БАХШИДАНИ ГУНОҲИ ҲАМДИГАР НИШОНИ ҶАВОНМАРДИСТ!

Дар шароити муосири ҷаҳонӣ ҷангу низоъҳои дохилӣ ва байни гурӯҳҳои сиёсӣ бар манфиати ягон кишвар набуда, иттиҳоду ягонагӣ ва зери ҳадафҳои олӣ ба мисли боло бурдани обрӯву эътибори кишвар, рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ҷамъ шудан, давлатро тавонову нерӯманд мегардонад.

Аз рӯи ҳамин мантиқ ва давлати Тоҷикистон хатову гуноҳи мухолифин, роҳбарият, аъзоён ва размандагони ҳизби наҳзатро бахшида, Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ бо орзуҳои фардои дурахшони мардуми шарифи кишвар ба имзо расониданд.

Имрӯз низ баъди он қадар бадгӯиву амалҳои террористие, ки баъзе аз намояндагони ҳизби наҳзат содир намуд, боз тибқи моддаи 307 қисми 3-и Кодекси ҷиноятӣ шахсони ба гурӯҳҳои террористӣ шомил буда, пас аз баргаштан ба Ватан ҳукумат гуноҳҳои онҳоро бахшида истодааст.

Дар ҳақиқат бахшидани гуноҳ ва пӯшидани айби ҳамдигар аз нишонаҳои ҷавонмардист. Танҳо мардони ҳақиқӣ ва асил ин корро карда метавонанду бас. Ба андешаи мо, ин барои онҳое, ки бо сарварии Муҳиддин Кабирӣ дар кишварҳои Аврупоӣ ва дар дигар давлатҳо қарор доранд ва шабу рӯз ба бадномкуниву паст задани номи миллат ва давлати Тоҷикистон машғул ҳастанд, имконияти бисёр хуб ва шанси таърихӣ мебошад. Аз он, ки ба ин корҳо машғул шуда, берун аз Ватан номи сарзамини тоҷикон ва миллатро паст зананд, ба Тоҷикистон баргашта, он нерӯву тавоноии худро ба ободкориву созандагӣ равона намоянд.

ҳизби наҳзат ҳамаи хатои худро дуруст дарк карда, имрӯз ба ҷои беасос хондани демократия дар Тоҷикистон ва нофаъол хондани низоми судии кишвар дар фикри созандагӣ ва боло бурдани нуфузи кишвар дар ҷаҳон бошанд.

Мо дида истодаем, ки дар ободии Тоҷикистон киҳо хизмат карда истодаанд. Мардуми кишвар дар давраи истиқлолият чӣ қадар корҳои муҳиму азимро анҷом доданд. Шумо ба шароити солҳои аввали истиқлолият назар андозед ва онро бо ҳолати имрӯзаи иҷтимоиву иқтисодии мардум муқоиса намоед. Зиндагии мардум хеле беҳтар шуда, обрӯву эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боло рафт. Чор ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи оби тоза аз ҷониби кишварҳои олам дастгирӣ ёфта, Тоҷикистон яке аз ҷумҳуриҳои соҳибмақом дар ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ эътироф карда шуд. Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 - 2028», яъне дар зарфи даҳ соли оянда тамоми чорабиниҳо бо номи Тоҷикистон тавъам пайваст буда, боз ҳам миллати тоҷик ҳамчун мардуми созанда дар арсаҳои гуногун муаррифӣ мегардад.

Савол ба миён меояд, ки намояндагони наҳзат дар ин давра кадом корҳои созандагиро анҷом доданд? Кадом мушкилоти мардумро сабук намуданд? Агар корҳои муфидро анҷом медоданд, мардум ба некӣ аз онҳо ёд мекард. Вале, мо аз барномаҳои телевизионӣ ва филми «Бозгашт аз ҷаҳаннам» аз гуфтаи яке аз фаъолони ҳизб Мулло Айёмиддин огоҳ шудем, ки намояндагони ин ҳизби террористӣ чанд амали тахрибкориро анҷом додаанду ва боз дар оянда нақшаҳои ноором кардани кишварро доранд. Магар ҳамин нишонаи ватандӯстӣ ва миллатдӯстии шахсро нишон медиҳад? Оё танҳо бо сухан Ватанро обод карда мешавад? Ба андешаи мо, барои исботи ватандӯстӣ бояд корҳоеро анҷом дод, ки амалан зиндагии мардумро беҳтар намояд ва шароити мавҷуда аз будаш боз ҳам беҳтар гардад. Бо миллати тоҷик ва давлату ҳукуматро бадном кардан чизе тағйир намеёбад ва шахс, ҳатто, ватандӯст ҳам намешавад. Магар ин бадномкунӣ нишонае аз бадномкунии худи шахс нест. Агар шахс миллату давлати дигарро бо иҷрои кадом як амали бадаш таҳқиру бадномӣ намояд, онро фаҳмидан мумкин аст. Аммо, вақте мебинем, як тоҷик берун аз Ватан истода, миллату давлати худро бадном мекунад ва шаъну номи ҳукумати расмиро паст мезанад, инро чӣ тавр фаҳмидан мумкин аст.

Ба андешаи мо, вақте имрӯз давлату ҳукумат гуноҳи шахсони дар гурӯҳҳои террористӣ шомил бударо, яъне намояндагони наҳзатро, ки бо хоҳиши худашон бо пушаймонӣ ба Тоҷикистон бармегарданд, бахшида истодааст, ки он далели ҷавонмардиро нишон медиҳад. Чуноне ки мегӯянд, «одамӣ аз дӯстӣ ёбад бахт». Берун аз кишвар истода, бадном кардани миллат бар манфиате кор нахоҳад буд. Балки бахшидани гуноҳи ҳамдигар ва баргаштан ба Ватан ва сарҷамъ талош намудан барои ободии кишвар метавонад ба пешравии Тоҷикистон ва беҳтар шудани шароити зиндагии мардум мусоидат менамояд.

Шӯҳрат Саидзода,
дотсентиДонишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh