгароҳоро ба худиву бегона ҷудо кардан андешаи нодуруст аст. Зеро мо хуб медонем, ки террорист миллат, мазҳаб, сарҳад надорад. Вақте ки чунин аст, чӣ тавр метавон онҳоро ба худиву бегона ҷудо кард, бинобар ин террорист –террорист аст. Мо зиёин низ талаб менамоем, ки ТТЭ ҲНИ набояд ба чунин нишастҳо раҳ ёбад!

Ҷомеаи меҳнатии донишкада ба андешаҳои ботили ТТЭ ҲНИ дар анҷуман эътироз баён менамояд. Суханони раиси ТТЭ ҲНИ «дар кишвари мо то ҳол ҷараёни зидди истиқлолият ҳукмронӣ мекунад» як сафсатаи хушку холӣ мебошад. Зеро ҳукумат кишвар барои ҳифзи Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ ва истиқлолият мубориза мебарад.

Инчунин Кабирӣ дар суханрониаш борҳо истилоҳи «инсони мустақил»-ро истифода бурда, таъкид намудааст, ки маънии асосии истиқлолро бояд шахси мустақил ташкил диҳад. Ба ин «ҳикмат»-и ӯ мо посух медиҳем, ки ҳуқуқу озодиҳои  шаҳрванди Тоҷикистон дар Конситутсияи соли 1994 ифода ёфтааст, ки он яке аз демократитарин конситутсияҳои дунё мебошад.  Мо мардуми кишвар  инсонҳои озоду мустақил будем, ки дар зарфи 27 соли истиқлолият ба истиқлолияти энергетикӣ соҳиб гардида, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфтем. Амнияти озуқавориро      таъмин намудем. Инчунин раиси ТТЭ ҲНИ дар анчуман пешниҳод намудааст, ки созмоне бо номи «Паймони миллӣ» таъсис дода мешавад. Маънии ин иттиҳод маълум аст, яъне мехоҳад боз ҲНИ-ро ҳамчун ташкилоти террористӣ бо номи нав созмон диҳад.

Имрӯз ҷомеаи мо ба чунин созмону паймонҳо ҳеҷ гуна ниёз надорад.

Хайъати профессорону
омӯзгорон ва кормандони ДКМТ

Add comment


Security code
Refresh